Таъсиси фраксияҳои ҳизбӣ

15 Апрел 2020, Чоршанбе

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз баргузор гардид дар баробари масъалаҳои дигари рўзнома таъсиси се фраксияи ҳизбӣ ва як гурўҳи вакилони ғайриҳизбӣ тасдиқ карда шуд.
Масълаҳои таъсиси фраксияҳои ҳизбӣ ва гурўҳи вакилони ғайриҳизбӣ дар Маҷлиси намояндагонро Раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор Ҷамшед Муртазозода муаррифӣ намуда, ин фраксияҳоро аз лиҳози қонунӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ асоснок хонд. Мавсуф таъкид намуд, ки «дар асоси моддаҳои 52 ва 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Боби 4 (бандҳои 100 - 114) Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон барои изҳори дастаҷамъонаи ақидаҳои сиёсии худ, амалӣ гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботӣ,  ҳуқуқ доранд дар фраксияву гурӯҳҳо муттаҳид шаванд».
Бино бар маълумоти Муртазозода Ҷамшед барои бақайдгирии ташкилотҳои вакилӣ ба Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон «ҳуҷҷатҳои фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои фракция аз «Ҳизби аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳуҷҷатҳои фракцияи «Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон» ва ҳуҷчҷатҳо аз гурўҳи вакилони ғайриҳизбӣ ворид гардиданд».
Тавре Ҷамшед Муртазозода аснои баррасии масъалаҳо иброз намуд, «ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дар мувофиқа ба талаботҳои қонунгузории мамлакат ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва пешниҳод гардида, ҳадафҳои фраксияҳои мазкур иборат аз ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд».
Бо чунин тарз аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қарорҳо оид ба таъсиси фраксияҳои ҳизбӣ ва гурўҳи вакилони ғайриҳизбии зерин ба тасвиб расид.
  1. Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) – иборат аз 42 нафар бо сарварии раиси фракция Сафарзода Бахтовар
  2. Фракцияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) иборат аз 7 нафар бо сарварии раиси фракция Латифзода Рустам
  3. Фракцияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) иборат аз 5 нафар бо сарварии Қудратов Рустам ва
  4. Гурўҳи вакилони ғайриҳизбӣ иборат аз 5 нафар бо сарварии Раҷабзода Равшан.

Илова кунед