"Нақши парлумони Тоҷикистон дар беҳтарсозии ғизо дар Тоҷикистон»

17 Июн 2021, Панҷшанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимойии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Хазинаи кудакони Созмони Милаллӣ Муттаҳид, дигар мақомотҳои давлатӣ,  мизи мудаввар дар мавзӯи  "Нақши парлумони Тоҷикистон дар беҳтарсозии ғизо дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баромад намуда, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба беҳбудии вазъи саломатӣ ва ғанӣ гардонидани сабади истеъмолии мардум аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд ва ин ҳама таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ аз он далолат медиҳад, ки қадри инсон, пеш аз ҳама солимии ӯ дар мадди назари ҳамешагии роҳбарияти олии кишвар аст.

Роҳандозӣ шудани ду ҳадафҳои муҳими стратегии давлат - таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат барои афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди он ва муҳимтар аз ҳама барои пуркардани сабади истеъмолӣ заминаи хубе хоҳад гузошт.  

Воқеан ҳам ин тадбирҳо барои беҳсозии вазъи саломатии мардум ва пешгирии воридоти маводҳои пастсифату зиёновар, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани сифати ғизо, мусоидат ба рушди устувори кишоварзӣ ва таҳияи модели устувори истеъмолот ва истеҳсолот бисёр қадами неку шоиста мебошанд.

Камғизоӣ яке аз масъалаҳои умдаи ҷаҳонӣ буда, мусоидат ба ҳалли он аз ҷониби парламентҳои ҷаҳон муҳим мебошад.

Аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон аз камғизоӣ азият кашида, зарари иқтисодии вобаста ба он дар як сол 3,5 триллион долларро ташкил медиҳад.

Ин шумора ба асари бемории ҳамагири КОВИД-19 афзоиш ёфта, сустии системаҳои хӯрокворӣ ва соҳаи тандурустии ҷомеаи ҷаҳонро нишон дод.

Пандемияи КОВИД-19 хавфи ба ҳолати ноамнии озуқаворӣ ва камбизоатӣ афтодани миллионҳоро афзун карда, ба ҳаёти инсоният таъсири манфӣ расонид.

Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали пайдоиши бемории КОВИД-19 дар қаламрави худ барои ба эътидол овардани вазъ ва таъмини ғизои солим ба гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа чораҳои зазруриро рӯи даст гирифт.

Аз ҷумла, ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ, коҳиш додани зарари иҷтимоиву иқтисодӣ ва дастгирии соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа ва бо ғизои солим таъмин намудани шахсоне, ки дар пешгоҳи мубориза бо пандемия қарор доштанд, инчунин ҷудо кардани маблағҳои иловагӣ барои кормандони соҳаи тиб амалӣ карда шуд.

Бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва боло бурдани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ афзоиш додани масоҳати даҳҳо ҳазор гектар майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ, аз тадбирҳои дигари амали намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини аҳолӣ бо ғизоӣ солим мебошад.

8,9 %-и аҳолии сайёра ё тақрибан 690 миллион нафар аз ғизои солим танқиси мекашанд. 144 миллион кӯдаки то синни панҷсола аз қадпастӣ ва 47 миллион аз камвазнӣ ва камхунӣ ранҷ мебаранд. Албатта, ин вазъ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Миллали Муттаҳид то соли 2030 монеаи калон эҷод мекунад.

Мутаассифона, имрӯз миёни кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон низ бемориҳои ба монанди камхунӣ, қадпастӣ, камвазнӣ ва ҷоғар мушоҳида мешавад. Албатта, ҳамаи ин аз таъсири норасоии микроэлементҳое, ки дар таркиби ғизо мавҷуданд, ба миён меоянд.

Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон то имрӯз дар самти таъмини аҳолӣ бо ғизои солим якчанд қонун, барнома ва стратегияҳо, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрока», Қонун «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғанигардонидашуда», Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020, Стратегияи ғизо ва фаъолнокии ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024, Стратегия оид ба дурнамои минбаъдаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023, Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2011-2020 ва  Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020 ба тасвиб расонид, ки дар беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини онҳо бо ғизои солим хидмат намуда истодааст.

Вакилони мардумӣ ҳамеша омода ҳастанд дар такмили низоми қонунгузорӣ дар самти таъмини мардум бо ғизои солим нақши муҳим бозида, бо интихобкунандагони худ робита зич дар ин самт барқарор намоянд ва дар пиёда намудани ниёзҳои онҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Иқдоми пешгирифтаи парламенти кишвар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва дигар мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд  дар баргузории ҳамоиши имрӯза ҷиҳати ноил шудан ба татбиқи ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди таъмини мардумамон бо маҳсулоти хӯрокаи дастрас, бехатар ва серғизо шоёни таҳсин аст.

Аз руи масъалаи мазкур, дар назди ҳозирин ҳамчунин Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Баротова, намояндаи Юнисеф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Осама Маккавӣ ва дигарон бо ахбороти муфассал баромад намуданд.

  Дар анҷоми “Мизи мудаввар”  қарор ва тавсияҳои дахлдор қабул карда шуд.










Илова кунед