Вакилони Маҷлиси намояндагон бо вакилони парлумони Эрон мулоқот намуданд

08 Июн 2021, Сешанбе

Имрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот  Саидмурод Фаттоҳзода ва Раиси комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода бо вакилони парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳди Туғёнӣ ва Муродиён, ки дар ҷумҳурии мо бо сафари корӣ қарор доранд мулоқот намуданд.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносиботи ду кишвари дӯст баррасӣ шуд. Бештар ба масъалаҳои вобаста ба татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва илму фарҳанг мароқ  зоҳир карда шуд.
Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои муштарак дар масъалаи омӯзиши таъриху фарҳанг, забону адабиёти муштараки мардумони порситабор ба хусус, дар матни дастнависҳои маҳфуз монда хидмати мондагоре дар бахши эрошшиноси хоҳад буд. Ҳамчунин ҳамкории муштарак дар бахши омода  намудани олимон ва мутахассисони ҷавон дар бахши илмҳои дақиқ  дар ҳамкориҳои оянда мувофиқи мақсад дониста шуд. Илова бар ин зикр гардид ки омӯзиши фарҳанги яғноб, язғулом ва дар маҷмуъ забонҳои помири ҳамчун гуишҳои забони порсии қадими шарқӣ ва зарурати омӯзиши ҳамин бахшҳо таваҷҷӯҳи олимони соҳа ҷалб карда шуд.
Масъалаи омӯзиши муштараки дастнависҳои шарқӣ ба хусус давраи баъд аз қарми 15 мелодӣ то ибтидои асри 20 ҳануз мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор нагирифтааст, ки таваҷҷӯҳи олимони соҳаро ба ин раванд ҷалб кардан лозим меояд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчунин таъкид намуданд, ки Эрон ва Тоҷикистон ҳамвора ду кишвари дӯсту бародар буда ва дар оянда низ дар масири тавсеа ва таъмиқи дӯстиҳо ва бародариҳо ҳаракат хоҳанд кард.

Илова кунед