Созишномаҳо ба тасвиб расиданд

09 Июн 2021, Чоршанбе

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид Созишномаи дастгирӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кўлоб», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон», Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе», Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе»,  Созишномаи дастгирӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе», Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд,  Дар бораи мактуб-созишномаи Гранти Фонди трастии донории бисёрҷонибаи Барномаи рушди ҳамкорӣ ва савдо дар Осиё (БРҲСО) барои лоиҳаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, Дар хусуси «Илова ба Созишнома оид ба маблағгузории Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон (D604-TJ)», Созишномаи маблағгузорӣ (маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) ва Созишномаи маблағгузорӣ (маблағгузории дуюми иловагӣ барои Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушдро мавриди баррасӣ қарор дода Созишномаҳои мазкурро ба тасвиб расониданд.

Созишномаҳои мазкурро масъулини соҳа -вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин, вакилони Маҷлиси намояндагон Шамсидинзода Мавзуна, Маҳмудзода Музафарҷон, Ғаффорзода Абдуҳалим,  Аҳмадзода Бахтиёр ва Обидзода Фозил ба  вакилони Маҷлиси намояндагон муаррифи намуданд.

Илова кунед