27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ

22 Июн 2021, Сешанбе

Ваҳдат моро сӯйи саодат мебарад
Аз рӯзе, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид 24 сол сипарӣ гардид. Бистучор соли созандагию бунёдкориҳо, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ин санаи таърихӣ барои халқи тоҷик бисёр муҳиму арзишманд аст, чунки маҳз ба шарофати он давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз хатари нобудшавӣ эмин монд ва миллати қариб пароканда шударо ба ҳам овард. Баъд аз низоъу кашмакашҳо ва ҷангҳои таҳмилии аввали солҳои навадуми қарни гузашта, боз қомат рост кардану ба пеш рафтан, барқарорсозии харобиҳои ҷанги таҳмилӣ ва ба чунин комёбиҳо, ки имрӯз насибамон ҳаст расидан, воқеан саодати бузург аст.
Аз ҷумлаи аввалин коре, ки роҳбарияти олии мамлакат дар солҳои аввали барқарорсозии хоҷагии халқ ба он оғоз карданд, ин таҳкими қонуният, таъмини волоияти қонун дар ҷомеа буд. Қабули садҳо қонуну қарорҳо, Стратегия ва барномаҳои давлатӣ раванди ташаккули ҷомеаро ба низом овард. Тибқи тағйиру иловаҳое, ки моҳи сентябри соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд, мақоми конститутсиониву ҳуқуқии парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргун шуда, ҳамчун Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ фаъолияти густурдаро ба роҳ монд. Ташкили ин шакли дупалатагии мақомоти қонун низ натиҷаи истиқрори сулҳ, ризоияти миллӣ ва ваҳдати миёни тоҷикон буд, ки аз нахустин рӯзҳои фаъолияташ дар қатори қонунэҷодкунӣ, такмили қонунгузорӣ, ҳамзамон ҷиҳати таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, густариши ҷараёни демократикунонӣ корҳои арзишмандеро анҷом дод ва имрӯз ин рисолатро идома медиҳад. Ин мавзӯро дар яке аз матлабҳое, ки пештар дар рӯзнома ба нашр расида буд, таҳлилу баррасӣ карда будем ҳоло ҳоҷати такрор намешуморем.
Нуктаи дигареро, ки айни ҳол мехоҳем матраҳ созем он аст, ки баъд аз тадриҷан ором гардидани вазъият рушди мунтазами соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таъмин гардид. Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, ки “Тибқи таҳлилҳо рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 1997 – 2020–ум 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфтааст.
Имтиёзҳои барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ пешниҳодшуда ба рушди соҳаҳои зикршуда такони ҷиддӣ бахшиданд.” Зимни таҳлили вазъи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, ки дар кишвари мо аҳамияти муҳим дорад, Пешвои миллат зикр карданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди ин соҳа, аз ҷумла бунёду азнавсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудккунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба маблағгузорӣ 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст. Ҳоло дар кишвар боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Ва ё, овардани мисоли он, ки дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ майдони боғутокзори кишвар ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1991–ум 2,2 баробар зиёд мебошад, худ гувоҳи пешрафту тараққии соҳаи мебошад, ки маҳз ба шарофати сулҳу - оромӣ ба даст омаданд.
Раванди рушду нумӯи кишвар далели он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи бисту чор соли баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ роҳи пурифтихорро тай намуд. “Мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем.”- таъкид намуда буданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Варзишгоҳи навбунёди шаҳри Ваҳдат 27 июни соли 2017. Ҳамзамон Сарвари Давлат қайд карданд, ки “Ҳарчанд ки роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сарҷамъии миллат, густариши фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом доданд ва итминони комил дорам, ки наслҳои оянда аз онҳо ҳамчун намунаи ватандориву ватандӯстӣ ёд хоҳанд кард.
Сарвари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дастур доданд, ки бо мақсади таҳкими боз ҳам бештари ин дастовард зарур аст мафҳумҳои истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллӣ ба ғояи ҳамешагии созанда ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи Тоҷикистони демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ табдил дода шаванд. Зеро ин мафҳумҳо дар қалбу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор сохтанд ва ба онҳо эътимод бахшиданд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояҳои наҷотбахш корҳои бузурги ободкориву созандагиро ба анҷом расонад ва барои наслҳои оянда як кишвари ободу зеборо ба мерос гузорад.
Ҳар як шаҳрванди кишвар, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, ҷаҳонбинӣ ва ақидаи сиёсии худ, бояд дарк намояд, ки ҳам рушди минбаъдаи ҷомеа ва ҳам умеду орзуи ӯ танҳо дар сурати пойдории сулҳу субот, истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллӣ амалӣ шуда метавонад.”
Аз ин лиҳоз ҳамаи мо бояд сулҳу ягонагӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва нагузорем, ки он халалёб шавад, зеро маҳз дӯстию ваҳдат моро сӯйи саодат мебарад. Андешаҳои хешро бо суханони илҳомбахшу роҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст мекунем, ки зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.01.2021 ) гуфтанд: “Ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад. Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша дар паҳлуи якдигар бошем ва ҳамдигарро дастгирӣ кунем, зеро ин хислати нек ба мову шумо аз гузаштагони некномамон ба мерос мондааст.”
 
Раҳмонзода Зоир Файзалӣ,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
аъзои Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ,
захираҳои об ва замин, узви Фраксияи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Илова кунед