Ҷаласаи Шӯрои коршиносони Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ оид ба илм ва маориф баргузор гардид.

11 Июн 2021, Ҷумъа

Имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия  нахустин ҷаласаи Шӯрои коршиносони  Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои  ИДМ оид ба илм ва маориф, дар реҷаи фосилавӣ (он-лайн) баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи Шӯрои мазкур Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои коршиносон масъалаҳои зерин « Дар бораи самтҳои кори Шӯрои экспертӣ оид ба илм ва маориф дар Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Дар бораи санадҳои меъёрию  ҳуқуқии Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи илм ва маориф» ва «Макон ва баргузории ҷаласаи дуюми  Шӯрои коршиносони  Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои  ИДМ оид ба илм ва маориф» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Шӯрои коршиносон як мақоми машваратии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  мебошад, ки бо мақсади кумаки коршиносон ба Ассамблея дар масъалаҳои ба ҳам наздик намудани қонунгузории кишварҳои Иттиҳод дар соҳаи илм ва маориф таъсис ёфтааст.
Шӯрои экспертӣ олимон ва мутахассисони маъруфи соҳаи илм ва маорифро дар бар мегирад, ки намояндагони ҳамаи давлатҳо - аъзои АБ  ИДМ мебошанд. Раиси Шӯрои коршиносон ректори Донишгоҳи политехникии шаҳри Санкт-Петербург, узви Академияи илмҳои Россия, доктори илмҳои техникӣ, профессор Андрей Рудской мебошад.
Дар ҷаласа ҳамчунин баррасии самтҳои кори Шӯрои экспертӣ ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба ташаккули нақшаҳои дарозмуддати қонунгузории намунавӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,  дар соҳаи илм ва маориф мавриди муҳокима қарор гирифта аз рӯи масъалаҳои баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Илова кунед