Боздиди расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода аз Ҷумҳурии Исломии Эрон

04 Август 2021, Чоршанбе

Таърихи тамаддуни муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Эрон собиқаи қадим  ва пайванди устуворе дорад. Ин пайванди ногусастанӣ, дар тамаддуни башарият падидаи беназирест, ки маҳсули он забону фарҳанг ва дину оини муштарак мебошад.
Имрӯз, тоҷикон ва эрониён ҳар яке кишварҳои ҳамдигарро ватан ва хонаи дуввуми худ мешуморанд. Мардуми ҳарду кишвар ҳамкориҳои ҳасанаи миёни кишварҳои дӯстро аз баракати муносибатҳои хуб ва бародаронаи  роҳбарияти Тоҷикистону Эрон арзёби менамоянд.
Мардуми Тоҷикистону Эрон имрӯз решаву пайванди амиқи таърихӣ доранд ва халқи мо бо як забон, ки он бо номҳои форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ ёдовари шудааст, аз тамаддуни муштараке эҷод кардаанд, ки дунё назирашро намедонад. Миллате, ки чунин решаи амиқ дорад, ҳамеша сарсабз хоҳад монд.
Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод, имрӯз даъвати расмии Ҷумҳурии Исломии Эронро пазируфта ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихобшудаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ аз 3 то 8 августи соли ҷорӣ ба шаҳри Теҳрон сафар намуд.
Дар фурудгоҳи байналмиллалии Имом Ҳумайнӣ Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳамроҳони ӯ -Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кор Наҷибулло Оқилзодаро Раиси гуруҳи дустии байнипарлумонии Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо гуруҳи дустии Маҷлиси намояндагон Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ва дигар шахсони расми истиқбол намуданд.
Дар фурудгоҳ зимни сӯҳбат бо оқои Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар баробари таҳкими равобити байнипарломунӣ, густариш бахшидани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ҳар ду мамлакатро аз аҳдофи марказии сафари хеш арзёби намуд. Мо,- гуфт Маҳмадтоир Зокирзода ният дорем бо ҷониби Эронӣ дар мавриди рӯшди ҳарчи бештари робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар, тавсиаи муносибатҳои дуҷониба, табодули таҷрибаи парлумонӣ ва маҷмуи равобити дӯстона, ҳамкорихои барои ҳарду кишвар судмандро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем. Итминон дорам, ки сафари мо дар инкишофи робитаҳои гуногунсоҳаи ду кишвари дӯсту бародар, ки дорои таъриху фарҳанг ва забони муштарак мебошанд, нақши муайянеро анчом хоҳад дод.
Сафари расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дорад.

Илова кунед