Таҳкимбахшандаи истиқлол ва заминагузори рушд

14 Июн 2021, Душанбе

Истиқлолият, ҳамон гунае, ки баъзе мепиндоранд, барои кишвари мо осон ба даст наомадааст. Он натиҷаи заҳмату талоши фарзандони фарзонаи миллат аст. Барои соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, ки як пораи хоки аҷдодист, ҳанӯз солҳои 20-уми асри гузашта замина гузошта шуда буд. Агар кишвари мо чун давлати мустақил дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис намеёфт, ба ин ормони миллӣ даст ёфтан шояд мушкилтар мегардид. Баъзе аз ҳамватанон гоҳе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори омма истиқлоли Тоҷикистонро натиҷаи пошхӯрии давлати шӯравӣ медонанд. Шояд чунин ҳам бошад. Лекин аз ин ҳодисае, ки дар дигаргун кардани тақдири халқу миллатҳои гуногун нақш гузоштааст, барои кишвари мо зарбаи ҳалокатбор зад. Ҳанӯз пеш аз эълон шудани истиқлол гурӯҳбозиҳо дар ҷумҳурӣ шуруъ шуд. Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар шароите қабул гардид, ки вазъи сиёсии давлат ноустувор буд. Майдоншиниву гурӯҳбозӣ Тоҷикистони тозаистиқлолро ба ҷанги шаҳрвандӣ мубтало кард. Хавфи пора шудани давлат ва парешон шудани миллат таҳдид мекард. Давоми як соли аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарони олии кишвар зуд-зуд иваз мешуданд, аммо вазъ ҳанӯз ҳам муташанниҷ боқӣ мемонд. Оқибат вазъ ба андозае шиддат гирифт, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе гузаронидани ҷаласаҳои Шӯрои Олӣ номумкин гардид. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи 12 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор шавад. Дар иҷлосияи мазкур Ҳукумати конститутсионӣ бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон барқарор шуд, ки навид аз пирӯзии адолат бар ҷаҳолат медод.
Роҳбари ҷавони давлат тамоми тадбирҳоро барои ба эътидол овардани вазъ андешид ва бо ҷидду чаҳди шабонарӯзӣ ниҳоят сулҳу ваҳдати деринтизорро 27 июни соли 1997 ба Ватан баргардонд. Аз ин рӯ, аксари сиёсатмадорону соҳибназарон Ваҳдатро чун таҳкимбахшандаи истиқлол маънидод карда, арзиши онро ба соҳибихтиёрии давлат дар як радиф мегузоранд. Воқеан, маҳз Ваҳдати миллӣ омили асосии таконбахшандаи рушди кишвар гардид. Дар натиҷаи ҷанги бародаркуш, ки зиёда аз 150 ҳазор нафар куштаву ҳазорҳо нафар бе ҷойи зист монда ба иқтисоди давлат миллиардҳо доллари ИМА зарар расид, барқарор кардани он вақти зиёдро талаб мекард. Аммо кишвари мо дар як муддати кӯтоҳ  оқибатҳои ҷанги хонумонсӯзро рафъ карда, рушди иқтисодиву иҷтимоиро таъмин намуд.
Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳким бахшидани он вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди кишвари соҳибистиқлоли мост. 
Аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имсол 24 сол сипарӣ шуд, ки барои миллати сарбаланди мо марҳилаи бобарори созандагию пешрафт ба ҳисоб меравад. Дар ин муддат мо воқеан ба дастовардҳои беназир ноил гаштем ва сатҳу сифати зиндагии мардум ба маротиб баланд гардид.
Имрӯз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ба арсаи созандагиву ободкорӣ табдил ёфтааст. Дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ин раванд бо суръат идома дошта, даҳҳо мактабу беморхона, иншоотҳои варзишӣ, роҳу пул ва нақбҳо, иншоотҳои энергетикӣ ва корхонаҳои хурду бузурги саноатии зиёд сохта ба истифода дода шуданд.
Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба як мактаби эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфта, барои ҳамешагӣ вориди рӯзгори мо шуд ва пояҳои давлатдорию давлатсозиамонро боз ҳам таҳким бахшид. Имрӯз кишвари соҳибистиқлоли моро зиёда аз 190 давлати ҷаҳон эътироф кардаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви созмонҳои минтақавию байналмилалӣ буда, дар баробари рафъи мушкилоти дохилӣ, ҳамчунин доир ба мушкилоти ҷаҳони имрӯз, ки ба кулли сайёра хатар дорад, бетараф нест. Садои Тоҷикистон аз минбарҳои бонуфузи созмонҳои ҷаҳонӣ баланд мешавад. Бо шарофати сулҳу оромӣ Тоҷикистон макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилаливу минтақавӣ гардидааст. Давоми солҳои охир дар кишвари мо чандин чорабинӣ вобаста ба об, терроризму экстремизм ва дигар масъалаҳои глобалӣ баргузор гардидааст. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз барқарор кардани сулҳу ваҳдат дар кишвар ва таъмини амният ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ба масъалаҳои глобалӣ таваҷҷуҳ карданд. Инак, зиёда аз 20 сол аст, ки Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир, аз қабили тағйирёбии иқлим, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фақру гуруснагӣ ва норасоии оби ошомиданӣ пешсаф буда, бо пешниҳоду таклифҳои саривақтӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб кардааст. Дар ин самт, метавон аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи ҷаҳонӣ кардани мушкилоти вобаста ба об ёдовар шуд.
Ҳамаи пешрафтҳо аз баракати Ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, сулҳу суботи пойдор, заҳмати пурмаҳсули мардум зери раҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат мебошанд. Миллати тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои куҳанбунёду фарҳангӣ, мутамаддину хирадпеша ва сулҳхоҳу ботаҳаммул мебошад. Дар марҳилаҳои таърихӣ ва тақдирсоз метавонад, ки роҳи дурустро интихоб намуда, ба марому мақсадаш расад.
Мо, шаҳрвандони Тоҷикистонро мебояд, ки дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, барои бегазанд мондани онҳо тамоми қувваамонро истифода кунем. Зеро, агар Истиқлолият шарафи давлати миллӣ бошад, ваҳдати комил таҳкимбахашандаи он аст!
 
 
Абдуҷаббор Умаров,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед