Нури ҳақ бар диёри мо омад

21 Июн 2021, Душанбе

Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз маҳбубтарин ҷашнҳои мардуми меҳанпарвари тоҷик аст, ки  24-умин солгарди онро истқбол мегирем. Санаи 27 июн Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москва ба имзо расид ва он мӯҷиби омадани сулҳ ба хонадони тоҷикон гардид.
Замоне, ки Пешвои муаззами миллат пас аз имзои Созишнома ба пойтахти тоҷикон баргаштанд, дар қатори дигар намояндагони аҳли зиёи мамлакат Шоири Халқии Тоҷикистон, шодравон, устод Лоиқ Шералӣ, ки соли ҷорӣ 80 солагии ин шоири ваҳдатсароро ҷашн гирифтем, низ дар пешвоз буданд ва байтҳои зеринро қироат карда буданд:
 
Раҳми парвардигори мо омад, 
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсузи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Пири Канъоно, чашми ту равшан!
Юсуфи дилфигори мо омад.
Ҳоли зору низори мо бигзашт,
Вақти ҷуду нисори мо омад.
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
 
 Ёдам меояд, ки Наврӯзи соли 2018  Пешвои муаззами миллат дар маросими пардабардорӣ аз рӯи тарҳи нави муҷассамаи  устод Лоиқ ва ифтитоҳи  қасри муҳташам дар шаҳри Панҷакент иштирок намуда, дар ҷамъомад ба ин муносибат суханронӣ намуданд ва ин лаҳзаҳоро ба ёд оварда,  чанд байт аз ин шеър қироат намуданд. Воқеан, Пешвои миллат дар ин мулоқот пешниҳод намуданд, ки ба ин кох номи устод Лоиқ гузошта шавад.
Ҷанги бунёдсӯзу бемаънии аз ҷониби душманони дохиливу берунӣ таҳрезӣ шуда ва  ба сари  мардуми бегуноҳ таҳмилгардида, маҳз бо ҷонбозиҳои ҳарлаҳзаинаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анҷом расид ва  бо имзои Созишномаи  истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Тоҷикистон ба ободию созандагӣ рӯ овард.
Мо хуб дарк менамоем, ки аз имзои Созишнома то расидан ба сулҳу ваҳдати саросарӣ мушкилоти зиёде пешорӯи роҳбарияти олии кишвар, Комиссияи оштии миллӣ қарор дошт. Иродаи қавии сиёсии Сарвари давлат , тавре шоҳидони ҳол ба ёд меоранд, дар ҳама лаҳзаҳои душвор калиди ҳалли мушкилот буд.  То расидан ба ин рӯзи саид, ба  ин рӯзи эҳё   ба хотири таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, ки бақои давлату миллат ба он сахт марбут буд,  Сарвари давлати мо ҷоннисорӣ ва талошҳои бесобиқа намуданд.
Воқеан, эҳёи Тоҷикистон бо имзои ин Созишнома оғоз гардид ва тӯли 24 сол мо тавонистем оқибатҳои харобиовар ва фоҷиабори ҷанги шаҳрвандиро бартараф намоем, ҳазорон гурезаҳоро ба Ватан бозгардонем, рушди бемайлони иқтисодро таъмин намоем, робитаҳои густурдаи байналмилалиро ба роҳ монем, ба иҷрои лоиҳаҳое,  оғоз намоем, ки давлати қудратманди шуравӣ бо сабабҳои гуногун аз татбиқи онҳо истиҳола менамуд. Дар саргаҳи ҳамаи ин  иродатмандии сиёсӣ ва роҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат қарор дошт. Яъне, бо  камоли масъулият гуфта метавонем, ки Қаҳрамони Ваҳдат маҳз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.
Орзу мекунем, ки Нури Ҳақ ҳамеша роҳи моро ба ояндаи нек рӯшан намояд.
 
 
Парвиз  Шодизода,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед