Ҷаласаи ҳамоҳангсозии сарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои узви СААД дар АБ САҲА баргузор гардид

24 Июн 2021, Панҷшанбе

Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ  Маҳмадалӣ Ватанзода  ҷаласаи ҳамоҳангсозии сарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ  дар Ассамблеяи Байнипарлумонии   Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо,  дар реҷаи фосилавӣ баргузор гардид.
Дар назди иштирокчиёни ин нишаст аз рӯи масъалаи рӯзномаи ҷаласаи мазкур  «Оид ба пешниҳодҳо роҷеъ ба мусоидати пайвастаи муколамаи парлумонӣ дар шакли ҳамкории Ассамблеяи Парлумонии СААД ва Ассамблеяи Парлумонии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо оид ба масъалаҳои манфинияттҳои тарафайн» муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ  Маҳмадалӣ Ватанзода  баромад намуд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома «Дар бораи ташаббуси ворид шудан ба рӯзномаи АссамблеяиБайнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Ҳамкории Аврупо, дар соли 2022 ва дурнамои дастгирии ҳайатҳои парлумонии кишварҳои узви СААД, қарорҳо оид ба масъалаҳои мубориза бо эҳёи нацизм ва ҳифзи ҳақиқати таърихӣ дар ҷаҳони муосир» муовини Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, роҳбари ҳайати парлумонии Маҷлиси Федералии Россия дар Ассамблеяи  Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Ҳамкории Аврупо  Петр Толстой баромад намуданд.
Роҷеъ ба масъалаи дигари рузнома «Дар бораи ҳамкории ҳайатҳои Ассамблеяи Парлумонии СААД бо намояндагони гурӯҳҳои мониторинги САҲА,  дар ҷараёни назорати байналмилалии равандҳои интихоботӣ дар кишварҳои узви СААД»  муовини раиси Кумитаи Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия  оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии АвруОсиё ва робита бо ҳамватанон Умахан Умаханов баромад намуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин сарони парлумонҳои кишварҳои узви СААД доираи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карда, доир ба масоили ҷорие, ки дар рӯзномаи созмон дар марҳилаи муосир матраҳ гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд.

Илова кунед