Вакилони Маҷлиси намояндагон бо Сафири Эстония дар Тоҷикистон мулоқот намуданд.

09 Июн 2021, Чоршанбе

Имрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот  Саидмурод Фаттоҳзода ва Раиси комиссияи назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон Ҷамшед Муртазозода бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Эстония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хейти Мяемеэс ва ҳамроҳони ӯ мулоқот намуданд.
Дар мулоқот масоили ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуд.
Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла бо назардошти имконоти нави воридшавӣ ба бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои байнипарлумонӣ, ҳамчунин кишоварзӣ ва ҷаҳонгардӣ дорои дурнамои умедбахш номида шуд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илму техника ва фарҳанг сурат гирифт.
Дар ин нишаст ҳамчунин таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои барои ҳарду ҷониб судбахш ва таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ зоҳир карда шуд.
Дар интиҳо таъкид карда шуд, ки ҳамкорӣ миёни ду кишвар, ки ҷавобгӯи манфиатҳои аслии тарафайн мебошанд, ба зинаи боз ҳам баландар рушд хоҳанд ёфт.




Илова кунед