Мулоқоти вакилон дар реҷаи фосилавӣ баргузор гардид

21 Май 2021, Ҷумъа

Имрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода ва вакили мардумӣ Зоир Раҳмонзода дар кори Шӯрои коршиносони соҳаи тандурустии Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустакил  ва иҷлосияи шонздаҳуми Ассамблеяи Байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар реҷаи фосилавӣ (он-лайн) дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Иштирокчиёни ҷаласаҳои мазкур дар рӯзномаи кори худ масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумла  «Эволютсияи биоэтика. Тадқиқоти клиникӣ ва арзёбии технологияи саломатӣ, мушкилоти ҷорӣ», «Масъалаҳои ахлоқӣ дар тиҷорати дорусозии ҷаҳонӣ»,  «Системаи таснифоти байналмилалӣ ҳамчун заминаи ҳалли саривақтӣ ва муносиби масъалаҳои биоэтикӣ. «Таснифоти байналмилалии фаъолият, маъюбон ва саломатӣ асоси ташкили системаи барқарорсозии ҳамаҷонибаи маъюбон», «Дар бораи ташаббусҳои қонунгузории ҷавонон ва лоиҳаҳои давлатӣ дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи натиҷаҳои видеоконфронси байналмилалӣ "Ҷавонон зидди ситоиши нацизм", «Дар бораи лоиҳаи консепсияи Тавсияҳо "Дар бораи чораҳо оид ба муайян ва дастгирии кӯдакон ва ҷавонони боистеъдод", «Дар бораи ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонон мутобиқи қарорҳои мақомоти ИДМ, ки солҳои 2020-2021 қабул шудаанд» мавриди баррасӣ қарор доданд.

Намояндагони парлумони Тоҷикистон таваҷҷӯҳро ба мушкилоти экологии замони мо ҷалб карда, таъкид намуданд, ки : «Аз сабаби сарбории аз ҳад зиёди антропогенӣ, манзараҳои табиӣ тағир меёбанд, мушкилоти ҳифзи гуногунии биологӣ меафзояд. Афзоиши офатҳои табиӣ, ки асосан бо мушкилоти тағирёбии иқлим, буридани системавии ҷангалҳои осебпазир ва барқароршаванда, рушди иқтисодии нишебиҳои кӯҳ алоқаманданд, нигаронии махсус доранд ».
Вакилони парлумон ҳамчунин ба ҳамкасбони худ дар бораи чораҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соҳаи ҳифзи муҳити зист маълумот дода иброз намуданд, ки бисёр қонунҳои дар ин соҳа қабулшуда: «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи минтақаҳои махсуси ҳифзшаванда», «Дар бораи аудити экологӣ» , "Дар бораи иттилооти экологӣ" ва дигарон - бо назардошти ташаббусҳои қонунгузории ҷавонон таҳия карда шуданд.
Иштирокчиёни ҷаласаҳои мазкур дар фарҷом аз рӯи  масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Илова кунед