Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» дар Маҷлиси намояндагон ҷамъбаст гардид

15 Июн 2021, Сешанбе

15.06.2021. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология», ки ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд ҷамъбаст гардид.
Бояд қайд намуд, дар ин муддат аз ҷониби аҳли зиё ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла олимону рӯзноманигорон, мутахасситсони касбӣ,  омӯзгорони муассисаҳои олӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, унвонҷӯёну аспирантон, инчунин мактаббачагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ,  аз тамоми шаҳру навоҳи ва минтақаҳои ҷумҳурӣ, ҳамагӣ бо теъдоди 83 нафар асару мақолаҳо, гузоришу нигоришҳо ва маводҳои худро бо забонҳои давлатӣ (64 адад), русӣ (18 адад) ва англисӣ (4 адад) пешниҳод намуданд. Комиссияи озмунии Комиссияи Экологӣ маводҳоро тибқи салоҳияти худ мавриди омӯзишу таҳлил ва баррасӣ  қарор дод.

Аз теъдоди умумии иштирокчиёни озмун  -16 нафар рӯзноманигорони касбӣ, аз ҷумла муҳаррирони рӯзномаҳои «Садои мардум», “Ҷумҳурият”, «Инсон ва табиат», «Ҷавонони Тоҷикистон»,  «Ваҳдат», маҷаллаҳои “Ҳифзи табиат”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Сарзамин”-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дин ва ҷомеа», олимони соҳаҳои гуногун: 8- нафар докторони илм ва профессорон, 17- нафар номзадҳои илм,  8 нафар унвонҷӯёну аспирантон, коршиносони масоили экологӣ, нависанда ва адибон, 12 нафар кормандону мутахассисони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳӣ, 4- нафар донишҷӯён ва магистрони  муассисаҳои олӣ, 9 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияҳо, 7 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияву муассисаҳои таълимии хонандагони лаёқатманд, инчунин 2 нафар тарбиятгирандагони кӯдакистон ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуданд.
Ҳамин тариқ Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси омӯзишу таҳлили асару мақолаҳои ба Озмун пешниҳодшуда ва бо назардошти муқаррароти «Низомнома дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология», ки бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2020, тасдиқ шудааст, баррасӣ намуда,  қ а р о р   м е к у н а д:

  1. Як ҷойи якум. Диплом, мукофоти пулӣ ба андозаи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ва туҳфаи хотиравӣ дода шаванд:
 – Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, муовини якуми директри Маркази  миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таҳияи китоби «Ҳуқуқи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Китоби мазкур дар чунин шакл аввалин маротиба бо забони давлатӣ нашр шуда, бо фарогирии масъалаҳои ҳуқуқи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои мубрами назариявию амалии он пешниҳод шудааст.
  1. Чор ҷойи дуюм. Барои ҳар як ғолиб Диплом, мукофоти пулӣ ба андозаи 1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ дода шаванд:
- Рӯзномаи «Инсон ва табиат» ва маҷаллаи «Ҳифзи табиат»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои инъикоси нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳаллу фасли масъалаҳои экологӣ, дурнамои рушди агроэкотуризм дар Тоҷикистон, татбиқи технологияҳои “сабз” дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, бахусус мавзӯҳои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии экологии аҳолӣ.

- Мерганов Далер Абдуллоевич – муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», барои силсилаи мақолаҳо оид ба  мавзӯи экология дар китоби «Нахли  ҳақиқатбор».
- Маҷаллаи «Сарзамин»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои инъикоси масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки обу замин, пешгирии шӯршавӣ, эрозияи замин, мавзӯҳои сарфаи об, тағйирёбии иқлим ва дигар матолиби марбут ба ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии мардум.  
- Давлатов Мираҳмад Одинаевич –муовини аввали директори Раёсати хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон, барои мақолаи “Аз пайи ҳифзи ҷангал” дар мавзӯи беҳдошти муҳити  зист, рушди ҷангалзорҳои вилояти Хатлон.
  1. Панҷ ҷойи сеюм. Барои ҳар як ғолиб Диплом, мукофоти пулӣ ба андозаи 1000 (як ҳазор) сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ дода шаванд:
- Каримова Умринисо Давлатбековна – омӯзгори фанни биологияи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Дар мақолаҳои худ оид ба тарбияи маърифати экологии аҳолӣ масъалаҳои муҳимро дарҷ намуда, диққати ҷиддиро ба ҳифзу беҳдошти муҳити зист ва ҳолати экологӣ равона кардааст.
- Шерхонов Азизмад – раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Табиатдӯст»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, вилояти Хатлон, барои силсилаи мақолаҳои пешниҳоднамудаи муаллиф оид   ба таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳаёти имрӯзаи инсон, аз он ҷумла хушксолӣ, обшавии бесобиқаи пиряхҳо ва обхезиҳо.  
- Собиров Мурод Собитҷонович – номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсенти кафедраи геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, дар ҳаммуаллифӣ бо Ҳусейнов Муҳаммадҷон Салоҳуддинович – муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, барои мақолаи “Сиёсати экологӣ, нақши истиқлоли Давлатӣ дар ташаккул ва рушди соҳаҳои муҳими ояндасоз”, доир ба ташаккули сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Сунатов Сайфиддин Наҷмиддинович (Сайфиддин Суннатӣ) - муҳаррири шуъбаи сохтори давлатӣ, қонунгузорӣ ва тартиботи ҳуқуқии рӯзномаи «Садои мардум», барои  силсилаи мақолаҳо дар мавзӯи экологӣ, ки масъалаҳои муҳими  тарбияи экологии аҳолӣ, оқилонаву самаранок истифодабарии сарватҳои табиии кишвар.
- Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, барои силсилаи асарҳои илмӣ дар мавзӯъҳои модели минтақавии таъминоти амнияти обию барқӣ дар шароити тағйирёбии иқлим.
Ҳамчунин мувофиқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон туҳфаҳои пулӣ ва молӣ барои иштирокчиёни фаъол аз ҷумла :
пулӣ - 12000 сомонӣ (барои 20 ҷой)
молӣ - 4500  сомонӣ (барои 20 ҷой) ба иштирокчиёни озмун супорида шуд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳамадраҳим Юсуфӣ дар маросими тантанавӣ ба ғолибони озмун туҳфаҳои хотиравӣ ва молию пулиро тақдим намуданд.







Илова кунед