Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар Қонунҳо тағйиру иловаҳо ворид гардид

16 Июн 2021, Чоршанбе

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ», Дар бораи мактубҳои табодулӣ оид ба татбиқи лоиҳаи қисматҳои қитъаи калидии марҳилаи 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳиавтомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Масъалаҳои мазкурро масъулини соҳа-Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ,  вазири нақлиётӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулваҳобзода Темурҷон, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Азизмамад, вакилони Маҷлиси намояндагон Раҷабзода Равшан, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб, Аҳмадзода Бахтиёр, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонулло,  Ахмедов Мирзоанвар,  Холбойзода Неъматулло, Қосимӣ Файзуллодода, Зиёӣ Баҳриддин  муаррифи намуда, дар интиҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.   

Дар интиҳои иҷлосия Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба як гуруҳ вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои иштироки фаъолона дар фаъолияти Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, саҳмгузорӣ дар таҳкими дӯстии халқҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ордену медал ва «Ифтихорномаҳои фахри»-и ин Ассамблеяро  тақдим намуд.  

Аз ҷумла муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қодири Қосим бо медал «Барои таҳкими ҳамкориҳои парламентӣ», Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Фаттоҳзода Саидмурод Самад бо Ордени «Иттиҳод», Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот бо медали  «Барои таҳкими ҳамкориҳои парламентӣ», Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Тағойзода Сумангул Саид бо медали  «Барои таҳкими ҳамкориҳои парламентӣ», узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Усмонов Мансур, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Тағозода Ғайрат,  муовини Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Боқиев Зайнулобиддин, сардори раёсати ҳуқуқ –Комилзода Абдуқодир, сардори раёсати коргузорӣ, назорат ва қабули шаҳрвандон -Камолов Ҷалол, сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кор –Оқилзода Наҷибулло, мудири шуъбаи матбуот- Султонов Муҳамадато, мушовири калони Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия -Сафаров Алишер, сармутахассиси раёсати технологияҳои иттилоотӣ, коммуникатсионӣ, таҳрир ва нашр- Ҷалилова Тоҷинисо,  сармутахассиси раёсати технологияҳои иттилоотӣ, коммуникатсионӣ, таҳрир ва нашр- Бобоҷонова Шодигул ва сармутахассиси раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кор Эсанқулов Абдусамад бо “Ифтихорномаи фахри”-и Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфароз гардонида шуданд.



















Илова кунед