Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид

18 Июн 2021, Ҷумъа

Имрӯз бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори иҷроияи лоиҳаи навсозии хизматрасонии обуҳавошиноси дар Осиёи Марказӣ муҳокимаи парламентӣ, дар мавзӯи «Иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд барои лоиҳаи «Навсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар ОсиёиМарказӣ» баргузор гардид.
Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шамсиддинзода баромад намуда, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки баробари фаъолияти худро дар самти муқовимат ба таҳдиду бӯҳронҳо тақвият бахшидан, мо бояд ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим омодагии ҳаматарафа дошта бошем.

Маълум аст, ки ба ҳисобгирии муосири маълумот дар бораи тағйирёбии ҳарорати ҳаво ва боришот  дар давраҳои болоравии гармӣ дар таърихи сайёраи замин имконият медиҳанд, ки пешгуии тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон барои даҳсолаҳои оянда тартиб дода шаванд.  Дар асоси чунин пешгӯиҳо дар миёнаи асри 21 болоравии ҳарорати солона ба ҳисоби миёна 3-4 дараҷаро дар ҷумҳурӣ ташкил хоҳад дод. Мавҷудияти маълумот нишон медиҳад, ки гармшавии ҳаво бештар дар давраи зимистон ба миён омада, дар давраи гармии сол тағйирёбии иқлим бисёр кам ба назар мерасад.
Мавзуна Шамсиддинзода ҳамчунин таъкид намуд, ки тағйирёбии минбаъдаи иқлим оқибатҳои бузурги табиӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дошта, яке аз чунин оқибатҳои асосӣ ин тағйирёбии самтҳои истифодабарии иқтидорҳои захираҳои об ва замин ба ҳисоб мераванд. Дар натиҷаи ивазшавии ҳудудҳои минтақаҳои иқлимӣ, тағйирёбии воридот об ба ҳавзаҳои дарёҳо, зиёдшавии истифодаи обҳои зеризаминӣ ва нобаробарии тақсимоти боришот дар давраҳои зимистону тобистон талаботро барои андешидани тадбирҳои сари вақтӣ ба миён овардааст.
Барои соҳаи кишоварзӣ омили манфии тағйирёбии иқлим дар такрорёбии хушксолӣ, обхезӣ, боридани жола ва беобӣ дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ зоҳир мегардад. Тағйирёбии иқлим дар соҳаи кишоварзӣ асосан дар 3 самт бештар таъсири худро мерасонад:
 - бо воситаи тагйирёбии нишондиҳандаҳои ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва маҳсулнокии чорвою парандаи хонагӣ; - тагирёбии вазъи бозори ҷаҳонии маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи хӯрокӣ дар натиҷаи ба миён омадани дигаргуниҳо дар сохтори ҷаҳонии истеҳсолоти кишоварзӣ;
- бо воситаи ҷорӣ гардидани низоми маҳдудияту ӯҳдадориҳо дар ихроҷи газҳои самараи гармидиҳанда дар чорчубаи созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон.

Умуман, тағйирёбии иқлим ташаккули захираҳои стратегии маҳсулоти кишоварзиро ҳамчун вазифаҳои калидии сиёсати амнияти озуқавории кишвар муайян кардааст. Ҳалли ин вазифа аз пешгуии тағйирёбии иқлим барои солҳои минбаъда вобастагии калон дорад.
Дар маҷмӯъ имкониятҳои сохтори миллии хизматрасонии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ  дар пешгуии тағйирёбии иқлим васеъ мегарданд.
Умеди комил дорем, ки татбиқи Лоиҳа барои рушди хизматрасонии обуҳавошиносии Тоҷикистон заминаи мустаҳкамро ба миён меорад,-гуфт дар интиҳо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шамсиддинзода.
Аз руи масъалаи мазкур, дар назди ҳозирин ҳамчунин  директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дустзода Диловаршо бо гузориши муфассал баромад намуд.
Дар анҷоми ин нишаст қарор ва тавсияҳои парламентӣ  қабул карда шуд. Тавсияҳои мазкур ба вазорату идораҳои дахлдор барои чораҷӯи ирсол карда мешаванд.

Илова кунед