Истиқбол аз Истиқлол

25 Май 2021, Сешанбе

Аҳамияти таърихии истиқлолияти давлатӣ дар ташаккул ва рушди иқтисодиёти миллӣ

Соли ҷорӣ ба рӯйдоди таърихии кишварамон, ки он боиси сарҷамъии миллат ва пойдории давлати тоҷикон гардид, яъне ба соҳибистиқлолии ватани маҳбубамон 30-сол пур мешавад. Шукри он мекунем, ки сулҳу амният дар мамлакатамон пойдор аст, ваҳдати миллӣ ва фазои боварию эътимоди кулли шаҳрвандони Тоҷикистон торафт таҳким меёбад, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллии мардум боло меравад. Халқи тоҷик таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба ҷаҳониён исбот намояд, ки вай миллати куҳан ва дорои фарҳанги бою қадима мебошад.

Сарвари давлатамон дар яке аз баромадҳояшон вобаста ба солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти соҳибистиқлолиро барои кишвари азиз хеле возеҳу равшан ифода намудаанд: «Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба халқу мамлакати мо қувваи тавоное бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду озод фароҳам овард ва имрӯз мо дилпурона метавонем гӯем, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид».

Дар ҳақиқат маҳз бо файзу баракоти Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии осоишта марҳила ба марҳила ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат муназзаму босубот роҳ ба сӯи рушду нумӯъ гирифтаанд ва дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар пешравиҳою пирузиҳо назаррасанд.

Агар ба умқи давлатдории тоҷикон аз равзанаи таърих нигоҳ кунем, аён мегардад, ки асолату ҷавҳари ватандории миллӣ аз замони давлатдории шоҳ Исмоили Сомонӣ манша мегирад. Таҷрибаи умурии давлатдории 1100 сол пешинаи аҷдодони номвари тоҷикро имрӯз аксари давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон чун низоми шаффоф ва одилона дар сиёсати давлатиашон истифода мебаранд.

Асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ ба ҷонибдории оммаи халқ такя намуда, бо роҳи як қатор ислоҳот тадбирҳои зарурӣ андешид, аввалин бор тамоми сарзаминҳои тоҷиконро мутаҳид намуд ва барои таъмини истиқлолияти мамлакат, ҳокимияти мутамаркази тавоно дар сарзамини Хуросон барои баланд бардоштани мақоми Бухоро, ҳамчун маркази давлати марказонидашудаи тоҷикон, инчунин барои таъмини бехатарии давлат, рушди иқтисодиёт, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии мардуми аҳолинишин, ташкили дастгоҳи марказии давлатӣ ва артиш амалҳои солеҳро роҳандозӣ намуд.

Пас аз ҳазор соли шикастанҳову бастанҳо Тоҷикистон Истиқлоли давлатиро ба даст овард.

Воқеан, дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX дар иттифоқи шўравӣ падидаю ҳодисаҳои сиёсӣ босуръат тағйир ёфт ва барои ҷумҳуриҳои иттифоқии ин давлати абарқудрат як давраи ғайричашмдошти инкишофи таърихӣ буд. Воқеаҳое, ки моҳи августи соли 1991 ба вуқўъ пайвастанд, оғози вопасини давлати шўравӣ гардид. Ин тамоюли замон зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Эъломияи соли 1990 пеш овард ва иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипҳои фаъолияти он дар шароити дигаргуниҳои бунёдӣ дар иттифоқи шӯравӣ махсусан шадид гаштанд. Ислоҳоти М.Горбачёв ва бад шудани вазъи сиёсӣ ба он оварда расонид, ки ҷумҳуриҳои иттифоқи шўравӣ пас аз эълони истиқлолияти давлатии худ эъломияҳо қабул карданд. Дар фазои пасошӯравӣ бо қабули эъломияҳои истиқлолият аз ҷониби ҷумҳуриҳо ва ташаккули Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, раванди ташаккулёбии иқтисодиёти миллии давлатҳои соҳибистиқлол оғоз ёфт.

Аз диди ҳуқуқи конститутсионии муосир истиқлолияти давлатӣ сарчашмаи худро аз соҳибихтиёрии давлатӣ мегирад. Соҳибихтиёрии давлатӣ як навъи соҳибихтиёрии умумист. Тавре, ки олимону муҳақиқон муайян намудаанд: “Соҳибихтиёрии давлатӣ – волоият ва мустақилияти ҳокимияти давлатӣ дар дохил ва муносибатҳои хориҷи кишвар мебошад” (Холиқзода А.Ғ. Андешаи давлати миллӣ, -Душанбе, «Эр-граф», 2013.- С. 97).

Соҳибихтиёрии давлати мо дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардида, нишонаи муҳимми давлатамон мебошад. “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”. Соҳибихтиёрии давлатӣ ба соҳибихтиёрии сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дохилию хориҷӣ тақсим мешавад.

Ба андешаи мо, мафҳуми Истиқлолияти давлатиро аз нигоҳи иқтисодӣ чунин шарҳ додан мумкин аст. Соҳибихтиёрии иқтисодӣ – низоми ягона ва мустақили иқтисодиёти давлат дар самти муайян намудани ҳадафҳои олии стратегӣ, роҳандозӣ дар амал татбиқ намудани стратегияхо, консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷии иқтисодӣ баҳри таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад.

Заминаҳои ташаккули иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарти асосии ташаккули иқтисодиёти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ислоҳоти низоми идоракунии давлатии иқтисодиёти миллӣ буд. Иқтисодиёти миллӣ иқтисодиёти давлати соҳибихтиёр буда, маҷмӯи омилҳои дохилӣ ва беруна, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва хусусиятҳои ба таври объективӣ муайяншудаи қонуниятҳои умумии рушди иқтисодиро дар бар мегирад. Воқеан ҳам, заминаи сиёсии ташаккули иқтисодиёти миллии Тоҷикистон қабули Эъломияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Истиқлоли давлатӣ буд.

Ин пирӯзии таърихии халқи тоҷик, ки баъди ҳазор сол давлатдории миллии моро эҳё намуд, ба шарофати иродаи қавӣ ва заҳмату талошҳои пайопайи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва пешрафти минбаъдаи кишварамон дар фосилаи кутоҳи таърихӣ амалӣ гардиданд. Пояҳои давлати тозаистиқлол мустаҳкам гардида, стратегияю барномаҳои иқтисодиёти миллӣ бо назардошти ташаккули иқтисодиёти бозоргонӣ дар доираи ҳадафҳо ва самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, татбиқи он шурӯъ гардид, ки сарчашмаи дастовардҳои арзишманди халқи тоҷик дар ҷодаи созандагиву бунёдкорӣ маҳсуб меёбад.

Даврони саодатофарин ва раванди ваҳдати сиёсии тоҷикон бо фаъолияти арзишманди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар солҳои барои мардуми тоҷик вазнин ба арсаи сиёсат омаданд ва дар муддати кӯтоҳи таърихӣ Пешвои миллат ва Пешвои тамоми тоҷикони ҷаҳон эътироф гардиданд, вобаста мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали фаъолияташон шоҳроҳи рушди иқтисодии Тоҷикистонро муайян намуданд ва ногузир будани иқтисодииёти бозоргониро таъкид намуданд. Рушди устувори иқтисоди миллӣ ва афзоиши босуръати ташаккули симои нави иқтисодиёти кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки раванди таҳаввулоти бозорӣ дар Тоҷикистон бебозгашт мебошад.

Шарти аввалини ташаккули иқтисодиёти миллӣ таҳаввулоти сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Эъломия бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ барои тақдири халқи тоҷик ва давлати миллии он 24 августи соли 1990 дар сессияи дуюми Совети Олии РСС Тоҷикистон даъвати дувозадҳум қабул карда шуд. Дар ин санади таърихӣ бо назардошти ҳуқуқи дахлнопазирии ҳар як халқ дар таъини сарнавишти худ, бо эътирофи иттиҳоду озодӣ ва баробарҳуқуқии миллатҳои советӣ дар ҳайати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ, бо таъкиди эҳтиром ба шаъну эътибор ва ҳуқуқҳои намояндагони ҳамаи сокинони ҶШС Тоҷикистон, ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як инсон, Истиқлоли давлатии ҶШС Тоҷикистонро ботантана эълон намуда, изҳор дошт, ки давлати демократии ҳуқуқбунёд барпо хоҳад кард (Эъломияи Истиқлолияти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон), инъикос гардида буд.

9 сентябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирифта, дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд (Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, №18, мод.239). Қабул гардидани ин ду санади тарихӣ зарурияти ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш овард ва имкон дод, ки Ҳукумати кишвар дар оғози марҳилаи гузариш нисбати таҳияи барномаҳои мақсадноки давлатӣ бо тадбирҳои мушаххас оид ба ташаккули муносибатҳои бозорӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Шарти дуввуми ташаккули иқтисодиёти миллӣ - ин баргузории сессияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 буд, ки барои барқароркунии сохтори конститутсионӣ заминаи асосӣ гузошт ва ташаккули сохтори нави амудӣ ва уфуқии идоракунии давлатии ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои иқтисоди бозаргониро пеш овард. Таҳия ва қабули Конститутсия бузургтарин воқеаест, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба вуқуъ пайваст ва дигаргуниҳои навтаринро дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар амалӣ намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, сохти президентии идораи кишварро ба ҳукми қонуният даровард ва халқи Тоҷикистон боварии худро ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, ӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд.

Шарти сеюми ташаккули иқтисодиёти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозии иқтисодӣ, пеш аз ҳама милликунонии амволи корхонаҳои дар ҳудуди ҷумҳурӣ воқеъбуда буд. Дар даврони шӯравӣ азбаски дар доираи ҳуқуқӣ салоҳияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар идоракунии соҳаи иқтисодиёт танҳо ба корхонаҳо, ташкилотҳо, вазоратҳо ва идораҳои ҷумҳуриявӣ маҳдуд буд, бинобар ин, иқтисодиёти давраи шӯравӣ дар Тоҷикистон иқтисодиёти миллӣ набуд.

Дар шароити иқтисодиёти шӯравӣ корхонаҳои мошинсозӣ ва коркарди филизӣ, сӯзишворӣ, кимиёӣ, энергетика ва металлургияи ранга корхонаҳои тобеи иттифоқи шӯравӣ буданд. Инчунин, аксарияти корхонаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, сарфи назар аз он, ки онҳо корхонаҳои тобеи иттифоқиву ҷумҳуриявӣ номида мешуданд, воқеан тобеи иттифоқи шӯравӣ буданд. Таҳти салоҳияти Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон танҳо корхонаҳои саноатии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ қарор доштанд, ки ҳиссаи онҳо дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ аз 15 фоиз зиёд набуд.

Тавре, дар моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин навишта шудааст: "Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад", ҳамзамон, аз ҷониби Парлумони кишвар ҳамчун моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидани корхонаҳои давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, низоми алоқа, нақлиёт, захираҳои табиӣ ва олами ҳайвонот асоси иқтисодии ташаккули иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил намуд.

Шарти чоруми ташаккули иқтисодиёти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти институтсионалӣ, яъне ташкили заминаи қонунгузорӣ, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ танзим менамояд, ба ҳисоб мерафт. Дар моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳама шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад». Дар шароити гузариш ба муносибатҳои бозаргонӣ бо мақсади таъмини фаъолияти мӯътадили иқтисодиёти ҷумҳурӣ, як қатор қонунҳо, аз ҷумла Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он барои танзими муносибатҳои амволӣ, шаклҳои ташкилию ҳуқуқии идоракунӣ, равандҳои тақсимот, истеъмол ва ҷамъоварӣ равона гардидааст.

Шарти панҷуми ташаккули иқтисодиёти миллӣ аввалин бор дар таърихи сиёсии кишвар ҳамаҷониба муқаррар ва мушаххас сохтани  мақоми парламент дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардид. 26 феврали соли 1995 интихобот ба даъвати якуми Маҷлиси Олӣ баргузор гардид ва парламенти даврони соҳибистиқлолӣ ба фаъолият шурӯ намуд. Тибқи райпурсӣ 26 сентябри соли 1999 як силсила тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, ки мутобиқи он аввалин бор дар таърихи сиёсии кишвар парламенти думаҷлисаи доимоамалкунандаи касбӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. 27 феврали соли 2000 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, 27 марти ҳамон сол вакилон ба фаъолияти қонунгузорӣ ва намояндагӣ шурӯъ намуданд.

Воқеан, дар қатори беҳтарин дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси Маҷлиси Олӣ дар мамлакат, ҳамчун мақоми олии қонунгузор ва намояндагӣ дар пешрафту густариши раванди демократикунонии ҷомеа, дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ нақши муассир ва созанда дорад. Асосҳои ташкилӣ ва фаъолияти нави Маҷлиси Олӣ барои рушду нумӯи парламентаризми миллӣ, бунёди низоми ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявию ягона, инчунин инкишофу рушди минбаъдаи кишвар замина асосӣ гузошт.

Шарти шашуми ташаккули иқтисодиёти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон далели он буд, ки пас аз пошхӯрии ИҶШС ва ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Тоҷикистони соҳибистиқлол худро дар муносибатҳои байналмилалӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ намуд ва узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид, Хазинаи Байналмилалии Асъор ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Дар моддаи 15-и Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатиҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар алоқаҳо барқарор менамоянд, бо онҳо мубодилаи намоядагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад”. Дар натиҷа, Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро мутобиқи манфиатҳои миллӣ дар асоси меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба роҳ монда, ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ, субъекти воқеии муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла иқтисодиёти ҷаҳонӣ гардида, дар пешрафти ҳаёти ҷомеаи башарӣ ва дар ташаккули иқтисодиёти кушоди миллӣ дар ҷумҳурӣ саҳм мегузорад.

Шарти ҳафтуми ташаккул ва рушди иқтисодиёти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асоси ҳамаи музаффариятҳо дар Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи 27 июни соли 1997 имкон дод, ки сулҳу оромӣ дар тамоми ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол таъмин карда шуда, низоъҳои мусаллаҳона хотима ёбанд. Аз ин баъд, бинобар то андозае ба эътидол омадани вазъи сиёсии кишвар ва оғоз намудани ислоҳоти иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт соли 1997 нахустин бор дар давраи соҳибистиқлолӣ афзоиши Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 1996 дар ҳаҷми 1,7 фоиз ба қайд гирифта шуд. Минбаъд, раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва дар ин замина рушду нумўи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ идома ёфта, аз соли 2000-ум иқтисоди миллӣ батадриҷ рушд менамояд.

 Хусусиятҳои иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон хусусиятҳои объективии фаъолияти низоми иқтисодии миллиро як қатор омилҳои доимоамалкунанда муайян мекунанд. Тоҷикистон дар Ҷанубу Шарқии Осиёи Миёна ҷойгир шудааст. Хусусияти ҷуғрофӣ дар он аст, ки масоҳати умумии ҷумҳуриро 142,6 ҳазор км мураббаъ ташкил дода, ҳудуди Тоҷикистонро 93 фоиз кӯҳҳо ишғол мекунанд, ки баландии мутлақи куҳҳо аз 300 то ба 7495 метр мерасад ва аз мавҷудияти боигариҳои бузурги маъданиву ғайримаъданӣ ва имкониятҳои васеъи рушди иқтисодиёти куҳӣ шаҳодат медиҳанд. Қариб нисфи ҳудуди кишварамон дар баландии зиёда аз 3000 м ҷойгир аст. Ин хусусият, пеш аз ҳама, имкониятҳои рушди экстенсивии соҳаи кишоварзӣ ва дуюм, зарурати ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодиро дар асоси истифодаи васеъи захираҳои табиӣ барои рушди соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла туризми дохилию хориҷӣ муайян месозад.

Илова бар ин, иқлими Тоҷикистон бо мавҷудият ва муддати тӯлонии нури офтоб, ки аз 280 то 300 рӯз дар як сол идома меёбад, имкон медиҳад, дар кишвар 2-3 маротиба ҳосил гирифта шавад. Энергияи офтобӣ дар мамлакат ҳамчун сарчашмаи аз рӯи аҳамият дуюмдараҷаи энергияи барқароршаванда дар қиёс бо кишварҳои пешқадами Аврупо, ки энергияи офтобиро васеъ истифода мебаранд, ду маротиба зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, хусусиятҳои табиӣ ва иқлимии мамлакат пеш аз ҳама таъсири омилҳои дар боло зикргардида, хусусиятҳои ташаккули сохтори соҳавии иқтисодиёти миллӣ ва пеш аз ҳама истеҳсоли маҳсулоти саноатиро муайян менамояд.

Захираҳои табии Тоҷикистон

Сарзамини Тоҷикистон дорои захираҳои азими гидроэнергетикӣ, маъданҳои зиёд ва канданиҳои фоиданоку гаронбаҳо мебошад. Табиист, ки чунин хусусият дар таъминоти ҷумҳурӣ бо захираҳои табиӣ ҳалли мушкили рушди қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии моддии аҳолии кишварро бо роҳи истифодаи ҳадди аксари захираҳои гидроэнергетикӣ муайян менамояд.

Дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 600 канданиҳои фоиданок бо 60 намуди ашёи хоми маъданӣ кашф гардида, тақрибан нисфи он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи баъзе намудҳои конҳои маъдан дар ҷаҳон мавқеи пешқадамро ишғол менамояд. Конҳои тиллою нуқра, руҳ, сурма, волфрам ва металлҳои нодир низ назаррас мебошад. Ҳамзамон конҳои сангҳои ороишию қиматбаҳо ва сохтмонӣ зиёданд, ки барои рушди истеҳсол ва содироти маҳсулоти ҷавоҳиротӣ ва сохтмонӣ замина мегузоранд. Обҳои маъдании шифобахш ва нушокӣ қариб дар ҳамаи мавзеъҳои ҳудуди кишварамон вомехурад.

Аз ҷиҳати захираҳои об Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҷои намоёнро ишғол менамояд. Манбаи асосии об пиряхҳо буда, низоми бузургтаринии пиряхҳо дар Помир мебошад. Дар Помир 1085 пирях ба қайд гирифта шуда, масоҳати яхбандии он ба 8041 км мураббаъ мерасад. Инчунин кишварамон аз кулҳо бой мебошад, ки сатҳи обии онҳо 1005 км мураббаъро ишғол менамояд. Тоҷикистон дорои захираҳои бою ғанӣ барои рушди иқтисодиёти “сабз” мебошад. Дар Тоҷикистон истеҳсоли 98 фоизи нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол карда мешаванд. Инчунин кишварамон дорои иқтидори истеҳсоли 527млрд квт/соат қувваи барқ дар як сол мебошад ва айни замон ҳамагӣ 6 фоизи ин иқтидорҳо аз худ карда шудаанд.

Дар соҳаи энергетика ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар 7 соли охир, яъне солҳои 2013-2019 — ум 1,3 баробар (аз 16 миллиард ба зиёда аз 20 миллиард киловатт — соат) афзоиш ёфтааст. Ҳоло ба ҳар сокини ҷумҳурӣ дар як сол 60 12000 м3 об рост меояд ва аз рӯи ин нишондиҳанда кишвари мо дар байни давлатхои ИДМ яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ тавлид мешаванд. Иқтидори захираҳои умумии гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд. кВт/соат дар як сол арзёбӣ мегардад, ки се маротиба аз истеъмоли ҷории қувваи барқ аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд аст.

Воқеан ҳам, Тоҷикистон дорои потенсиали баланди рушд ва афзалиятҳои мушаххаси муқоисашаванда мебошад. Аз ин рӯ, табиист, ки рушди афзалиятноки гидроэнергетика тавассути бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ҳадафи асосии сиёсати иқтисодии давлат мебошад. Ҳамзамон, хусусиятҳои захираҳои табиӣ афзалияти рушди соҳаҳои сармояталаби соҳаҳои истихроҷ ва энергетика, инчунин сайёҳиро муайян менамоянд.

Хусусияти демографӣ

Боигарии асосии кулли давлатҳо аҳолии он ба шумор меравад. Баҳри беҳтар кардани вазъи иҷтимоии сокинони мамлакат ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум, пеш аз ҳама шумораи аҳолӣ, қонуниятҳои равандҳои асосии демографӣ ва мухталифоти марзӣ дорои муҳиммият мебошанд.

Суръати баланди афзоиши табии аҳолӣ тамоюли устувори вазъи демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар байни аҳолии барӯйхатгирифташудаи солҳои 1959 ва 1970 шумораи аҳолии ҷумҳурӣ   46 фоиз ва дар маҷмӯъ дар иттифоқи шӯравӣ - 15,8 фоизро ташкил медод. Суръати пешрафти афзоиши табии аҳолӣ солҳои минбаъда низ идома ёфта, дар соли 1990 нисбат ба соли 1970 шумораи аҳолии ҷумҳурӣ 34,5 фоиз афзоиш ёфт. Дар солҳои 1991-2010 шумораи аҳолии Тоҷикистон 38,2 фоиз афзуда, захираҳои меҳнатӣ дар соли 2009 нисбат ба соли 1991 75 фоиз зиёд шуданд. Шумораи аҳолии доимии ҷумҳурӣ соли 1991 агар 5505,6 ҳазор нафарро ташкил медод, соли 2019 ба 9 372 362 нафар расид. Шумораи аҳолии қобили меҳнат дар соли 1991 2 577,5 нафарро ташкил намуда, соли 2019 шумораи он ба 5 473,9 ҳазор нафарро ташкил додааст (Тоҷикистон: 25 соли Истиқлолияти давлатӣ маҷмўаи оморӣ./Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2016; Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2019./ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2019).

Дар тӯли солҳои соҳибихтиёрӣ афзоиши миёнасолонаи аҳолӣ 2% -ро ташкил дода, дар роҳандозии сиёсати макроиқтисодӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Навобаста ба он, ки дар Тоҷикистон дараҷаи афзоиши аҳолӣ дар ин давра тамоюли назаррас дорад, омилҳои демографӣ дар тамоми стратегияҳои рушд ворид гардида, ҷиҳати ноил гардидан ба адолати иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ шароит фароҳам овард. Сатҳи камбизоатӣ аз 81 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз дар соли 2020 коҳиш дода шуда, тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ Тоҷикистон ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид. Сиёсати демографӣ имконият фароҳам овард, ки дараҷаи эҳтимолияти дарозумрии инсон нисбати соли 1990 хеле зиёд шуда, аз 65 солӣ ба 75,0 дар соли 2020 расад.

Хусусиятҳои геополитикӣ.

Дар ҳудуди Тоҷикистон бидуни ба назар гирифтани хусусиятҳои таърихӣ ва ҷуғрофии сукунати мардуми тоҷик ва дар натиҷаи тақсимоти миллию ҳудудии солҳои 1922-1924 нақшаи тақсимоти сарҳадҳо мавҷуд мебошад. Аз дарозии умумии сарҳадҳои ҷумҳурӣ, ки 3000 кмро ташкил медиҳанд, сарҳад бо Ҷумҳурии Чин 430 км, Афғонистон - 1030 км, Узбекистон - 910 км, Қирғизистон - 630 кмро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, дарозии марзҳо бо кишварҳои ҳамсоя 1460 км ва бо кишварҳои ИДМ 1540 км мебошад. Ҳамзамон, равобити сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ба принсипҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд асос ёфтааст.

Аз ин рӯ, таъмини амнияти иқтисодии кишвар ва рушди муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо дигар кишварҳои ИДМ, пеш аз ҳама бо Федератсияи Россия, инчунин бо Ҷумҳурии халқии Чин, Афғонистон ва Эрон зарурати сохтани роҳҳои нави коммуникатсионӣ мебошад. Ҳамзамон, бунёди хатсайрҳои нави коммуникатсионӣ ба болоравии сатҳи рушди муносибатҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ дар доираи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва муносибатҳои ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чунин гурӯҳҳои ҳамгироӣ, ба монанди Созмони Авруосиё ва Шанхай мусоидат намуд.

Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон ба туфайли татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷии худ тавонист, дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти гуногуни глобалӣ низ саҳми назаррас гузорад. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон муносибатҳои тиҷоратиро ба роҳ мондааст, диверсификатсияи содирот давра ба давра тамоюли рушдро касб менамояд ва имрӯз сохтори содиротии кишвар  450 номгӯйи молҳои гуногунро ташкил мекунад. Натиҷаи арзишмандии ҳамгирои иқтисодӣ мебошад, ки ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 то 26 фоиз зиёд ва ҳиссаи воридот аз 80 то 74 фоиз кам гардид.

Ба шарофати сиёсати Президенти кишвар «дарҳои кушода», ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, Тоҷикистон бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ мондааст.

Ҳамаи ин дастовардҳою пирӯзиҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати фазилату фидокорию матонати Ҷаноби Олӣ чун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ рӯз аз рӯз боло рафта, ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гаштааст. Бунёди инфрасохтори нақлиёт барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва осон намудани содироти маҳсулоти ватанӣ ниҳоят муҳим мебошад. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардида, аз ҷумла ташаббуси даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” беназири аст. Натиҷаи ҳамаи ин амалҳои солеҳу пайваста мебошад, ки мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ 59 зина ва нишондиҳандаи сифати инфрасохтори роҳҳо тибқи арзёбии Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ 32 зина беҳтар гардидааст.

Сатҳи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ташаккули низоми иқтисоди миллӣ

Халқи тоҷик ҳанӯз аз сапедадами таърих ба ҳунармандиву косибӣ, тиҷорат ва савдо маҳорати воло дошт. Ба иддаои мо, ба теъдоди зиёд то кунун боқӣ мондани касбу ҳунарҳои мардумӣ, ки мероси фарҳангии миллати моро ташкил медиҳанд, гувоҳи соҳибфарҳангу соҳибтамаддун будани халқи тоҷик аст, ки анъанаҳои чандинасраи касбу ҳунарҳоро то ба имрӯз оварда расонидаанд. Таърих гувоҳ аст, ки дар масири Шоҳроҳи Абрешим гузаштагони халқи тоҷик таъсири бузург доштанду забони тоҷикӣ воситаи муоширати байналмилалӣ ба шумор мерафт.

Далели таърихӣ ин аст, ки дар тӯли солҳои шӯравӣ низ иқтисодиёти Тоҷикистон бо суръат рушд кард ва тағироти куллии ба вуқӯпайваста ба ташаккул ва тараққиёти модели индустриалӣ-аграрии иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Дар натиҷаи сиёсати индустрикунонӣ саноат ба соҳаи пешбарандаи иқтисоди ҷумҳурӣ табдил ёфт. Мутобиқи таҳқиқоти олимони иқтисодшинос, махсусан дар даҳсолаҳои охири мавҷудияташ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба яке аз ҷумҳуриҳои саноатӣ – аграрӣ табдил ёфта буд. Дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ нисбат ба маҳсулоти кишоварзӣ зиёд буд.

Воқеан, Тоҷикистони соҳибихтиёр дар марҳилаи аввали ташаккули хоҷагии халқ кишвари индустриалӣ-аграрӣ буд. Аммо раванди ташаккули иқтисоди миллӣ дар Тоҷикистон дар шароити ба таназзул рафтани сатҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар сурат гирифт. Ин дар натиҷаи амали ду омили асосӣ ба вуқӯъ пайваст: якум, гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозорӣ ва дуввум, шиддат гирифтани вазъи сиёсии ҷомеа, ки боиси ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Таъсири омилҳои болозикр боиси коҳиши ёфтани ҳаҷми истеҳсолот, шаклдигаргункунии фаъолияти иқтисодӣ, зиёд гардидани шумораи бекорон ва паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дар маҷмӯъ баланд гардидани сатҳи камбизоатӣ гардид.

Сатҳи рушди иқтисодии Тоҷикистон бо сабаби ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ, офатҳои табиӣ ва вайрон шудани робитаҳои анъанавии иқтисодӣ, ки дар замони шӯравӣ вуҷуд доштанд, ба таври назаррас коҳиш ёфтанд. Дар давраи солҳои 1991-1997 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 64,9 фоиз коҳиш ёфта, 34,1 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли 1991 – ро ташкил дод, ки дар натиҷа сатҳи зиндагии аҳолӣ поён рафт. Дар солҳои 1991-1996 рушди иқтисодии Тоҷикистон ба тариқи давра ба давра поён рафта, танҳо соли 1996 баъзе аломатҳои азбарқарорсозии соҳаҳои иқтисодиёт пайдо шуданд, ки омори расмӣ афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро 5,3 фоиз ба қайд гирифта буд. Аз маълумоти боло бармеояд, ки вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ва хароб шудани инфрасохтори соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар боз ҳам вазнинтар шуд. Бо таъсири омилҳои манфӣ истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ зараровар гардида, ба коҳиш ёфтани сатҳи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳо сабаб гардид ва иқтисодиёт рӯ ба таназзул ниҳод.

Ба андешаи муҳаққиқон: “Мақсади асосии сиёсати иқтисодии ҳукумат чор чиз аст: таъмини рушди иқтисодиёт; таҳти назорат гирифтани таваррум (инфлятсия) ё роҳ надодан ба болоравии нархҳо; роҳ надодан ба бекории шаҳрвандон ё дар дараҷаи муайян нигоҳ доштани сатҳи бекорӣ; таъмини тавозуни пардохти мусбат ё ба таври дигар таъмини барзиёд будани содирот аз воридот” (Ш.Раҳимзода. Муомилоти пулӣ ва қарз. – Душанбе, Эр-граф, 2018. – С. 56).

Бо назардошти он, ки суқути истеҳсолот бо суқути арзиши пул алоқаманд буд, метавон гуфт, ки иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо равандҳои стагфлятсионӣ рӯ ба рӯ шуд. Илова ба ин, кӯшишҳои нигоҳ доштани ҷумҳурӣ дар "минтақаи рубл" сабаби асосии гиперинфлятсия гардиданд, чунки дефлятори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 1993 нисбат ба соли 1992 ба 1310 фоиз баробар шуд ва дар натиҷа ба тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат таъсири манфии худро расонд.

Тавре, ки дар боло қайд намудем, гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқтисодиёти нақшавӣ ба иқтисодиёти бозорӣ, парокандагии иқтисодиёти кишвар, дар ин замина канда шудани робитаҳои иқтисодӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ боиси мушкилоти азим дар ҳаёти сиёсӣ ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ гардида буд. Бинобар ин, 12 декабри соли 1996 бо мақсади ҳалли муаммоҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 1997” қабул гардид ва бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон” ба тавсиб расонида шуд. Мутобиқи моддаи 1-и қонуни қабулгардида Буҷети муттаҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1997 аз рӯи даромад - ба маблағи 85504,1 миллион рубл ва аз рӯи хароҷот ба маблағ - 102 584,1 миллион рубл муқаррар гардида буд.

То соли 2000 дар ҷумҳурӣ як қатор қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки барои таъмини фаъолияти иқтисодӣ дар шароити муносибатҳои бозорӣ равона гардида буданд, аммо амалишавии қонунҳои қабулшуда ва қатъиян иҷро гардидани онҳо бисёр муҳим буд. Ҳамзамон, ташкили механизми боэътимод ва самараноки таъмини волоияти қонун, амнияти аҳолӣ ва ҳамрадифи кишварҳои мутараққии дорои иқтисодиёти мукаммал қарор додани Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии фаъолият ва мақсади Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб мерафт. Барои расидан ба ин ҳадафҳо на танҳо сиёсати самарабахши иктисодӣ, балки фаъолияти самарабахши институтҳои пурқуввати таъминкунандаи пешбурди ин сиёсат, ташкили сохторҳои нав, низоми нави иқтисодӣ, мутобиқгардонии усулҳо ва механизми тағйирёбандаи идоракуниро тақозо менамуд. Дар баробари ин, фароҳам овардани меъёр ва қоидаҳои фаъолияти иқтисодӣ, мусоидат ба густариши институтҳои гуногун ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сол аз сол самарабахш арзёбӣ гардида, иқтисодиёти миллӣ давра ба давра тамоюли рушдро касб намуд.

Бояд қайд намуд, ки дар самти гузаронидани ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ ва идоракунии самарабахши ҳамаи соҳаҳо дар раванди таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ, танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ, махсусан, рушди соҳибкории хурду миёна, такмили сиёсати монетарӣ, низоми мукаммали бонкию қарздиҳӣ, роҳандозии сиёсати нави андозбандӣ, инкишофи соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, саноат, сохтмон ва дигар самтҳо заминаи мусоиди меъёрию ҳуқуқӣ ташкил карда шуд. Вобаста ба шароити иқтисоди бозорӣ зарурати таъмини рушди бозори қоғазҳои қимматнок, ислоҳоти буҷетӣ, баландбардории самаранокии идораи гумрукӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷорӣ намудани низоми ягонаи пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва монанди инҳо аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки заминаи қабули қонунҳои дар боло зикргашта шуданд.

Дар натиҷаи ба назар гирифтани асосҳои иқтисодиву молиявӣ ва қабули қонунҳои нав бо назардошти шароити рушди муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи замони муосир, дараҷаи афзоиши солонаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар давраи солҳои 1996-1999 ба 3,5 фоиз баробар шуда, сатҳи рушди истеҳсоли Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳоли 1,6 фоизро ташкил дод. “Дар ин давра, яъне чор сол, шумораи корхонаҳо ва ташкилотҳои дорои моликияти давлатӣ аз 4588 то 5102, дигар шаклҳои моликият аз 11156 то 14845, аз ҷумла корхонаҳои дорои моликияти хусусӣ аз 6834 то 9663 зиёд шуданд”(Л.Саидмуродов«Нақши Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди иқтисоди конститутсионии бозори озод дар Тоҷикистон»-/«Иқтисодиёти Тоҷикистон»-Душанбе, 2013, №2-3, С. 4-9).

То моҳи июни соли 1997 коҳиши истеҳсолот дар ҷумҳурӣ фалокатбор буд ва 70 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии сатҳи соли 1990-ро ташкил медод. Афзалияти хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ ба авлавияти барқарорсозии иқтисодиёт замина гузошт ва имкон дод, ки бори аввал пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ рушди ММД дар муқоиса бо соли гузашта 1,7 фоиз таъмин карда шавад.

Тамоюлҳо дар нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониашон дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд 21 июни соли 2016 ба ин нуқта таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, чунин қайд карданд: «Бояд гуфт, ки то аввали солҳои 2000-ум тамоми нерӯ ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои таъмини сулҳу субот, барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва фаъолияти рукнҳои давлатдорӣ, ба Ватан баргардонидани фирориён ва таъмини ваҳдати миллӣ равона шуда, танҳо аз аввали солҳои 2000-ум мо ба марҳалаи рушд ворид гардида, пешрафти босуботи иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, бахусус, сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногун таъмин намудем».

Воқеан ҳам, аз нимаи дуюми солҳои навади асри гузашта сар карда татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ дар мамлакат ба таври фаъолона амалӣ карда шуд. Дар ин самт барои гузаронидани ислоҳот қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии муайянкунанда ва танзимкунандаи муносибатҳои иқтисодӣ дар ҳамаи соҳаҳои афзалиятнок қабул карда шуданд. Ба вуҷуд омадани шаклҳои гуногуни моликият, ташкили намудҳои мухталифи пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ, ҷорӣ намудани пули миллӣ, озод намудани нархҳо, ташкили корхонаҳои муштарак, ташкили савдои озоди хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ барои тақвияти иқтисодиёти миллӣ қадамҳои ҷиддӣ буданд. Ислоҳоти иқтисодӣ хусусияти комплексӣ ва мақсаднокро касб намуд ва барои нигоҳ доштани мӯътадилии макроиқтисодӣ дар истеҳсолот ва таъмини рушди устувори солонаи иқтисодӣ шароитҳои мусоид фароҳам овард.

Бояд қайд намуд, ки дар марҳилаи муҳимми ташаккул ва рушди иқтисоди бозоргонӣ дар ҷумҳурӣ барномаҳои соҳавию минтақавӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки раванди ислоҳотро дар самти ташаккули асосҳои иқтисоди бозоргонӣ, такмили истеҳсоли маҳсулот, савдою хизматрасонӣ, хусусигардонии молиякияти давлатӣ, ташаккули шаклҳои гуногуни моликият, боздоштани беқурбшавии пул, ташкили низоми мӯътадили молиявӣ ва як қатор чорабиниҳои дигар дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ ва таъмини пешрафти иқтисоди миллӣ фароҳам оварда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 барномаи мушаххаси аз бӯҳрони иқтисодӣ баровардани кишварро пешниҳод карда буданд. Роҳбари давлат, аз ҷумла, зарурати таъмини барқарорсозии фаъолияти пурсамари тамоми сохторҳои қудратӣ, ҳукумат ва дар самти тадриҷан ба муносибатҳои бозорӣ гузаронидани иқтисодиёти ҷумҳуриро афзалият доданд. Таъмин ва таҳкими устувориву субот дар ҳаёти ҷомеа сабаби дигаргуниҳои куллӣ дар самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварамон ва боиси боз ҳам афзун гардидани обрӯю нуфузи давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ гардид.

Баъдтар, ба шарофати кӯшишҳои Ҳукумат имконпазир гардид, ки тамоюли афзоиши минбаъдаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нигоҳ дошта шавад. Суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 1998 5,3 фоиз, дар соли 1999 - 3,7 фоиз, дар соли 2000 - 8,3 фоиз, дар 2001 - 10,2 фоиз, соли 2002 - 9,1 фоиз, 2003 - 10,2 фоиз, 2004 - 10,6 фоиз афзоиш ёфт. Дар 2000 - 2004 Тоҷикистон тавонист, ки рушди солонаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба ҳисоби миёна 9-10 фоиз таъмин карда, касри буҷетро коҳиш диҳад ва қурби пули миллиро асосан мӯътадил гардонад.

Дар солҳои минбаъда барои нигоҳ доштани ин тамоюл замина фароҳам гардид. Масалан, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2005 6,7 фоиз, дар соли 2006 - 7,0 фоиз, дар соли 2007 -7,8 фоиз, дар соли 2008 - 7,9 фоиз, 2009 - 3,4 фоиз, дар соли 2010 - 6,5 фоизро ташкил дод. Афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар 2009-2010 коҳиш ёфт, ки ин асосан бо таназзули шадиди он дар соҳаи саноат бо сабаби таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, ки иқтидори бозори ҷаҳонии ашёи хом, хусусан маҳсулоти алюминий ва нахи пахтаро коҳиш додааст, шарҳ дода мешавад (Т.Назаров «Илми иқтисодӣ ва баъзе масъалаҳои раванди ислоҳот дар иқтисодиёти Тоҷикистон» - «Экономика Таджикистана: стратегия развития», Душанбе, 2013, №1, с. 8-27). Минбаъд Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳамасола ба андозаи аз 3 то 7 фисад боло рафт.

Ҳадаф аз ҳар тасмими иқтисодӣ баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум буда, дар ин самт тадбирҳои бузург аз қабили қабули стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар бахши иқтисод дигаргуниҳоро дар ҳаёти аҳолӣ ба миён овард.

Бо назардошти нақши афзалиятнок ва аҳамияти ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар барои фаъолияти мӯътадили тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи иқтисодиёт, шароит фароҳам гардид. Дар натиҷа, коҳишёбии истеҳсолот боздошта шуда, барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ чораҳои қатъӣ андешида шуданд. Татбиқи иқдомҳои пайгиронаи Сарвари давлат ҷиҳати амалисозии ислоҳот дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятнок дар ин давра самараи хуб дода, дар кишвар барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ фазои мусоид фароҳам омад.

Боиси қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият ислоҳоти иқтисоди миллиро тавассути таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015», стратегияҳои миёнамуҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон, «Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015», инчунин теъдоди зиёди барномаҳои соҳавӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ намуд.

Татбиқи муваффақона ва дастовардҳои иқтисодии кишвар дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015», ки дар заминаи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар ҷаласаи 70-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк қабул гардида буд, ба ҳадафҳои волотар ҳидоят намуд. Ҳамин тавр, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул карда шуд, ки дар он гузариш аз иқтисодиёти аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ ҳадафи асосӣ ва шакли фаъолияти иқтисоди миллӣ дар дурнамо интихоб шудааст. СМР-2030 се принсипи асосии рушди оянда: превентивӣ (пешгирии осебпазирии рушди оянда), индустриаликунонӣ (баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву дороиҳои миллӣ) ва инноватсиониро (таъмини рушди соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар дар асоси навовариҳо) дар бар мегирад.

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ эълон шудааст, айни замон самаранок татбиқ гардида истодааст. Татбиқи ҳадафмандонаи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлату Ҳукумат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии халқ ва ба кишвари ободу зебои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта табдил додани Ватани маҳбуб мусоидати ҳамаҷониба намуд. Ҳамзамон, бо мақсади фароҳам овардани заминаи воқеӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки дар он афзалиятҳои миллии рушди ҷумҳурӣ барои панҷ соли минбаъда бо андешидани 765 тадбири зарурӣ пешбинӣ шудаанд, таҳия гардидааст ва имрӯз ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур шудааст.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Моро зарур аст, ки тавассути вусъат бахшидани татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» нисбат ба имрӯз беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардумро таъмин намоем, зеро ҳар як фарди кишвар сазовори зиндагии шоиста ва ҳаёти осудаву арзанда мебошад».

Тибқи арзёбии муҳақиқону коршиносони соҳа модели рушди инноватсионии иқтисодиёти миллӣ ҳамчун самти калидии ҳалли самараноки масъалаҳои бисёрҷабҳаи иҷтимоиву иқтисодии кишвар муайян карда шудааст (Р.К. Рахимов. Масъалаҳои назариявӣ ва методологии рушди инноватсионии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2017. – С. 13. ). Аз таҳлили вазъи воқеӣ ва иқтидорҳои мавҷуда бармеояд, ки ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии дар барнома пешбинишуда ва нигоҳдории рушди устувори макроиқтисодӣ, инчунин таъмини зиндагии шоиста ва ҳаёти осудаву арзанда барои мардуми кишвар ҳамаи имкониятҳо мавҷуд мебошанд, зеро Тоҷикистон дорои манбаъҳои иловагии рушд буда, роҳандозӣ гардидани онҳо барои таъмини нишондиҳандаҳои инноватсионии иқтисодиёт замина мегузоранд.

Таҳлили ҳаёти 30 солаи таърихи навини давлатдории навини миллиамон собит месозад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ин давра ба дастовардҳои назарраси иқтисодӣ ноил гардид. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар давоми 30 соли соҳибихтиёрӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ба шарофати сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои олии стратегии мамлакат ва таъмини рушди иқтисоди миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овард.

Бино ба иттилои Президенти муҳтарами мамлакат Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз соли 1997 то ба имрӯз зиёда аз 4 маротиба афзуда, рушди миёнаи он дар як сол 7,1 фоизро ташкил дод. Истеҳсоли маҳсулоти саноат аз соли 1997 то ба имрӯз 3,5 маротиба, маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 5 маротиба, ҳаҷми гардиши савдои чакана 5,3 маротиба ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 9,7 маротиба афзуд. 

Танҳо дар давоми 20 соли охир Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ зиёда аз 30 маротиба афзоиш ёфтаааст. Дар ин замина, нисбат ба соли 1991-ум ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ зиёда аз 70 маротиба зиёд гардидааст. 

Рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ба он мусоидат намуд, ки аз соли 2000 то инҷониб ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ қариб зиёда 30 маротиба афзоиш ёфт ва боиси аз 81 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз дар соли 2020 паст гардидани сатҳи камбизоатӣ гардид. Ба самти дигари муҳими нишондиҳандаи рушди иқтисоди миллӣ – гардиши савдои хориҷӣ назар андозем, мушоҳида менамоем, ки дар соли 1991 он ҳамагӣ 131,1 млн. долл. ИМА-ро ташкил дода бошад, ҳоло ин нишондиҳанда 35 маротиба афзоиш ёфтааст. Қобили зикр аст, ки дороиҳои низоми бонкӣ аз 311 миллион сомонии соли 2000–ум ба беш аз 26 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расонида шуданд. Дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ то 90 фоизи дороиҳои давлатӣ ба бахши хусусӣ дода шуданд.

Дар натиҷаи дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат ҳоло бахши хусусӣ бомаром инкишоф ёфта, имрӯз саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 70 фоиз, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ 68 фоиз ва даромадҳои андозӣ ба Буҷети давлат 80 фоизро ташкил медиҳад (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021).

Дар асоси таҳлилҳои илман асоснокшуда аҳолии мамлакат аз 9,5 миллион нафар дар соли 2020 то ба 10,5 миллион дар соли 2025 афзоиш меёбад. Ин далел тақозо менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Ҳадафҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз хиради воло ва фитрати модарзодиашон бармеояд, дар шароити басо мураккабу печидаи замони муосир хеле саривақтӣ аст, чунки маҳз соҳаи саноат самти муайянкунандаи рушду тараққиёти иқтисоди миллӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки дар доираи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат ва аз кишвари аграрӣ – индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ – аграрӣ табдил додани Тоҷикистон ва то соли 2030 ба 22 фоиз расонидани ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ислоҳоти доманадори фарогир татбиқ гардида истодааст. Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буд. Танҳо соли 2020–ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ин давра 9,7 фоиз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфта, зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуд ва даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт. Дар натиҷа соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021).

Воқеан ҳам сиёсати пешгирифтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст ва ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, рушди иқтисодиёти “сабз”, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди нерӯи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст.

Тибқи нақшаҳои пешбинишуда дар 5 соли оянда ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии номиналӣ -1,8 маротиба, воқеӣ – 1,7 маротиба ва таносуби он ба ҳар сари аҳолӣ - 1,7 маротиба афзоиш меёбад. Афзоиши сармоягузориҳои давлатӣ дар сатҳи 31 фоиз, афзоиши миёнасолонаи иқтисодиёти миллӣ дар сатҳи 7-10 фоиз, афзоиши миёнасолонаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 15-17 фоиз, аз ҷумла саноати истихроҷ 12 фоиз, саноати коркард 20 фоизро ташкил дода, рушди босуръати соҳаҳои саноатро таъмин менамояд. Ҳамзамон, ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 45 фоиз афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 18 фоиз коҳиш дода мешавад. Ҳамасола ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, давлат барои ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи мардум тадбирҳои зарурӣ меандешад. Мо ба ин ҳадафҳои стратегӣ низ таҳти роҳбарию раҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваффақ хоҳем гардид. Барои расидан ба ин ҳадафҳо мо дар баробари  имконияту захираҳои фаровон доштан, ҳамзамон, мардуми меҳнатқарину бунёдкоре дорем, ки дорои ҳисси баланди масъулият дар назди миллату ватан мебошанд.

Воқеан ҳам, Истиқлолияти давлатӣ дар ташаккул ва рушди иқтисодиёти миллӣ аҳамияти бузургу таърихӣ дорад. Чунки маҳз Истиқлолият барои амалӣ гардидани ҳадафҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва самаранок истифода бурдани нерӯи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул муайян карда шуда, то ин давра барои амалӣ намудани ҳадафҳои мазкур корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҷумҳурӣ омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон босуръат идома доранд ва барои сазовор истиқбол гирифтани ин санади таърихӣ имрўзҳо дар саросари кишвар корҳои созандагию ободонӣ ба ободу зебо гардидани ватанамон нигаронида шудаанд. Бино ба иттилои Пешвои муаззами миллат дар доираи нақшаи ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ тасдиқгардида, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 25 ҳазор иншооти иҳтимоиву иқтисодӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ва дар ин радиф, ҳамаи  чорабиниву тадбирҳои судманде, ки Ҳукумати мамлакат бо сарварии Пешвои муаззами миллат амалӣ намуда истодааст, баҳри шукуфоии Тоҳикистони маҳбубамон, ки хонаи умеди ҳар мардуми тоҷик равона гардидааст.

  

Гулбаҳор Назирӣ

вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

муовини аввали Раиси Фраксияи ҲХДТ,

доктори илмҳои иқтисодӣ

Илова кунед