Маҳмадтоир Зокирзода дар кори ҷаласаи Конфронси дуюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Покистон иштирок ва суханронӣ намуд.

01 Июн 2021, Сешанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳайати ҳамроҳони у Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттилоот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Саидмурод Фаттоҳзода дар кори ҷаласаи  Шӯрои   Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, ки таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Асад Қаӣсар дар шаҳри Исломобод баргузор гардид иштирок намуд.  
Дар ҷаласаи Шурои мазкур, дар қатори дигар масъалаҳо ҳисоботи натиҷаҳои якумин конференсияии Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, тасвиби оиномаи Ассамблея, дастурамали фаъолияти Ассамблея ва инчунин макон ва замони баргузории ҷаласаи ояндаи Созмони мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.  
Пас аз маросими расмгирии Сарони парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, рӯзи  1– уми июн ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси дуюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Ариф Алвӣ, Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Асад Қайсар, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, ва дигар намояндагони баландпояи парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони мазкур, аз ҷумла Раиси Ассамблеяи Бузурги Миллии Туркия Мустафо Сентоп,  дабири куллӣ Созмони Ҳамкориҳои Ӣқтисодӣ Ҳоди Сулаймонпур ва дигарон  ба кори  худ оғоз намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар Конфронси мазкур вобаста ба масъалаи баррасишаванда - «Мусоидат ба шарикии байнипарлумонӣ баҳри ҳамгироии минтақавӣ» баромад намуда, изҳор дошт:
Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ариф Алвӣ, Муҳтарам Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Асад Қайсар, роҳбарони муҳтарами ҳайатҳо, хонумон ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама ба Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Асад Қайсар барои дар сатҳи баланди ташкилӣ омода намудани 2-юмин Конферонсияи генералии Ассамблеяи Парламентии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва пазироиву меҳмоннавозӣ миннатдории самимии худро иброз менамоям.
Мулоқоту музокироти навбатии роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзои Ассамблеяи Парламентии Созмони ҳамкории иқтисодӣ масъалаҳои муҳимро фаро мегирад, ки  мо қабули санадҳои дахлдорро барои ҳалли онҳо қобили қабул мешуморем.
Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Созмонро муносибатҳои зичи дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд ба ҳам пайвастааст. Рушди босамари муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳои аъзо исботи ин гуфтаҳост.
Бояд зикр кард, ки масъалаи рушд ва таҳкими муносибатҳо бо давлатҳои аъзои Ассамблеяи Парламентии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми махсус дорад ва дар ин самт кишвари мо ба тавсеаи ҳамкориҳои судманд бо ҳамшарикони худ дар ҳамаи соҳаҳо аҳамияти хоса медиҳад.
Дар ин росто Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳким ва самарабахш анҷом додани муносибатҳои байнипарламентӣ бо кишварҳои аъзои Ассамблеяи Парламентии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ гурӯҳҳои дустӣ таъсис дода, тавассути он робита ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ намудааст.

Дар баробари таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани Ассамблеяи Парламентии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки бо ташаббуси кишвари ба мо дӯсту бародари Покистон арзи ҳастӣ намуд, кишварҳои аъзои он имкониятҳои васеи рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро пайдо намуданд.
Дар ин давра дар доираи муносибатҳои кишварҳои аъзои Ассамблеяи Парламентии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва созишномаҳои қабулшуда, лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика, савдо, ҳамлу нақл, саноат ва кишоварзӣ таҳия ва татбиқ гардидаанд.     
Аз ҷумла, моҳи марти соли 2017 дар шаҳри Исломобод зимни баргузории Саммити 13-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ санади дахлдор қабул гардид, ки самтҳои ассосии фаъолияти Созмонро дар солҳои наздик дарбар мегирад.
Боиси ёдоварист, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 13-умин Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки якуми марти соли 2017 дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид, иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлати мо аз фаъолияти Созмон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуданд, ки ба шарофати талошҳои муштарак заминаи ҳуқуқии ҳамкории ҷонибҳо дар самтҳои афзалиятнок ташаккул ёфта, ҷиҳати густариши тиҷорати байни кишварҳои аъзо, рафтуомади мардум ва ҳамлу нақли транзитӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Натиҷаи чунин талошҳо буд, ки як қатор барномаҳои муҳимми инфрасохторӣ татбиқ гардида, ҳамкориҳои гуманитариву фарҳангӣ густариш ёфтанд.
Инчунин ҳиссаи кишварҳои аъзои созмон дар гардиши савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд карда, ҷойгоҳи хосса пайдо намуд.
Муҳтарам иштирокдорони Конференсия!
Ассамблеяи Парламентии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ барои густариш ва таҳким бахшидани ҳамкориҳои байнипарламентии кишварҳои аъзои созмон нақши калидӣ дорад.
Самтҳои муайян намудаи Ассамблеяро заминаи мусоид барои ҳамкории самарабахши ҷавобгӯ ба манфиату ормонҳои миллии кишварҳои аъзо арзёбӣ намуда, мусоидати Парламентҳои кишварҳои аъзои созмонро таҳкимбахши муносибатҳои минтақавӣ меҳисобам.
Возеҳ аст, ки ягон давлати дунё бе ҳамгироии иқтисодӣ барои беҳтар кардани шароити зиндагии мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор муяссар намегардад.
Ба хусус дар шароити таъсири паёмадҳои бемории сироятии КОВИД-19, ки  боиси таназзул ва мушкилоти дорои хусусияти иҷитимоиву иқтисодиёти ҷаҳонӣ гардид.
Дар ин раванд татбиқи рушду тавсеаи шаклҳои мухталифи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи Ассамблеяи парламентӣ мавқеи муҳимро касб намуда, бобати бартараф намудани паёмадҳои пандемия мусоидат менамояд.
Мутмаинам, ки мақсад ва ҳадафҳои ҳамоиши имрӯза боз як омили муассире дар тақвияти ҳамкориҳои судманди иқтисодии кишварҳоямон хоҳад шуд.
Дар иртибот ба нуқтаҳои болозикр, ба кори Конфренсияи имрӯза барору комёбӣ орзу менамоям.
Маърӯзаи Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки фарогири мавзӯъ ва масъалаҳои муҳиму сатҳи ҷаҳонидошта буд, аз ҷониби ширкаткунандагони ин Конфронс бо иҳтимом ва самимияти хоса шунида шуд.
Дар хотима, дар назди иштирокчиёни кори Конфронси дуюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Ариф Алвӣ  аз рӯи масъалаи баррасишуда баромад намуда, иброз намуд, ки  баргузории Конфронси мазкур барои таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои аъзои Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамзамон омили муҳим ҷиҳати густариш пайдо кардани муносиботи байнипарлумонӣ миёни кишварҳои аъзо ба шумор меравад.
Конфронси дуюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ пагоҳ дуюми июн кори худро дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломободи Покистон идома медиҳад.

        

Илова кунед