Дар шаҳри Санкт-Петербург нуҳумин Конгресси байналмилалии экологӣ доир шуд

27 Май 2021, Панҷшанбе

Имрӯз дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербург бо ташаббуси бевоситаи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия ва Вазорати захираҳои табиӣ ва муҳити зисти Федератсияи Россия  нуҳумин конгресси байналмилалии экологӣ  таҳти шиори «Экологияи сайёра — рушди устувор» баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи мазкур раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ суханронӣ намуд.
Конгресси мазкур  ба стратегияҳо ва лоиҳаҳои миллӣ дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист, масъалаҳои аз ҷиҳати экологӣ масъул, рушди «иқтисоди сабз», фарҳанги истеҳсолот, истеъмол ва тарзи ҳаёти солим бахшида шудааст.
Раёсати кумитаи тадорукоти Конгрессро Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии Давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва муовини Сарвазири Федератсияи Россия В.В. Абрамченко ба зимма доранд.
Платформаи мубоҳисавии конгресс барои муҳокимаи мавзӯъҳои калидӣ дар соҳаи ҳифзи табиат ва идоракунии муҳити зист, таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ дар ҳамоҳангсозии қонунгузории муҳити зист самаранок истифода мешавад.
Барномаи Конгресси IX байналмилалии экологӣ як пленум ва даҳ мизи мудавварро дар бар мегирад, ки ба таҳияи лоиҳаҳои миллӣ, ҳифзи захираҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ, сиёсати иқлим, энергияи сабз, маърифати экологӣ ва рушди устувори обанборҳо бахшида шудааст. Амнияти экологӣ яке аз мавзӯъҳои асосии конгресс хоҳад буд.
Рӯзномаи муҳтавои конгресси дар пешистода муҳокимаи панҷ лоиҳаи афзалиятнокро дар соҳаи экология ва иқлим дар бар мегирад, ки ба Стратегияи нави рушди иҷтимоию иқтисодии Федератсияи Россия то соли 2030 дохил карда шудааст ва барои расидан ба яке аз ҳадафҳои миллӣ — «Муҳити бароҳат ва бехатар барои ҳаёт» мусоидат менамояд.
Мавзӯи баланд бардоштани масъулияти экологии тиҷорат ва амнияти экологӣ низ дар конгресс дахл карда мешавад. Дар доираи чорабинии мазкур ҳамчунин аксияҳои экологӣ баргузор мешаванд.

Илова кунед