Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар меҳвари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

01 Июн 2021, Сешанбе

Паёмҳои Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи муҳимми замони муосир буда, дар онҳо масъалаҳои мухталифи ҳаёти мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд. Чунончи, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак яке аз мавзӯъҳои меҳварии паёмҳои Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон мебошад.
Қобили зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пеш­вои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳта­рам Эмомалӣ Раҳ­мон дар паёмҳои худ ба Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои кӯдакон, таълиму тарбия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, кумаку дастгирии кӯдакони ятиму бесаробон ва маъюб таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлат меҳисобанд.
Сарвари давлат дар Паёми нахустинашон ба Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми апрели соли 2000 ба масоили кӯдакон дахл карда, зикр намуданд, ки дар шароити кунунӣ баҳри тарбияи шаҳрвандони асил вазифа аз он иборат аст, ки кӯдакон ба таҳсил аз хурдӣ омода шаванд, майлу хоҳиш ва ҷаҳонбинии онҳо васеъ гардад. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдор вазифадор гардиданд, ки баҳри таҳия ва табъу нашри асарҳои бадеӣ барои кӯдакони синни томактабӣ ва синни хурди мактабӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Мувофиқи моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад. Ҳамчунин, моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» муқаррар менамояд, ки кӯдакон ба таҳсил ҳуқуқ доранд ва ба онҳо таҳсилоти умумии миёна ва ибтидоии касбии ройгон ва таҳсилоти ройгони миёна ва олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешаванд. Кӯдакон аз муассисаи таълимии давлатӣ то гирифтани таҳсилоти умумии миёна ё ибтидоии касбӣ танҳо бо розигии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бо риояи тартиби умумӣ хориҷ карда мешаванд. Ба кӯдакони маъюбе, ки ба муносибати махсуси педагогӣ эҳтиёҷ доранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилот кафолат дода мешавад.
Бояд қайд кард, ки кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб таҳти ҳимояву ғамхории махсуси давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ба таъминоти иҷтимоӣ ва ҳимояи саломатӣ фаро гирифта шуда, барои таълиму тарбия ва беҳтар сохтани шароити зиндагии арзандаи кӯдакон пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми апрели соли 2005 Пешвои миллат ба кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб муроҷиат карда, изҳор намуданд, ки «шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар танҳоиву бесоҳибӣ намегузорам».
Дар асоси моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Вобаста ба масъалаи ақди никоҳ Роҳбари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми апрели соли 2010 сухан карда, бо мақсади беҳтар омода шудани ҷавонон ба зиндагии мустақил, таъмини шароити оилаю оиладорӣ ва тақвият додани риояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон зарур донистанд, ки ба қонунгузорӣ дар бораи аз 17 ба 18-солагӣ баланд кардани синну соли никоҳӣ тағйирот ворид карда шавад, то ин ки ҷавондухтарон ақаллан мактаби таҳсилоти умумии миёнаро хатм кунанд.
Дар натиҷа ба моддаи 13 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардида, синни никоҳӣ аз ҳаждаҳсолагӣ муқаррар карда шуд. Дар  ҳолатҳои  истисноӣ суд ҳуқуқ дорад дар асоси  хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳи  дар  ҳамин  модда барои марду зан муқарраршударо ба муҳлати на бештар аз як сол кам кунад. Ариза тибқи тартиби пешбурди алоҳида, дар суди маҳалли истиқомати шахсе, ки синнаш кам карда мешавад, баррасӣ мегардад. Ҳуқуқи оид ба ҳамин масъала муроҷиат намудан  ба суд аз синни ҳабдаҳсолагӣ фаро мерасад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити рушду камол ва тарбияи кӯдаки бепарастор дар оила ӯро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзандхондӣ қабул кардан мумкин аст. Дар ҳамин хусус, дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми апрели соли 2014 Сарвари давлат ба масъалаи фарзандхондӣ таваҷҷуҳ карда, бо дарназардошти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси фарзандхондӣ, ҳамзамон бо ин, низоми такмили қонунгузории оилавиро масъалагузорӣ намуданд. Дар ҳамин Паём Пешвои миллат ёдрас шуданд, ки «дар чандин суханрониҳои худ иброз дошта будам, ки ятимони куллро дар муҳити оила тарбия кардан ҳам беҳтар аст ва ҳам савоби бузург аст».
Ҳамин тавр, барои иҷрои талаботи Паёми зикргардид, ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус ба боби 19 (фарзандхондӣ) Кодекси мазкур тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.
Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми январи соли 2015 Сарвари давлат ба хотири таъ­ми­ни эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак мавҷудияти ни­ҳо­ди мах­сус вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро дар Тоҷикистон зарур дониста, пешниҳод карданд, ки «бо мақ­са­ди таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад».
Ҳамин тариқ, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» боби 51 (муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷум­ҳурии Тоҷикистон – Вако­лат­дор оид ба ҳуқуқи кӯ­дак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) ило­ва ворид карда шуд. Боби мазкур аз 7 модда иборат буда, дар он таъсиси вазифа, талабот нисбати номзад, тар­­тиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудан, ба ва­зифа шуруъ кардан, муҳлати ваколат ва дахлно­па­зирӣ, маҳдудиятҳо барои ишғоли вазифа, салоҳият, фаъ­олият ва кафолатҳои моддию иҷтимоии муовини Ва­ко­латдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии То­ҷи­кистон ва маърӯзаҳои ҳарсола ва махсуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак муқаррар карда шуданд.
Салоҳият, фаъолият ва кафолатҳои моддию иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи тартибе, ки Қонуни мазкур барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак амалӣ карда мешавад.
Мувофиқи Қонуни зикргардида вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии То­ҷи­кистон аз мусоидат намудан ба риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак; барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи кӯдак; такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак; баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак; ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак; рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва ғайра иборат мебошад.
Қобили тазаккур аст, ки  тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар мамлакат 1-уми июн ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» таҷлил карда мешавад, ки ҳадаф аз он эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, баланд бардоштани ҳисси ватанпарастиву миллатдӯстӣ ва болидану рӯҳбаландии кӯдакон мебошад.
Дар Паёми набатии  Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 низ ба масъалаҳои таълиму тарбияи кӯдакон эътибори махсус дода мешавад. Чунончи, Сарвари давлат дар Паём зикр намуданд, ки соли 2020 ҳамагӣ 14 муассисаи томактабӣ барои 2520 кӯдак бунёд гардидааст, ки ин нишондиҳанда ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.
Аз ин лиҳоз, роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бо ҷалби соҳибкорон ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати бунёди кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда, ба ин масъала бисёр ҷиддӣ ва бо масъулияти баланд муносибат намоянд.
Дар Паёми зикршуда Пешвои миллат хотирнишон сохтанд, ки «соли 2020 барои тақвият бахшидани дастгирии иҷтимоии нафақахӯрону маъюбон, кӯдакони ятим ва оилаҳои камбизоат як қатор чораҳои судманд роҳандозӣ гардида, ба зиёда аз 700 ҳазор нафар сокинон аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи беш аз 250 миллион сомонӣ кумакҳои иловагии иҷтимоӣ пардохта шуданд. Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд».
Роҳбари давлат бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, пешниҳод карданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад.
Нафақаи кӯдакони маъюби то 18-сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад.
Ҳамин тавр, барои иҷрои талаботи Паёми Президенти мамлакат аз 26-уми январи соли 2021 Фар­мони Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бо­раи зиёд намудани андозаи нафақаи гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъин ва пардохт мегардад» аз 28-уми майи соли 2021, таҳти №186 ба тасвиб расид. Тибқи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки амалигардонии фармони мазкурро дар соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пешбинишуда таъмин намояд.
Ҳамин тариқ, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъ­ми­ни эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, таълиму тарбия ва ҳифзи сиҳатии онҳо, таъминоти иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи кӯдакон нақши бағоят муҳим мегузоранд.
  
Фирӯз Сайнозимзода,
мушовири калони Кумитаи Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон

Илова кунед