Иқдоми вакили мардумӣ шоистаи дастгирист…

03 Сентябр 2021, Ҷумъа

Иҷрои саривақтии чорабиниҳо ҷиҳати таъмини рушди соҳаи маориф ва дастгирии кормандону муҳассилини муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру деҳоти кишвар яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маорифи кишвар ба ҳисоб меравад. Тибқи дастуру супориш-ҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷабҳаи дастгирии соҳаи мазкур дар баробари ниҳодҳои давлатӣ нерӯи тавонои қишрҳои гуногуни ҷомеа, корхонаю муассисаҳо ва соҳибкорону саховатмандони кишвар ширкат меварзанд.
Дар ин радиф, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Одинаев Ҳаёт тасмим гирифт, ки ба 30 нафар мактаббачагони синфи 1-уми яке аз муассисаҳои таълимии ноҳия як маҷмӯъ маводи таълимии иборат аз 15 номгӯй харидорӣ ва туҳфа карда шуд.

Илова кунед