Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд

26 Май 2021, Чоршанбе

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,  лоиҳаи Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», “ Дар бораи додани ризоят ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Масъалаҳои мазкурро ба вакилони мардумӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин, вакилони Маҷлиси намояндагон Сафаров Зайниддин, Файзуллозода Зафар, Азиззода Ғайрат, Назирӣ Гулбаҳор, Гиёзода Азиз муаррифи намуда, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.





Илова кунед