Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ

05 Август 2021, Панҷшанбе

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмадтоир Зокирзода қабл аз оғози сӯҳбат салому эҳтиромот ва орзӯҳои неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалии Раҳмонро ба Ҷаноби Сайид Иброҳим Раисӣ расонида, гуфт, ки пеш аз ҳама мехоҳам ба Шумо  ва роҳбарияти олимақоми Ҷумҳурии  Исломии Эрон, барои даъвати ҳайати расмии парлумони  Тоҷикистон ва аз ин истиқболу пазироии хеле самимона, изҳори минатдорӣ намоям.
Ҳамчунин ба Шумо Ҷаноби Оқои  Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, барои пайдо намудани имконияти мулоқот ва сӯҳбат бо ҳайати мо изҳори сипос менамоям.
Албатта,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода- мо ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон назари нек дорем ва омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи бахшҳо пайгирона талош варзем.
Итминони комил дорам, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии бобарори Шумо дар олами ислому миқёсӣ мақому манзалати бештар ва хосаро касб намуда, дар ҳалли мушкилоти дунявию байналмилалӣ ва пешбурди робитаҳои дустона бо кишварҳои ҳамҷавор саҳми арзанда мегузорад.
Шоистаи таъкид аст, ки ҳарду кишвари дусту бародар – Тоҷикистону Эронро арзишҳои олии фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд.
Бояд таъкид намуд, ки густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Мусаллам аст, ки кишварҳои мо дар сатҳи минтақа низ манфиатҳои зиёди муштарак доранд. Маҳз ҳамин омил ва пайвандҳои ногусастании таърихию фарҳангӣ моро водор месозад, ки ҳарчи бештар ҳамкориҳои судманду фарохро рушду густариш бахшем.
Як ҷаҳон сипос барои изҳори назар ва қаноатмандӣ аз раванди муносибатҳои дуҷонибае, ки ҳазорсолаҳо пайвандии ногусастанӣ дошта дӯстиву рафоқати бародарӣ байни мардуми моро таҷассумгар аст.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз намуд, ки пояҳои рушди робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишварро фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон нақши муҳимро мебозад.
Имконоти ҳамкорӣ барои баланд бардоштани ин нишондодҳо ҳанӯз ниҳоят зиёданд, албатта бо кӯшиши ҳарду ҷониб метавонем ба тадриҷ онро афзун гардонем.
То ба имрӯз беш аз 160 санади ҳамкории дуҷониба, ки соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд, ба имзо расидааст.  
Албатта, умед дорем, ки ташрифи мазкур ба Ҷумҳурии  Исломии Эрон барои боз ҳам таҳким бахшидани раванди ҳамкориҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам биоварад.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз намуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои пурмаҳсулу судманд бо кишвари бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу кишварамон муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад.
Бо ин ҳадаф Гурӯҳи дӯстӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ташкил карда шудаанд.
Дар доираи ин сафар, ба мо муяссар гардид, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои байнипарламентиамон низ ҳусни тозае бахшем.   
Мо ҷонибдори рушди робитаҳои кишварҳоямон ҳастем ва омодаем, ки ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо талошҳои дучанд варзем.
Дар хотима, барои суҳбати пурмуҳтаво ба Шумо, изҳори сипос намуда, ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъулатон дар маснади олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон комёбиҳои навину беназир ва ба мардуми дусту бародари Эрон пойдории сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзумандам,-гуфт дар интиҳо Маҳмадтоир Зокирзода.
Мулоқот дар рӯҳияи самимият ва ҳусни тафоҳум гузашт.
Дар мулоқот Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода,   Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ва Сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Наҷибулло Оқилзода иштирок намуданд.
Сафари расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дорад.

Илова кунед