Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» тағйиру иловаҳо ворид гардид

23 Июн 2021, Чоршанбе

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Масъалаҳои мазкурро масъулини соҳа- муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Шараф, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳамаддовуд Саломиён, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулваҳобзода Темурҷон, вакилони Маҷлиси намояндагон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам, Абдухолиқзода Лутфия,  Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрўз, Шарофзода Гавҳар, Умаров Абдуҷаббор, Шодиён Муҳаммад муаррифи намуда, дар интиҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.











Илова кунед