Дар Маҷлиси намояндагон мизи мудаввар баргузор гардид

04 Июн 2021, Ҷумъа

Имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон,  роҳбарони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳамкориҳои байнисоҳавӣ дар самти рушди соҳаи маориф» баргузор гардид.
Дар назди иштирокчиёни ин нишаст  муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баромад намуда, иброз намуд, ки Асосгузори  сулҳу  ваҳдати   миллӣ  - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  соҳаи маориф ва илмро ҳамчун самти афзалиятнок эълон намуда, омили муҳимтарини таҳкими давлатдории миллат номиданд.

Бо мақсади роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои байнисоҳавӣ,  тақвият бахшидани рушду инкишофи соҳаи маориф ва илм,  сатҳу сифати донишомӯзии толибилмон дар ҳама зинаҳои таҳсилот ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар вазорату идораҳои дахлдор пайваста тадбирҳои судманд меандешанд.
Лозим ба  зикр аст, ки  тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ  соҳаи  маориф  ва  илм  дар  ҳамкорӣ  бо дигар мақомоти марбута зина ба зина ба  дастовардҳои  назаррас  ноил  гардида,  бо мақсади  ба  танзим  даровардани фаъолияти муассисаҳои  таълимию  илмӣ  чандин санадҳои  меъёрии  ҳуқуқиро  таҷдиди назар, таҳия  ва  тасдиқ намуда,  барои рушди   соҳаи маориф ва илм заминаи  мусоид  фароҳам  овардаанд.
Мизи мудаввари имрӯза тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини фаъолияти Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати  шашум,  оид ба иҷрои вазифаҳои нуқтаҳои Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар иртибот ба талаботи Дастури  Маҷлиси  намояндагон, инчунин бо мақсади мусоидат намудан ба ҳадафҳои аслии давлат ва ҳукумати  кишвар  дар бунёди ҷомеаи мутамаддини демократӣ, ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ  ва роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои байнисоҳавӣ дар соҳаи маориф баргузор  мегардад.
Масъалаи ҳамкории сохторҳои гуногуни давлатӣ бо мақсади танзим ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, дониши хонадагон ва омода намудани мутахассисон масъалаи рӯзмарра буда, Сарвари давлат дар Паёми соли 2019 ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки: “роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу  сифати  таълимро  дар  ҳар  як муассисаи таълимӣ, сарфи  назар  аз  шакли  моликияти  онҳо  ва дар ҳамаи зинаҳои  таҳсилот  баланд  бардоранд”. 
Бинобар ин, мо  тасмим гирифтем, ки ин масъаларо баррасӣ намуда камбудӣ ва норасоиҳо, инчунин сабабу омилҳое, ки садди ҳамкориҳо миёни соҳаҳо мешаванд, муҳокима намоем ва роҳҳои бартараф намудани онро муайян намоем.

Боварӣ дорем, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор дар  амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии  кишвар  барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо ҷиҳати рушду таҳкими соҳаи маориф  минбаъд низ  тадбирҳои судманд меандешанд.
Дар назди ҳозирин аз рӯи масъалаи рӯзнома ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагон Наҷмиддиниён Файзулло, Шарофзода Гавҳар, Саломиён Муҳаммадовуд - муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадуллозода Бахтовар Зафар - Сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сидиқов Нозим - Сардори шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбии Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва  шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузориши муфассал баромад намуданд.
Дар интиҳо аз рӯи масъалаи баррасишуда қарори дахлдор қабул карда шуд.




Илова кунед