Ваҳдат заминаи татбиқи нақшаву ҳадафҳои бузургу тақдирсози Тоҷикистон

26 Май 2021, Чоршанбе

Замони муосир на танҳо бо рушди ҳамҷонибаи муносибатҳою ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва равандҳои глобализатсонӣ, балки мутаассифона, бо авҷгирии задухурдҳо, муқовимат, тезутундшавии муносибатҳо ва зиддиятҳои манфиатҳо фарқ мекунад. Ҳамзамонон бо бархурдҳои мушкилҳалшавандаи тамаддунӣ, боз тамоюлҳои муосири глобализатсонӣ бештар хусусияти таҳмил намудани ғарбикунонии тафаккуру фарҳанги давлатҳои шарқӣ ба назар мерасад, ки нигоҳдории истиқлолияту анъанаҳои давлатҳои ҷудогонаро дар вазъияти геополитикӣ мушкил менамояд. Бархурди тамаддуние, ки дар ҷаҳони глобализатсионӣ мавҷуданд, алоқаманд бо манфиатҳои геополитикӣ, роҳҳои ҳалли худро доранд. Дар чунин вазъият барои кишварҳои ҷудогона масъалаи нигоҳ доштани на танҳо истиқлолияти давлатӣ, балки ҳастии миллату фарҳанг ҳамчун масъалаи тақдирсоз ба миён меояд. Зеро ҳодисаҳои солҳои охирро мушоҳида намуда, бисёр олимону сиёсатмадорон сари ҳастии инсоният андеша менамоянд. Имрӯз дар ҷараёни бозиҳои сиёсӣ ҷорӣ кардани демократия як навъ силоҳи бесубот кардани зиндагии халқҳо ва кӯшиши аз байн бурдани баъзе давлатҳои соҳиби сарвати табиӣ шудааст. Демократия аслан маънои ҳокимият ва волоияти иродаи халқро дорад, ки имрӯз, ба ақидаи баъзе таҳлилгарон, аз тарафи абарқудратҳо василаи таҳмил кардани манфиати геостратегии онҳо шудааст.
Ҳар як давру замон мафҳумҳои калидии худро дар арсаи сиёсӣ дорад. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки дар давраҳои муайян ин ё он шиор василаи идеологии  табаддулотҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мегардид. Ҳамаи ин шиорҳо дар доираи худи давлатҳо паҳн мешуданд, вале имрӯз шиорҳо барои ба даст овардани манфиатҳои худ аз суботи оромии давлатҳои дигар бо баҳонаи ҷорӣ намудани демократия ва ҳифзи ҳуқуқи инсон истифода мешавад. Мутаассифона аз ягон минбари ҳуқуқи байналмилалӣ давлатҳои ба ном паҳнкунандаи демократия ҳисобот пешниҳод намекунанд, ки дар давраи чунин табаддулоти демократӣ ҳуқуқҳои чӣ қадар мардум поймол мешавад, то чӣ андоза дар чунин табаддулотҳо мардуми худи ҳамин кишварҳо иштирок менамоянд. Аз ҳама муҳим оё ин мудохилаҳо иродаи мардуми ин ва ё он кишвар ҳаст ё не? Оё ин нишонаи демократия ҳаст, вақте дар ин раванд истиқлолияти давлатӣ аз байн меравад, суботи кишвар солҳо вайрону халқ саргардон мегардад. Ҳангоме имконияти интихоби мардумони кишварҳо аз байн меравад, ин оё нишонаи демократия аст? Чунин саволҳо солҳои охир чандин маротиба ба миён гузошта мешаванд, вале мутаассифона то имрӯз ба ин саволу муаммо ҷавоби қонеъкунанда наёфтем.
Баъзе васоити ахбори умум, ё ин ки баъзе нафарон дар сомонаҳои иҷтимоӣ,  ки манфиати ин ва ё он корпаратсияҳоро пеш мебаранд, барои пеш бурдани он идеяе, ки барои он маблағ мегиранд хидмат мекунанд. Мисоли ин ҳар гуна арзёбии вазъияти иқтисодиву иҷтимовии кишварҳо, паҳншавии бемории КОВИД 19, гирдиҳамоиҳое, ки дар баъзе кишварҳо ба амал меёбанд, оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҳодисаҳои охирини фоҷиабори сарҳадӣ. Кадом кишваре набошад, ҳатман ба вобаста ба имкониятҳо камбудиву норасоиро дорад.  Мутаассифона, баъзе васити ахбор ва ё баъзе нафарон кӯшиш мекунанд, ки ин ҳодисаҳоро яктарафа ё ин ки бардурӯғ арзёбӣ кунанд.  Дуруст аст, ки мо бояд сабабҳои пайдоиши бемориҳо, офатҳои табиӣ ва ё ин ва ё он ҳодисаҳоро аз нуқтаи назари илмӣ, объективона, беғаразона баррасӣ намоем ва дар якҷоягӣ ба масъалаҳои ҳифзи табиат, нигоҳ доштани тозагии экологӣ, дар рӯҳияи ватандорӣ ва солим тарбия намудани фарзандон эътибори ҷиддӣ намоем.
Давлатҳои абарқудрат барои ҳимояи манфиатҳои худ стратегияҳои гуногунро истифода мебаранд ва дар ин «муколамаҳо» давлатҳои хурд новобаста аз хоҳишашон ворид мешаванд ва баъзан дар муайян намудани иродаи худ комилан озод буда наметавонанд. Барои ин ба давлатҳои хурд омилҳои зиёд лозим мешаванд, ки истиқлолияту манфиатҳои худро ҳимоя намоянд. Яке аз чунин омилҳо, ин захираҳои табиӣ ва мавқеи географӣ мебошад. Баъзан ин дороӣ диққати давлатҳои дигарро ба худ ҷалб намуда, сабаби дахолати онҳо ба кори давлатҳои соҳиби сарвати табиӣ мешаванд. Сиёсати байналмилалии муосир раванди яктарафаро интихоб нумудааст, ҳақиқат дар дасти тавоноҳо мешавад. Ва бо ин ва ё он баҳона хоҳиши иштирок намудан дар муайян намудани сиёсати дохилӣ мегардад. Дар чунин равандҳои бозиҳои геополитикӣ танҳо ва танҳо давлате, ки дар он суботу якдигарфаҳмӣ мавҷуд мебошад, истиқлолияти худро ҳифз карда метавонад. Дар ҳолати дигар ба як майдони ҳарбу зарби манфиатҳои дигарон табдил меёбад.
Дигар омили пешгирандаи чунин ҳолат, ин амали қонунҳо мебошад. Дар сурати риоя нашудани қонунҳо мақомоти ҳокимият фалаҷ мешавад. Мисоли равшани ин, ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми таърихи навини тоҷикон мебошад, ки қариб сабаби нобудии давлат ва парокандагии миллат  гардида буд. Мо набояд ин дарси фоҷиаборро фаромӯш намоем ва ҳамасола бори дигар дар бораи пайдошавии омилҳои барангезандаи ин ҷанг ва натиҷаҳои харобовари он ёдрас намуда, ҳушёрии худро нигоҳ дорем.
Ваҳдат, Истиқлолият ва Президент – ин нерӯи қавӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон мебошанд. Маҳз бо кӯшишу талоши Эмомалӣ Раҳмон, мо тавонистем худро аз фоҷиаи миллӣ нигоҳ дорем. Истиқлолияте, ки имрӯз дорем амри тасодуф ва танҳо натиҷаи пошхӯрдани Давлати Шӯравӣ набуда, балки натиҷаи саъю талошҳои миллати тоҷик мебошад.
Тоҷикистон аз гирдоби ҷанги бародаркуш баромада, дар ҷаҳони муосир намунаи барҷастаи сулҳофарӣ ва сулҳу ваҳдати пойдор мебошад.
Яке аз собиқадорони сиёсӣ, ки пас аз интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлат дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Чумҳурии Точикистон, дар ҷаласаи навбатии Ҳукумат иштирок дошт ба ёд меорад, ки дар ҷараёни ҳалли масъалаҳо Сарвари давлат пеш аз ҳама ба қатъи ҷанг ва баргардонидани гурезаҳо диққати махсус медоданд, аз тарафи мухолифин касе ба назди Сарвари давлат наомадааст, таърих собит мекунад, ки тамоми ташаббусҳо аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон буд, ин шахси далер худашон ба назди мухолифин мерафтанду ба сулҳ даъват менамуданд, сабабгори сулҳ дар  Тоҷикистон танҳо Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Имрӯз, аллакай аксарияти мардуми кишвари мо хуб дарк кардаанд, ки бе давлати тавоно ва ниҳодҳои вай,  ҳам амнияти ҷомеа ва ҳам тараққиёти мунтазами соҳаҳои асосии онро таъмин кардан имконнопазир аст. Ҳамчунин давлат дар раванди тараққиёти худ бе такя ба сарвари оқилу дурандеш наметавонад механизмҳои самараноки давлатдориро дошта бошад. Хушбахтона, халқи тоҷик сарвари худро дуруст интихоб карда тавонист ва Президенти халқии тоҷик тавонист мамлактро тадриҷан аз бӯҳрони сиёсиву иҷтимоию иқтисодӣ раҳоӣ намояд. Сарвари кишварамон ба ваъдаи додаи хеш дар Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Чумҳурии Точикистон вафо кард. Ӯ исбот намуд, ки дар Тоҷикистон қувваи солим, қувваи тавоное мавҷуд аст, ки пеши роҳи ҳамагуна низоъро гирифта метавонад. Доимо, маҳз дар давраҳои вазнин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, новобаста ба хатар бевосита ба ҷони худ, дар канор миллати хеш буда, вохӯриҳои худро давом медоданд ва мардумро даъват менамуданд, ки ҳаргиз рӯҳафтода нашуда, бо иродаи қавии худ муттаҳиду сарҷамъона аз ин вазъи душвор баромадан талошу мубориза барем. “Ман дар суханрониҳои худ борҳо гуфтаам ва имрӯз бори дигар такрор мекунам, ки зиндагӣ аз рӯзи таваллуд то дами вопасини умри инсон мубориза аст. Дар ин мубориза шахсе дастболо мешавад, ки иродаи қавӣ ва умед ба фардо дошта, ақлу заковат, донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро истифода мебарад.”
Амалишавии ин тадбирҳо танҳо дар фазои мусоиди орому осуда муҳайё мегардад, зеро табобат ва рафъи ин беморӣ танҳо дар сурати ҳамкории мардум бо табибон ва масъулини соҳа амалӣ мегардад.
Албатта ҳар як миллат анъанаҳои хоси фарҳангию давлатдории худро дорад. Дар таърихи давлатдорӣ фарқияти табии хоси қавму миллатҳо, манфиатҳои онҳо табиатан мавҷуданд ва ин фарқиятҳо сабаби тарҳрезии сёсати дохиливу беруна мегарданд. Мавҷуд будани ихтилоф дар табиати одамон сабаби ташаккули тафаккури гуногун ва боиси пайдоиши анъанаҳои гуногун мегардад. Ҳар миллат қонунҳо ва санадҳои меъёрии давлатии худро мутобиқи менталитет ва хусусияти хоси худ таҳия менамояд. Татбиқи механикии қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки барои халқҳои дигар номатлубанд, ба оқибатҳои нохуш мерасонад.
Дар замони муосир бо истифода аз натиҷаҳои ба дастомадаи илмҳои ҷомеашиносӣ ҳар як давлат бояд як модели давлатдории худро интихоб намояд. Албатт ин ба бозингарони абарқудрати минтақаҳои сиёсӣ маъқул намешавад, лекин ин ягона роҳе барои нигоҳ доштани миллату давлат мебошад. Танҳо бо дастгирии тамоми узви ҷомеа ва баланд будани сатҳи худшиносии миллӣ ин ва ё он давлат суботу якпорчагии худро нигоҳ дошта метавонад.
Халқи тоҷик 24 солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил менамояд. Ин ҷашн аз дигар ҷашнҳову идҳо бо моҳияти созандагиву ободкории худ фарқ мекунанд. Сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу Рӯзи ваҳдатро ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳем кард. Мусибате, ки солҳои 90-ум ба сари халқи тоҷик омада буд, метавонист якпорчагии давлати моро халадор намуда ба парокандашавии халқи куҳанбунёди мо оварад. Ин боз як санҷиш барои халқи азизамон буд. Хушбахтона халқи фарҳангсолори мо бори дигар исбот намуд, ки дорои заковату хирад ва фарзандони қавииродаву матин мебошад, ки тавонистанд  моро аз ин хатар эмин доранд. Ин дастоварди нодир ҳоло ба сифати дарси таърихӣ ва  ҷузъи таркибии ҳаёти мардуми мо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дошта, моро вазифадор месозад, ки барои ҳифзу гиромидошти он бештар кӯшиш намоем. Таҷлили Рӯзи ваҳдатро халқи тоҷик аз самими қалб пазироӣ намуд ва имрӯз мо шоҳиди он гаштем, ки маҳз вахдату ягонагӣ ва сулҳу осоиштагӣ метавонад ба рушди миллати мо мусоидат намояд. Аз ҷумла, се ҳадафи стратегии миллии мо – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба марҳалаи ниҳоии худ расида, имрӯз мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ қабул намудем.  Иншооти бузург - нерӯгоҳҳои барқии обии Сангтӯда, Роғун ва туннели Анзоб, Шаҳристон ва Чормағзак, боғу марказҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳҳою пулҳои ҷавобгӯй ба талаботи замонавӣ -  ин ҳама натиҷаи сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату якдилӣ мебошад. Мо метавонем дастовардҳои зиёдеро ба монанди симои замонавию зебо гирифтани пойтахти кишварамон Душанбе ва дигар шаҳрҳо, таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, марказҳои варзишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва инфрасохтори хизматрасонӣ, бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир бунёд гардидани иншооту биноҳо, боғу гулгаштҳои замонавӣ ва таҷдиду азнавсозии хиёбону кӯчаҳои шаҳрҳои Тоҷикистонро низ ҳамчун дастоварду натиҷаи ваҳдату ризояти миллӣ номбар намоем.  
Ваҳдату Истиқлолият ин арзишҳои бебаҳо ва яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо мебошанд. Пешвои муаззами миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки ваҳдат ва Истиқлолият ду мафҳуми ба ҳам тавъаманд. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби ҷойгоҳи хоса мебошад. Гузаронидани ҷаласаҳои баландпоя бо иштироки сарварони давлатҳои гуногун дар Душанбе, далели он аст, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти кишварамонро дигар кишварҳо дастгирӣ менамоянд ва имрӯз пойтахти Тоҷикистон яке аз марказҳои фаъоли сиёсиву фарҳангӣ мебошад. Тоҷикистон бо ниҳодҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва обрасонӣ ҳамкорӣ менамояд. Дар ҳамкорӣ бо ин ниҳодҳо садҳо лоиҳаҳо дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон аз тарафи СММ баҳои баланд гирифтааст. Ин далели он аст, ки таваҷҷӯҳ ва эҳтироми роҳбарони кишварҳои дигар ба кишвар ва ба Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёд аст. Ва ин боиси ифтихори мост. Тоҷикистон проблемаҳои ҷаҳониро хуб дарк карда дар радифи давлатҳои бузург метавонад дар амнияти экологӣ ва равандҳои ҷаҳонӣ саҳмгузор бошад.
Он равандҳое, ки дар ҷаҳони имрӯза ба вуқӯъ омада истодаанд, хатари аз байнравии давлатҳоро доранд ва танҳо ваҳдати шаҳрвандон метавонад пеши роҳи ҷанги шаҳрвандии таҳмилию парокандагиро гирад. Таҷрибаи сулҳофарини Тоҷикистон имрӯз барои бисёр кишварҳое, ки дар чанголи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шудаанду хатари фоҷиаи экологию демографӣ доранд, қобили истифода мебошад. Ҷои баҳс нест, ки барои ин кишварҳо имрӯз як пешвои миллат ҳамчун Эмомалӣ Раҳмон лозим аст, ки иродаи қавии сиёсӣ ва маънавӣ, далерӣ ва сарсупоридагӣ дошта бошад. Ҷорӣ кардани фарҳанги таҳаммул дар Тоҷикистон низ як дастоварди муҳим аст. Демократияву пешравии иҷтимоиву иқтисодӣ дар шароите имкон дорад, ки дар он кишвар сулҳу субот мавҷуд бошад.
Имрӯз мо аз пештара бештар бояд дар атрофи Пешвои худ муттаҳид шавем, зеро танҳо ваҳдату ягонагӣ асоси истиқлолият ва рушди босубот шуда метавонад.
Арбоби давлатӣ ва сиёсии Амрико, президенти 20 – уми ШМА Ҷеймс Абрахам Гарфилд (1831–1881) дар яке аз суханрониҳои худ гуфтааст, ки пас аз ҷанг набард  дар таърих шурӯъ мешавад. Бинобар ин мо бояд кӯшиш намоем, ки сулҳу ваҳдати ба хунрезию ҷонфидоии халқи азизамон ба даст омада поянда бошаду дар китоби таърихи миллатамон ҳамчун дарси таърихӣ боқӣ монад. Дигар мо нагузорем, ки бозичаи дасти манфиатҳои зидди миллӣ шавем. Набарди Тоҷикистон ин бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ҳатто дар вазъияти кунии ҷаҳонӣ вобаста ба пандемияи коронавирус ва оқибатҳои он, Тоҷикистон роҳи худро пеш гирифт.
Имрӯз Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёди демокративу рушдёбанда  бо қадамҳои устувор пеш меравад, ки заминаи он сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқи азизамон мебошад.
 
Содиқӣ Насиба Нуруллозода
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олӣ, узви фраксияи ҲХДТ

Илова кунед