Вакилони МН ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи шаҳру навоҳии Кӯлоб музди маоши панҷрӯзаи худро ирсол намуданд

21 Май 2021, Ҷумъа

Дар партави ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон ва хизматчиёни давлатии дастгоҳи  ин мақоми олии қонунбарор ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳру навоҳии Кӯлоб кумак расонида, ба сандуқи хайрия музди маоши панҷрӯзаи худро ирсол намуданд.

Ин маблағ барои бунёди ду хонаи нав кифоят мекунад.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 11 май дар натиҷаи омадани сел  дар шаҳри Кӯлоб даҳҳо манзили истиқоматии сокинони шаҳр, роҳҳои мошингард, иншооти маданию хизматрасонӣ ва маишии шаҳр зарар диданд.

Илова кунед