Муждаҳои ваҳдатсози Паёми Пешвои миллат

24 Июн 2021, Панҷшанбе

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2021 дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – 30-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ пешниҳод гардид, ҳамчун “яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин” баҳогузорӣ шуд. Бо сабаби сар задани бемории сироятии коронавирус ва саратонвор паҳн шудани он дар аксари кулли кишварҳо сокинони сайёра ба буҳрони сахти иқтисодию молиявӣ мувоҷеҳ гаштанд, ки пайомадҳои ногувори он дар рушди иқтисодиёти миллӣ, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва паст рафтани сатҳи некӯаҳ­во­лии мардуми мо низ таъсири манфӣ ба ҷой гузошт.
Дар иртибот ба вазъияти пайдошуда таъкид гардид, ки буҷети давлатӣ дар соли 2020 бознигарӣ шуда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид гардид. Ин иқдом асосан барои хариди доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхона­ҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб, инчунин омода кардани 16 ҳазор кат дар 92 муассисаи тиббии мамлакат роҳандозӣ карда шуд. Дастоварди муҳими тадбирҳои таъхирнопазир дар он таҷассум ёфт, ки дар ин соли озмоиши бузург “устувории нишонди­ҳан­да­ҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд”. 
Паёми имсола низ аз нигоҳи фарогирии масъалаҳои мубрами ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ, баррасии паҳлӯҳои гуногуни рушди устувори иқтисодиёт ва инфрасохто­ри кишвар аз вежагиҳои фарқкунанда бархурдор буд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки “иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи  маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид”. Ҷиҳати барозандаи ин ҳуҷҷати барномавӣ, ба андешаи мо, дар он зоҳир гардид, ки дар муҳтавои он рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат бо овардани далелу рақамҳои оморӣ ва таҳлилу баррасии муқоисавии онҳо бо марҳилаи сипаришудаи 20-30 соли даврони истиқлолият пешниҳод шудааст. Чунин шакли масъалагузорӣ натиҷаҳои назаррас ва нишонди­ҳан­даҳои масаррат­­бахшро дар низоми фарогири инфрасохтори кишвар баръало нишон медиҳад ва мушкилоту монеаҳои мавҷударо барои пешрафти босубот ошкор месозад. Дар ин росто, Пешвои миллат вазифа гузоштанд, ки “вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» тақвияти бештар бахшад”. Салоҳи машварат дар он дониста шуд, ки бештар ба имкониятҳои дохилии кишвар ва нерӯи зеҳнии ватанӣ такя намоем, фазои мусоидро барои низоми маблағгузо­рии электронӣ ва ҷалби сармояи мустақим муҳайё созем, дар мафкураи мардум нерӯи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ будани бахши хусусиро ҷойгузин кунем, собитқадамона уфуқҳои тозаро барои татбиқи бемайлони чаҳор ҳадафи стратегии кишвар боз кунем, барои ташаккули инфрасохтори муосири логистикии кишвар пайваста заҳмат кашем, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро тарзе ба роҳ монем, ки новобаста ба вазъи ҷаҳони имрӯза мардум аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ накашанд.
Қобили тазаккур аст, ки дар Паёми имсола ҳалли масъалаҳои соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор гирифта, ба мақому манзалати созандаи ин бахши муҳими ҳаёти ҷомеа баҳогузории ҷиддӣ баён гардид ва дастоварду норасоиҳо нишон дода шуд. Гуфтан мумкин аст, ки таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудани хурду бузург ва марду зани кишвар ба илму маориф ва фарҳангу маърифат барои осон паси сар кардани мушкилоти бемории фарогири КОВИД-19 сахт мусоидат кард. Воқеияти ин матлабро баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО собит менамояд. Сазовори ёдовар шудан аст, ки дар соли сипаришуда ду чораби­нии бисёр муҳимми сиёсӣ, якум – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дуюм – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, ифодаи фарҳангу маърифати баланди сиёсӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва фаъолнокии мавқеи шаҳрвандии сокинони кишвари азизамон баргузор гардид.
Афзун бар ин, «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040, баргузории озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳам барои шавқманд шудани қишру табақаҳои гуногуни ҷомеа ва ҳам кашфи истеъдодҳои нав бозёфтҳои нодиреро рӯйи кор овард. Сазовори гуфтан аст, ки баргузории ин қабил озмунҳо усули муваффақонаи истифодаи “неруи нарм” дар ҷомеаи шаҳрвандии кишвар маҳсуб мешавад, ки дар шароити пандемия ва асабонияту рӯҳафтодагӣ таваҷҷуҳи теъдоди муайяни сокинонро, ба таъбири устод Турсунзода, “ба кори судовар банд” мегардонад. Аз ин ҷиҳат, эълони ҳар сол баргузор намудани озмуни нави ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» дар байни наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҷиҳати боло бурдани нуфузу эътибори илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ аз ҷониби Пешвои миллат таҳаввулоти бузурге дар пешрафту равнақи ин бахшҳои илм ва дарёфти истеъдодҳои нав дар саросари ҷумҳурӣ ба бор хоҳад овард. Ва мақсуд аз ҷумлаи чорабиниҳое, ки дар ин самт роҳандозӣ мешаванд, аз забони Пешвои миллат дар лаҳни барҷастаи сиёсатмадорӣ ва фарҳангсолорӣ баён гардид: “Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад”. Бояд ба эътибор гирифт, ки тавассути баргузории ин қабил озмунҳо воқеан барои ғолибон заминаҳои мусоид ҷиҳати пайдо кардани ҷойҳои корӣ ва боз шудани уфуқҳои тоза барои рушди зеҳнии онҳо муҳайё мегардад. Набояд фаромӯш кард, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ талабот ба неруи зеҳнии боистеъдод ва кадрҳои баландихтисос ҳама вақт вуҷуд дорад.
Аз ин мавқеъ, ибтикорот ва муқарароти Ҳукумати мамлакат ба ниҳодҳои дахлдори соҳаи илму маориф ва таълиму тарбия дар суханро­нии Роҳбари давлат возеҳу равшан ва мушаххас садо доданд. Аз ҷумла, доир ба масоили ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, ба хусус русию англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, донишандӯзии ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, ҳавасмандгардонии ҷавонони донишҷӯ ва муҳаққиқ тавассути зиёд кардани стипендияҳо, тайёр карда­ни кадрҳои ҷавони илмӣ дастуру супоришҳои мушаххас баён шудааст. Ин ғамхориҳо бори дигар бар он далолат мекунад, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази тавваҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад ва дар ин самт пайваста иқдомоти ҷиддӣ андешида мешавад.
Таҳлили муқоисавии дар Паём дарҷшуда оид ба фаъолияти 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ то замони истиқлол ва тағйири некӯи сифату шумора кардани ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ дар солҳои минбаъда исботи возеҳи ин гуфтаҳоянд: “Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст”. Воқеан ҷалби дурусти неруи ҷавони зеҳнӣ ва захираҳои меҳнатӣ ба манфиати таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ роҳандозии барномаву стратегияҳои дахлдорро тақозо менамояд. Аз ин ҷиҳат, барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳо ва дар сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ тарбия намудани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд дар бахши илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ба ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати таҳия намудани “Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021-2030” супориш дода шуд. Мо мутмаинем, ки татбиқи ин қабил барномаҳо барои ворид шудани нерӯи созандаи зеҳнии ҷавонон, ки бо донишҳои муосири илмӣ ва истифодабарии технологияҳои баланд мусаллаҳанд, дар пешрафти инфрасохтори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар мусоидат менамояд.
Ҳамин паҳлӯи масъала зимни суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо ҷавонони кишвар 21 майи соли 2021 ба таври махсус бори дигар таъкид гардид: “Вақте мо ҷавононро умеди фардои кишвар, неруи созанда ва захираи стратегии давлату миллат меномем, ин суханон танҳо шиор набуда, балки маҳз ба ҷавонон вобаставу пайваста будани ояндаи давлату миллатро ҳамчун як воқеият баён менамоянд, зеро давлат ва миллате, ки дар бораи насли ҷавони худ андеша мекунад, дар асл ояндаи худро таъмин ва устувор месозад”.
Дар воқеъ, тарбияи навра­со­ну ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ ба воя расонидани онҳо вазифаи ҳар як фарди ҷомеа дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди иттилоотӣ маҳсуб меёбад. Зеро ҳифзи бегазанди арзишҳои миллию динӣ ва таърихию фарҳангӣ, ташаккули ҷаҳонбинии демокра­тию дунявӣ, таъмини пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа малакаву маҳорати баланди касбиро тақозо менамоянд. Табиист, ки татбиқи амалии ҳадафҳои стратегӣ ва барномаву стратегияҳои давлатӣ дар шароити таъмини сулҳу оромӣ, ҳифзи суботу амнияти пойдор ва ҳамбастагии қишру табақаҳои мухталифи ҷомеа имконпазир мегардад.
Вазъияти тағйирёбандаи ҷаҳони муосир тақозо мекунад, ки рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ дар ин марҳилаи бисёр мураккаби сиёсӣ бояд бо назардошти таъсиргузории равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ ҳамчун омили асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва ба эътибор гирифтани манфиатҳои минтақавию геополи­тикӣ таъмин карда шавад. Зеро “соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад” ва ба шарофати ин ҷашни армуғонӣ дар тафаккури мардум ҷойгузин шудани раванди созандагию ободонӣ моро ба марҳалаи сифатан нав ворид месозад. Дар ин росто, “ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будани” бофтаҳои фарҳангсолории ваҳдати миллӣ ва ваҳдати эътиқодӣ аҳамияти бузург касб менамояд. Барои расидан ба ин ҳадафҳо, ба андешаи мо, пайваста такомул бахшидан ба арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба мақсад мувофиқ менамояд.
Ҳоло бо боварии комил гуфта метавонем, ки раванди ташаккули низоми сиёсӣ ва ниҳодҳои гуногуни инфрасохтори давлати миллӣ ба таври амудию уфуқӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ мувофиқи меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд шудааст. Тоҷикистон ҳамчун субйекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст ва дар бах­ши иҷтимоиёту иқтисодиёт қадамҳои устувор гузошта, барои расидан ба чаҳор ҳадафи асосии стратегӣ корҳои шоёни таҳсин роҳандозӣ мегарданд. Вале ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дорои марҳила ва зинаҳои гуногуни рушд аст. Ва табиист, ки ҳангоми паймудани роҳи душворписанди он ҳолатҳои буҳронӣ, низоъҳои сиёсию идео­логӣ ва кӯшишҳои пешниҳоди роҳу равиш ва ҷаҳон­бинию мафкураи тамоман дигаргуна иттифоқ меафтад. Бартарии вазъияти кунунии мо дар он аст, ки мо дав­лати миллӣ дорем ва дар он тамоми аркону атрибутҳои давлатдорӣ ва зербунёди сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ барқарору бардавом шудааст. Ҳоло тақозо мешавад, ки нақши давлати дунявӣ дар ташак­кули андешаи миллӣ ва татбиқи воқеии он андаруни ҷомеаи шаҳрвандӣ бо иштироки фаъоли тамоми қишру табақаҳо дар шароити ҳамеша афзояндаи арзишҳои Ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду иттифоқи мардумӣ таъмин гардад. Яъне, барои ноил шудан ба модели давлатдории муосир, ба андешаи мо, ҳамоҳангӣ ва ҳамкории се омили асосӣ – давлати миллӣ, андешаи миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шарт ва зарур аст. Давлати миллии тоҷикон ҳадди ақалл дар тӯли соли сипаришуда рақобатпазир буданро дар муқобили озмоишҳои бемории фарогири КОВИД-19, пайомадҳои буҳрони молиявию иқтисодӣ, ҳифзи оромии ҷомеа ва дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаҳои интихоботӣ муваффақона нишон дод. Дар шароити кунунӣ андешаи миллӣ, ки маҷмӯи тасаввуроти миллатро дар бораи ҷойгоҳи худ дар матни тамаддуни ҷаҳонӣ, реша, забон, фарҳанг ва таркиби нажодии он аз мавқеи имрӯз доир ба гузашта ва оянда муқаррар мекунад, бояд рисолати муттаҳид­кунандаи умумимиллӣ касб намояд. Ин андеша бояд сода, озоду равон ва созгор ба тарзи зиндагии миллат бошад, беҳдошти ҷанбаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва моддиёти мардумро ба эътибор гирад ва бо иштироки васеи тамоми афроди ҷомеа ҳамеша такмил ёбад. Ҳар фарди ҷомеа бояд бидонад, ки татбиқи таҷрибаи сиёсии миллат бе мавҷудияти давлати миллӣ имконнопазир аст. Аз ин рӯ, як бахши ҷавҳарии андешаи миллӣ бояд таъмини пойдории давлати миллӣ қарор гирад. Аммо ҷомеаи шаҳрвандӣ ниҳоди фарогири ҷамъиятиест дар муносибати байни давлат ва шаҳрвандон, ки тамоми фикру ақидаи қишру табақаҳои гуногунро ба сохтор­ҳои давлатӣ мерасонад. Он аслан барои бунёди фазои солими иҷтимоӣ ва иттиҳоди нерӯҳои равшанфикре масъул аст, ки барои пайдо кардани шакли беҳтарини расидан ба ҳадафу ормонҳои миллӣ мусоидат менамояд. Барои ноил шудан ба ҳамкории муваффақонаи давлати миллии дунявӣ, андешаи миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд барнома ва лоиҳаҳое пеш­ниҳод шаванд, ки дар он сиёсати давлатӣ, ҷаҳонбинию мафкураҳои таҳлилӣ ва андешаҳои созанда ғунҷоиши сазовор дошта бошанд. Такомули давлатдории навини миллии мо бояд ҳамеша бар пояи таърихан шаклгирифтаи фарҳанги ниёгон ва арзишҳои ахлоқӣ-маънавии миллати куҳанбунёди тоҷик такя намояд, то ки дар шароити модерн омӯзаҳои барозанда ва суннатҳои мондагори гузаштагони пурифтихорамон моҳирона эҳё шавад. Қудсияти давлати миллӣ бояд ҳамчун ситораи қутбнамо барои ҳар як фарди ҷомеа дурахши эҳтирому арҷгузорӣ диҳад, зеро дар муносибат ба ин арзиши муқаддас ва бебаҳо изҳори ҳама гуна беэътиноӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ҷоиз нест. Мо дигар ҳуқуқи ахлоқию маънавӣ ва фарзандию шаҳрвандии такрор кардани хатоҳои гузашта ва роҳ додан ба иштибоҳҳои навро дар рӯёрӯи мазҳари поки Модар-Ватан надорем.
Аз ин рӯ, пойдории истиқлолияти давлатии Тоҷикис­тон ва омили тавонои таъмини рушди устувори ҷомеа будани Ваҳдати миллӣ тақозо менамояд, ки асосноккунии илмӣ-методологӣ доир ба беҳбуди вазъият ва пайдо кардани роҳҳои наздикшавии қишру табақаҳо ба ҳадафи асосӣ таҳия гардад. Дар доираи тафаккури дунявӣ бояд шароите эҷод шавад, ки дар он тамоми ақидаи солим ва муҳокимаронии мантиқӣ ғунҷоиш пайдо карда тавонад. Ва баръакс, бояд ҳар гуна андешаи тундрав баҳои сазовор гирифта, тадриҷан аз фазои иттилоотӣ ва матни зиндагии ороми шаҳрвандони кишвар берун оварда шавад.
Шоири мубориз ва тавонои тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ дар тақвияти ҳамин андешаҳо шеъри мавзуне гуфтааст, ки барои ҳусни анҷом бахшидани матлаб бисёр мувофиқ меояд:
 
Ҳаёти дилкашу зебо ҳаёти озод аст,
Чунин ҳаёт на арзон ба даст афтодаст.
Барои он ки ҳаёте чунин диҳад моро
Ҳазорон бор Ватан сад ҳазор ҷон додаст.
 
Мо мутмаинем, ки пешбурди фаъолияти пурсамар дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат барои татбиқи амалии дас­туру супориш­ҳои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон, ки саршор аз андарзҳои ваҳдатофарин ва муттаҳидкунандаи миллати тоҷик мебошанд, заминаҳои боэътимод фароҳам меоварад ва пойдевори Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро устувор мегар­донад.
 
 
Файзулло БАРОТЗОДА – раиси Комиссия оид ба
одоби вакилони Маҷлиси Намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви фраксияи ҲХДТ

Илова кунед