13 июн Рӯзи кормандони соҳаи саноати сабук

08 Июн 2021, Сешанбе

Барои рушди саноати сабук тамоми имкониятҳо мавҷуд аст

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 26-уми декабри соли 2018 нақш ва аҳамияти соҳаи саноатро дар рушди иқтисодиёти миллӣ муҳим шуморида, пешниҳод намуданд: «Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.» Ҳар як пешниҳоди дурандешонаи Сарвари давлат роҳнамое мегардад барои пешрафти корҳо дар соҳаҳои гуногун. Ҳамин тавр, баъди эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаю стратегияҳои давлатӣ дар самти рушди соҳаи саноат таҳия ва тасдиқ карда шуданд. Аз ҷумла, Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29 марти соли 2019, №128) имрӯзҳо татбиқ мегардад. Инчунин соли 2019 Барномаи рушди саноати хуроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ва Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 қабул шуд.
Роҳандозӣ гардидани ин барномаҳо ва нақшаҳои дигар имкон доданд, ки дар мамлакат теъдоди корхонаҳои саноатӣ афзоиш ёфта, одамон ба шуѓли доимӣ ҷалб шаванд. Айни ҳол шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида то соли 2025 бояд ба зиёда аз 3500 расонида шавад.  Агар рақамҳоро ба соли аввали соҳибистиқлолӣ қиёс намоем, маълум мегардад, ки чораю тадбирҳои андешидашуда ба рушди бемайлони соҳа мусоидат кардаанд. Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бақайд гирифта шуда бошад, пас танҳо соли 2020-ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар натиҷа соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,7 % афзоиш ёфт. Ҳиссаи соҳаи саноат низ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст.
Дар соли соли 2020 бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 корхонаю коргоҳи нав бо таъсиси зиёда аз 1600 ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Аз ҷумла, дар соҳаи саноати сабук 32 корхонаю коргоҳи нав ба истифода дода шуда, зиёда аз 600 шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин карда шудаанд. Самти фаъолияти корхонаю коргоҳҳои навтаъсис ба коркарди нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, ҷӯроб, халтаҳои полипропиленӣ, пахтаи кӯрпабоб, пойафзол ва мебел равона карда шудаанд.
Тавре ба ҳама маълум аст, соли 2020 авҷи паҳншавии бемории сироятии коронавирус буд, ки таъсири манфии он ба ҳама соҳаҳо расид. Аз ҷумла, дар ҷумҳуриамон низ  истеҳсоли баъзе маҳсулот коҳиш ёфта, баръакс бисёр корхонаҳои саноатӣ шакли фаъолияти худро каме таѓйир доданд. Тибқи маълумотҳое, ки аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардид, ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ аз ҷониби як қатор корхонаҳои саноати сабук дар давраи соли 2020 истеҳсоли номгӯи нави маҳсулот, ки ивазкунандаи воридот ба шумор мераванд, аз ҷумла дока, ниқоб ва халатҳои махсуси муҳофизатии тиббӣ ба роҳ монда шуд. Бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 сентябри соли 2020, №491 тасдиқ гардид, ки тибқи он дар ин давра номгӯи мавод барои истеҳсоли воситаҳои безараргардонӣ, доруворӣ ва либоси муҳофизаткунанда ҳангоми воридот аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда шуд. 
Тибқи маълумоти оморӣ дар соли гузашта 57 корхонаи соҳа дар соли 2020 ба миқдори 9424,5 ҳазор дона ниқоби тиббӣ, 19 корхона 61229 дона халати муҳофизатии махсусро истеҳсол намуда, ба муассисаҳои тандурустӣ интиқол додаанд. Илова бар ин ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «САТН» ва «Ҷавонӣ» 2 млн. 700 ҳазор дона ниқобҳои тиббиро ба Ҷумҳурии Италия содирот намудаанд, ки шаҳодати рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои хориҷи кишвар мебошад.
Корхонаҳои  соҳаи саноати сабук бо дар назар доштани корхонаҳои пахтатозакунӣ ба маблаѓи 3 млрд. 140,3 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба соли 2019 - ум 339,3 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 112,1 фоиз таъмин шудааст. Саҳми соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 10,2 фоизро ташкил намуд. Дар ин давра дар кишвар 101,5 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол гардид, ки нисбат ба як соли пешин ба миқдори 993 тонна кам мебошад. Дар соли 2020 ба миқдори 19286,9 тонна ресмони пахтагин истеҳсол гардид, ки ин дар қиёс ба соли 2019 ба миқдори 3,0 ҳазор тонна кам буда, суръати афзоиш ҳамагӣ 86,3 фоизро ташкил дод.
Яке аз омилҳои асосии коҳишёбии истеҳсоли ресмони пахтагин ин бевосита таъсири пандемияи коронавирус COVID-19 ва пастравии нархи он дар бозорҳои ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон самаранок истифода нашудани иқтидорҳои мавҷуда ба кам гардидани истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои коркарди нахи пахта боис шуд.
Истеҳсоли ҷӯробҳои пахтагин дар соли 2020 ба зиёда аз 7,8 млн расонида шуд, ки назар ба соли 2019 ба миқдори 3,7 млн ҷуфт зиёд мебошад. Аммо истеҳсоли қолин(2 млн 657,6 ҳазор метри мураббаъ) нисбат ба соли гузашта 1,7 млн метри мураббаъ кам мебошад. Зиёда аз 1,5 моҳ баста шудани бозорҳои дохилӣ ва аз ин ҳисоб суст гардидани фурӯши қолин сабаби асосии пастравии истеҳсолот дар ин соҳа маҳсуб меёбад. Тибқи таҳлилҳои Гурӯҳи доимоамалкунандаи коршиносон оид ба такмили фишангҳои тарифию ѓайритарифии савдои хориҷии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҷумҳурӣ талабот ба маҳсулоти қолинӣ дар як сол 7,5 млн метри мураббаъро ташкил дода, дар соли равон талаботи бозори дохилӣ бо қолини ватанӣ ҳамагӣ 34,7 фоиз таъмин карда шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли мебел дар ҷумҳурӣ ба 60 млн сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш назар ба ҳамин давраи соли гузашта 112,4 фоизро ташкил дод.
Дар соҳаи саноати сабук рушди соҳаи пиллапарварӣ нақши муҳим дорад. Аммо, бинобар номусоид омадани боду ҳаво дар як қатор шаҳру ноҳияҳо соли гузашта, ба нашъунамои дарахтони тут, ки базаи хӯроки кирмак ба ҳисоб меравад таъсири манфӣ расонид ва ин асосан боиси коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли пилла гардидааст. Дар натиҷа соли 2020 ба миқдори 383 тонна пилла истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2019- ум 384 тонна кам мебошад.
Зимни таҳлили бахшҳои гуногуни соҳаи саноати сабук ҳамзамон маълум гардид, ки содироти маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноати сабук ба хориҷи кишвар 199 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 ба маблаѓи 4,0 млн доллари ИМА коҳиш ёфтааст. Сабаби ин асосан аз ҳисоби пастравии нархи нахи пахта ва ресмони пахтагин дар бозорҳои ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад. Инчунин бинобар хуруҷи бемории коронавирус ва баста шудани сарҳадоти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия, ки маҳсулоти саноати сабук содирот мегардид, сабаби коҳишёбии ҳаҷми содирот гардидааст.
Дар маҷмӯъ тибқи маълумот ва таҳлили вазорату идораҳои марбута дар соли 2020 дурнамои нишондиҳандаҳои барномавии истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, кешбофӣ, ҷӯробу пайпоқ, пойафзол, мебел ва матои адрас аз нақша барзиёд иҷро шуда бошад, аммо нишондиҳандаҳои истеҳсоли ресмону матои пахтагин ва коркарди пӯст дар сатҳи аз 34,3 то 91,0 фоиз иҷро шудаанд. 
Бо вуҷуди мушкилот таи ду - се соли охир дар соҳаи саноати сабук мунтазам пешравиҳои назаррас ба чашм мехӯрад.  Бо таваҷҷуҳи бештар ба ин соҳаи муҳим он метавонад дар афзоиши ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ низ саҳм гузорад.  Матоъҳои пахтагин ва абрешимии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар талаботи зиёд дорад. Бинобар бештар кардани теъдоди корхонаҳои истеҳсолии саноати сабук тақозои давру замон аст.
Ҳамзамон рушди қолинбофӣ, истеҳсоли маҳсулот аз чарму пашми чорво зарур аст. Дар ин замина мехоҳам махсус таъкид намоям, ки солҳои охир дар минтақаҳои гуногун чорводорӣ эҳё ва рушд меёбад. Аммо, ба мушоҳида мерасад, ки на ҳама вақт пашму пӯсти чорво самаранок истифода мегардад. Махсусан аҳолӣ баъди забҳи чорво пӯсту пашми  онро ба партовгоҳ бурда мепартоянд. Барои ин хуб мебуд дар деҳот марказҳои қабули ашёи хоми зикршуда ва  дар марказҳои ҷамоатҳои деҳот фаъолияти корхонаҳои коркарди пӯсту пашм ба роҳ монда шавад.
Итимон дорем, ки иҷрои дастуру спуоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи бомуваффақияти  Стратегияю барномаҳои қабулшуда, ки имрӯзҳо идома дорад, дар оянда рушди саноати сабукро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
Аз фурсат истифода бурда кормандони соҳаи саноати сабукро бо иди касбиашон муборакбод мегӯем ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созанда барояшон комёбиҳо таманно дорем.
 
Холбойзода Неъматулло Холбой,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед