Ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ доир шуд

26 Май 2021, Чоршанбе

Имрӯз дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ  оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ баргузор гардид.

Дар кори он раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар рӯзномаи ҷаласа лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ- «Дар бораи ғалладона», «Дар бораи режими ҳуқуқии қаламравҳои ифлосшавии радиоактивӣ», инчунин консепсияҳои лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ-  «Дар бораи амнияти экологӣ» (таҳрири нав), «Дар бораи дастрасӣ ба маълумоти экологӣ», «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», «Дар бораи минтақаҳои табиии махсус ҳифзшаванда» (таҳрири нав), «Дар бораи фондҳои экологӣ», «Дар бораи занбӯри асалпарварӣ», «Дар бораи кишоварзии органикӣ» мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифтанд. Аъзои комиссия ҳамчунин  иттилоъро дар бораи ҳамкории кӯҳии назди Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (Шарикии кӯҳистон) ва маърӯзаҳоро роҷеъ ба конфронси «Симои шаҳри муосир», ки ба Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида шудааст, шуниданд.

Ҳамзамон ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш баргузор шуд, ки дар он вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода сухан гуфт.

Дар ҷаласа масъалаҳои калидӣ – «Лоиҳаҳои тавсияҳо оид ба ҳамкории давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи рушди рақамӣ» , «Тавсияҳо оид ба ташкили равишҳои ягона дар масъалаи пешниҳоди нусхаи қонунии нашрияи чопӣ- шакли электронӣ дар кишварҳои узви ИДМ», «Тарҳҳои таҳрири нави Кодекси намунавии моликияти зеҳнӣ барои кишварҳои узви ИДМ» ва қонунҳои намунавӣ- «Дар бораи дастгирии давлатии кинематография» ва «Дар бораи фаъолияти театр» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Илова кунед