Хониши парлумонӣ баргузор гардид

16 Апрел 2020, Панҷшанбе

Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон хониши парлумонӣ дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» баргузор гардид.
Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода баромад намуда, иброз намуд, ки Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим намуда, принсипҳои асосӣ, мафҳум, намуд, низом, таносуби байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эътибори ҳуқуқӣ, тартиби умумии таҳия, экспертиза, қабул, интишор, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, амал, тафсир, мураттабсозии онҳо ва роҳҳои ҳалли ихтилофоти ҳуқуқиро муайян мекунад.
Мавсуф ҳамчунин таъкид намуд, ки фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар ҳаллу фасли проблемаҳои ҷомеа ва масъалаҳои байналмиллалӣ арзанда, таъсиргузор ва омӯзанда арзёбӣ мегардад. Алалхусус дар марҳилаи кунунӣ фаъолияти парлумони касбии мамлакат бо қабули қонунҳои мардумӣ, ҳифзи манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистон, рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ воқеан ҳам таъсиргузор ва боиси омӯзиши кишварҳо ва иниститтутҳои қонунгузорӣ мебошад.
Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба роҳ монда мешавад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақсаду мазмуни қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии ҳамаи субъектони ҳуқуқэҷодкунандаро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ низоми ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тафовути намудҳои онҳо ва салоҳияти субъектони ҳуқуқэҷодкунанда муқаррар карда мешавад.  
Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз қайди давлатӣ нагузаштаанд, оқибати ҳуқуқӣ надоранд ва ҳамчун эътиборнадошта наметавонанд барои танзими муносибатҳои ҳуқуқии дахлдор ва татбиқи муҷозот барои иҷро накардани муқаррароти онҳо асос гарданд. Ҳангоми ҳалли баҳсҳо ба ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истинод овардан мумкин нест.
Дар фарҷом Абдураҳим Холиқзода ба саволҳои сершумори вакилони Маҷлиси намояндагон посух гуфт. Аз руи масъалаи баррасӣ гардида қарор ва тавсияҳои дахлдор қабул карда шуд.

Илова кунед