Дигаргуншавии меъёрҳои арзишӣ дар муносибатҳо ва муоширати иҷтимоии одамон дар заминаи равандҳои навзуҳури ҷаҳони муосир

21 Апрел 2020, Сешанбе

Таҳлили вазъияти ба амал омада дар ҳаёти ҷамъиятии олами муосир дар шакли вусъати фосилагириҳои иҷтимоӣ, инзивои иҷтимоӣ, вазъи буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва паёмади тадбирҳои андешидаи кишварҳо азпешгирии хуруҷи коронавирус нишон медиҳад, ки дар баробари таъсир ба низомҳои ҷамъиятӣ падидаҳои зикршудаи навзуҳур пояи муносибатҳои маъмулии одамонро низ ба тадриҷ дигаргун карда истодаанд. Яке аз ёварпизишкони амрикойии бо бемории навзуҳури коронавирус даст ба гиребон буда дар охири дафтари ёддоштҳои фаъолияти яккрӯзаи кориаш вобаста ба воқеаҳои шахсан аз сар гузаронидааш ба хулосае мерасад, ки муносибату муоширати одамон акнун пас аз итмоми ин падидаҳо дигар на он тавре хоҳанд буд, ки то имрӯз буданд. Ӯ менигорад, ки бисёре аз ҳодисаҳои пеши назараш ба вуқӯъ пайваста берун аз ҳадди тасаввури инсонӣ буда, барои саҳеҳ тасвир намуданашон қудрату тавони кас оҷиз мемонад. Ӯ иқрор мешавад, ки маҳз тӯли ин рӯзҳо шахсан дарк намуд, ки марг чӣ аст, чӣ гуна пайвандони мубталоёни ин вабо бо изтиробу даҳшат дарду ҷонсупории оҷизонаи эшонро таҳаммул мекунанд. Ҳарчанд аксари табибонро низ дар баробари онҳо чунин эҳсос фарогир аст, вале, мутассифона, ҳиссиёти тасаллибахши онҳо ҳамчун як ҷузъи муҳими ҳастии инсонӣ зери ниқобҳои тиббии аз рӯи дастури ҳирфавӣ ба сару рӯй кашидаашон пинҳону баённашуда мемонад. (Фариза Бацазова, 12 апр. 2020, - mk.ru).
Аз миёни маводи бешумори ҳамарӯза ба зеҳн фурӯрезанда арзишмандии мундариҷаи дафтари ёддошти фавқуззикр аз он иборат, ки он бо самимияти инсонпарварона аз тағйирпазирии батадриҷи мазмуну мундариҷаи муносибату робитаҳои байниҳамдигарии инсонҳо дар пешорӯи падидаи зикршуда ҳӯшдор медиҳад. Ин дар он ифода меёбад, ки одамон оҷизона дар қиболи домангустарии вабои мазкур бо қабулу пайравии тавсияҳо ва маслиҳатҳои коршиносон ноогоҳона ба арсаи муносибатҳои куллан нави байниҳамдигарӣ, ташаккулдиҳии фазои яъсу навмедии иҷтимоӣ, тарсу ваҳм аз муҳити пештар азхудшудаи ҳаётӣ ворид мешаванд. Одамон рафтору муносибатҳояшонро ба хотири эмин мондан аз хатари гирифторӣ ба ин вируси навзуҳури тоҷшакл дар чаҳорчубаҳое тарҳрезӣ намуда истодаанд, ки зарурати ҳарчи бештар ба таҳлили ҷомеашиносӣ фаро гирифтанро доранд. Ба ин тартиб одамон дар ҷустуҷую татбиқи усулҳои рафтору муносибатҳое ҳастанд, ки таҳти таъсири чархиши маслиҳату тавсияҳо аз ВАО, дар баъзе ҳолатҳо овозаю шунидаҳо сурат мегирад. Ин тамоюлот арзишҳои ҷомеаҳоро дигаргун месозад, онҳоро сахтгиронаю бераҳмона имтиҳон мекунад, зарфияти онҳоро дар ру ба руи хатарҳои ғайрианъанавӣ месанҷад. Ҳадафи аслии ин меъёрҳои рафтору муносибатҳои тавсияшаванда тибқи изҳороти сарчашмаҳо ба зарурияти риояи усулу қавоиди устувор дар ҷомеа равона шуда бошанд ҳам, вале на дар ҳама маврид ин сарчашмаҳо далели кофӣ ва аз рӯи мизони ақлоният боварибахш доранд.
Бо мурури пайгирии ин падидаҳо аз нигоҳи ҷомеашиносӣ пай бурдан мумкин аст, ки дар баробари вусъати фарогир пайдо кардани вабои КОВИД-19 бо истифода аз фурсат аз ҷониби гурӯҳҳои муайян зарфияти тарҳи нави назорати фансолоронаи афкору рафтори одамон, назорати беҳудуди муҳити ҳаёти ҷамъиятию шахсӣ низ таҷриба шуда истодааст. Бахусус баъзе ниҳодҳои фаромиллӣ дар ин самт хеле фаъол ба назар мерасанд ва баъзан ҷомеаҳои миллиро барои таъхиркорӣ дар ин ҷода эрод мегиранду онҳоро ба қабули иқдомоти қолабишуда маҷбур месозанд. Аз назари онҳо бо риояи низому меъёрҳои тавсиянамудаи онҳо имконияти бо воқеияти навзуҳур сару кор гирифтан ба маротиб меафзояд, аммо дар асл воқеият чунин нест. Ҳарчанд ин қазоват барои як гурӯҳи ҷомеашиносони ҳирфаиву коршиносон мумкин аст баҳснок ба назар расад, вале таҳлили мундариҷаи тӯли ин муддат маводи мутолиаву муқоисашуда аз сарчашмаҳои гуногун моро ногузир ба изҳори чунин андеша водор менамояд.
Фазои ба тадриҷ ивазшавандаи мундариҷаи муносибату робитаҳои байниҳамдигарии инсонҳо дар пешорӯи падидаи вабои КОВИД-19 имрӯзҳо бо истифодаи силсилаи истилоҳоте чун «фосилаи иҷтимоӣ» ва «инзивои иҷтимоӣ» бештар тасвир мегардад. Мусаллам аст, ки истилоҳоти мазкур бо мурури татбиқшавияшон барои ниҳодина гардонидани равандҳои фавқуззикр, аз ҷумла назорати фансолоронаи афкору рафтори одамон, назорати беҳудуди муҳити ҳаёти ҷамъиятию шахсӣ ба хотири таъмини амнияти фардии иштирокдорони муносибатҳои роиҷи иҷтимоӣ хидмат менамоянд. Барои ба чунин қазоват итминон ҳосил кардан ба муҳтавои мафҳумҳои мазкур нигаристан аз фоида холӣ нест.
Тибқи таомули роиҷи ҷомеашиносӣ дар муҳтавои истилоҳи «фосилаи иҷтимоӣ» ба таври куллӣ дараҷаи татбиқи дурӣ ҷустани гурӯҳҳо, умумиятҳо ва афроди ҷомеа аз ҳамдигар ба хотири риояи мухторият ва татбиқи муоширату муносибатҳои салоҳдиди байниҳамдигарӣ дар назар дошта мешавад. Аз ин рӯ фосилаи иҷтимоӣ як мафҳуми печидае аст, ки шохисҳои устувори он дар камтар шудани дараҷаи таомулоти байнишахсӣ, маҳдудият пайдо кардани иртиботи байни кишварҳо ва ҳатто воҳидҳои маъмурии ташкилдиҳандаи як давлат дар дохил зоҳир мегардад. Инзивои иҷтимоӣ низ як падидаи мураккаби иҷтимое аст, ки зимни он фард, гурӯҳи иҷтимоӣ, умумиятҳо кӯшиш менамоянд, ки робитаю тамосҳояшонро бо дигарон ба хотири таъмини амнияти худ ва ё дар натиҷаи хусумат, норизоиятӣ аз ин равандҳо коҳиш диҳанд. Зери истилоҳоти дигари бо мафҳумҳои фавқуззикр наздикба монанди «худфосилагирӣ», «худинзивоӣ» шакли бар асари тасмимгириҳои иродаи фардӣ ва ё дастаҷамъона зоҳир шудани мавқеи иҷтимоии шахс дар назар дошта мешавад. Падидаҳои бо ин истилоҳот ифодашаванда дар ҷомеашиносии муосир дар маҷмуъ ҳамчун осебҳои иҷтимоӣ арзёбӣ карда мешаванд.
Бо такя аз чунин шоҳидҳои маъноии истилоҳоти зикршуда имрӯз ҳарчи васеътар низомҳои ҷамъиятӣ барои идора кардани равандҳои навзуҳури иҷтимоӣ ва кӯшиши посух гуфтан ба онҳо истифодаи амалии зарфияти онҳоро муҳим мешуморанд. Дар ин маврид кишварҳое, ки ба таври интихобию санҷидакорона вобаста ба шароити мушаххас аз ин гуна иқдомот амали худро тарҳрезӣ намуда истодаанд, афзалиятҳои муносибро барои мӯътадил ҷараён гирифтани ҳаёти ҷамъиятии худ  аз даст надоданд.
Тадбирҳои амалигардонидаи Тоҷикистон низ дар ин маврид мисол шуда метавонад, зеро дар пешгӯии Фонди байналмилалии асъор мавқеи нигоҳдошти рушди Тоҷикистон ва танҳо якчанд кишвари ҷудогона барои соли равон ва минбаъд мусбат нишон дода шудааст. Тибқи пешгӯии мазкур соли 2020 пастравии иқтисодиёти глобалӣ 3%-ро ташкил диҳад, ки омили асосияш таъсири манфии падидаҳои навзуҳури ғайрианъанавӣ ба шумор меравад. Вале эҳтимоли зуҳури нишондодҳои манфӣ барои ҳамаи кишварҳо хос набуда, нигоҳдории мусбати рушди ММД дар Чин, Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон дар пешгӯӣ зикр шудааст.( https://centrasia.org/newsA.php?st=1586984640). Аз ин рӯ, бидуни ба таври интихобию санҷидакорона вобаста ба шароити мушаххас татбиқ намудани баъзе амалҳои тавсияшаванда дар посух ба равандҳои навзуҳури иҷтимоӣ паёмадҳои зиёди сохторию равонӣ ва фарҳангию маънавиро дар қораҳои гуногуни олам ба бор оварда истодааст, ки имрӯз муҳаққиқону коршиносон ва сиёсатмадорони дурбин дар ин замина пешомади дигаргуниҳои куллии сиёсиеро дар миқёси минтақаю олам дар маҷмӯъ пешгӯӣ менамоянд. Барои итминон ҳосил кардан ба ин қазоват аввалан дар ин ҷо ба сифати мисол ҳолати дар ҷомеаҳои алоҳида ба амал омадаро баррасӣ намуда, баъдан сенарияҳои пешомади дигаргуниҳои эҳтимолии сиёсиро дар миқёси минтақаю олам аз дидгоҳи муҳаққиқону коршиносон ва сиёсатмадорон манзур менамоем.
Дар радифи пайгирӣ аз паёмадҳои зиёди сохторию равонӣ ва фарҳангию маънавие, ки зимни татбиқи посухи низомҳои муосири сиёсӣ ба равандҳои навзуҳури ҷаҳонӣ ба вуҷуд омаданд, шабакаи интернетииMail.ru назарсанҷии сокинони кишварҳои гуногунро роҳандозӣ кард. Пурсиши мусоҳибавӣ назари одамонро оид ба чигунагии таъсири тадбирҳои андешидаи низомҳои сиёсӣ дар рӯёрӯӣ бо равандҳои навзуҳури ҷаҳонӣ ҷамъбаст намуда аст, ки мо дар ин ҷо фишурдаи баъзе аз онҳоро мисол меорем. Яке аз сокинони шаҳри пурнуфуси Аврупо изҳор медорад, ки аз 21 марти соли 2020 дастури мақомот оид ба маҳдуд кардани ҳолати ба ҷойҳои ҷамъиятӣ баромадани сокинон ба ҳукми қонун даромад. Ҳафтае пеш аз ин дарҳои мағозаҳо, ба ғайр аз хӯрокворӣ ва химияи маишӣ, ба рӯи мардум баста шуданд. Тибқи дастури мазкур барои берун омадан аз хона танҳо барои хариди маводи хӯрокворӣ ва дорӯворӣ, гардиш дар ҳудуди минтақаи зист бо оила (на зиёда аз 5 нафар) бо риояи худфосилагирӣ, шуғл бо варзиш, гардиш додани ҳайвони хонагӣ, рафтан ба коргоҳ тибқи пешниҳоди баргаҳо ё расиди таъйиншуда иҷозат дода шудааст. Майдончаҳои бозиҳои кӯдакона маҳкаманд. Дар назди касаи мағозаҳо баргаҳои огоҳикунандаи зарурияти риояи худфосилагирӣ дар масофаи 1,5 метр насб шудааст. Дар марҳилаи аввали ҷоришавии карантин ҳама бо таҳлука аз пайи харидани маводи хӯрока шуданд ва рафҳо холӣ монданд. Ҳатто қоғази ташнобро аз рафҳои мағозаҳо руфта гирифтанд. Пас аз якчанд вақт мардум оромтар шуданд ва рафҳои мағозаҳо дигар холӣ нестанд. Дар сурати риоя накардани тартиботи муайяншуда ҷаримаҳои сангин пешбинӣ шудааст. Дар аввал мардум нисбати ҷорӣ шудани ин гуна тартибот норозигӣ баён мекарданд, вале баъдан дурустӣ ва ба манфиати онҳо нигаронида шудани амали мақомотро дарк карда, акнун онро риоя мекунанд.(unsplash.com/CC).
Чунин назарҳоро сокинони кишварҳои дигар низ иброз доштаанд, ки дар умум қариб бо ҳамдигар шабоҳат доранд. Масалан, сокинони шаҳрҳои дигари дар интихобномаи назарсанҷон воридшуда мефармоянд, ки ҳама ҷо маҳкам аст, ғайр аз бонҳо. Ниқоб пӯшидан ҳатмӣ набошад ҳам, вале тавсия ва назорат мешавад. Аз одамон хоҳиш карда мешавад, ки ниқобҳоро акнун худашон бидӯзанд, зеро дар фурӯш пайдо карданаш хеле мушкил аст. Дар майдонҳо беморхонаҳои муваққатӣ месозанд. Норасоии тестҳо барои санҷиши коронавирус эҳсос мешавад ва аз ин рӯ шумораи мубталоён мумкин аст бештар аз омори расмӣ бошад. Аксари мардум карантинро риоя мекунанд, вале мудом табъашон хира аст, зеро мардуми мо муоширатро мепарастанд. Мусоҳибон мегӯянд, ки айни ҳол ҳамаи ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ дарашон баста аст. Бештари мардум дар хона нишаста бо истифодаи имконоти техникӣ вазифаи корӣ ва харидашонро анҷом медиҳанд. Мактабҳо дар таътиланд. Сарҳадҳо бастаанд.
  1. Дар ин радиф лозим ба зикр аст, ки падидаҳои навзуҳур дар кишварҳои мусулмоннишин низ урфу одатҳои марбут ба маросими дафни ҷасади нафари аз коронавирус фавтида ва тартиби иҷро кардани бисёре аз заруриятҳои эътиқодиро дар байни пайравони дину мазҳабҳои гуногун ба тадриҷ тағйир медиҳад. Аз рӯи зарурияти беҳдоштӣ маросимҳои дафни ҷасади нафарони аз коронавирус фавтида бо ҳузури адади маҳдуди хешовандон, тавассути иртиботи шабакаҳои иҷтимоӣ, танҳо ирсоли сурати фавтида баназдиконашон, фиристодани дуо аз фосила ва дигар шаклҳо сурат мегирад. Муфтиёти баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди иҷрои маросимҳои дафн фатвоҳои махсусро интишор намуданд, ки дар онҳо масъалаҳои тарзи шустушӯй, омода кардани манзили охират, манъи ташкили таомдиҳӣ ва ғайра тавсия шудаанд. Дар бисёр кишварҳо хондани намозҳои дастаҷамъона, зиёрати қабристонҳо, иштирок дар таровеҳ пас аз ифтори рамазон ва ғайра низ дар муддати карантин манъ карда шудааст, ки ин дар табиати арзишҳои эътиқодии одамон дигаргуниҳои куллиро дар пай хоҳад дошт. Дар лаҳзае, ки мақолаи мазкур омода мешуд бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус (COVID-19) дар Тоҷикистон Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қарори худро баимзо расонид, ки дар матни он омадааст: «1. Гузоридани намозҳои ҷамоат –панҷвақта , ҷумъа ва таровеҳ дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбуд ёфтани вазъият аз рӯзи 18 апрели соли 2020 манъ карда шавад. 2. Дар моҳи Рамазон баргузор намудани ҳар гуна ҷамъомад – таровеҳ, ифтор, идгардак ва дигар маъракаҳо манъ карда шавад. 3. Закот, садақаи фитр ва дигар хайрияҳо ба шахсони ниёзманд, ятимон, бепарасторон, маъюбон дода шавад. Шахсони саховатманд метавонанд садақа ва закоти худро барои пешгирии бемории сироятии мазкур ба суратҳисоби хазинаи махсус гузаронанд. 4. Шаҳрвандоне, ки нияти ҳаҷ доштанд, бо сабаби пурра басташудани зиёрати хонаи Худо “Масҷид-ул-Ҳарам” маблағҳои ба ин ният ҷамъкардаи худро, аввал дар корҳои ободонии хонаву дари хеш, баъдан, барои амалҳои хайру савоб, ба монанди овардани об, кандани чоҳ, сохтани пул ва дигар корҳои хайриявии деҳаву маҳалли худ, ки ҳар кадом садақаи ҷория мебошад, сарф намоянд. 5. Тавсияҳои табибон ва тадбирҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳангоми рӯзадорӣ ва дигар маросим қатъиян риоя карда шаванд» (http://khovar.tj/2020/04).
Ба андешаи мутахассисон риояи ин тартибот барои ҷомеаи мо низ аз фоида холӣ нест. Чунин матлабро сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Юсуфов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин иброз намудааст: «имрӯзҳо масоҷиди Тоҷикистон бозанд, аммо набояд фаромӯш кард, ки мо дар давраи ҳассосе ба сар мебарем. Ходимони дин низ борҳо аз намозгузорон даъват баамал оварданд, ки дар ин ҳангом беҳтар аст намозҳои худро дар хона гузоранд ва аз ҳузур дар ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯянд».
Маводҳои ихтисоран пешниҳод гашта аз манбаъҳои гуногун нишон медиҳад, ки ҳолати дар ҷомеаҳои алоҳида ба амал омада дар натиҷаи татбиқи посухи низомҳои муосири сиёсӣ ба равандҳои навзуҳури ҷаҳонӣ қариб дар ҳамаи кишварҳо яксон аст. Дар баробари фароҳам омадани заминаи дигаргуншавии меъёрҳои арзишӣ, мизони муносибатҳои байниҳамдигарӣ, тағйири шаклҳои фаъолияту муоширати иҷтимоии одамон ҳамзамон таъсири ин равандҳо ногузир ба устувории ниҳодҳои идоракунӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хоҳад расид. Пешгӯиҳое, ки вобаста ба эҳтимоли ба воқеият пайвастани чунин ҳолат аз ҷониби муҳаққиқон карда мешавад, дорои ихтилофоти шадиди назарӣ ва дар баъзе маврид нигаронкунанда мебошанд. Мусаллам аст, ки аз рӯи мантиқи фалсафаи иҷтимоӣ пешгӯиҳои иҷтимоӣ дар арсаи ҳаёти ҷамъиятӣ сирф дар шакли тарҳрезишудаашон татбиқ намегарданд ва дар ин маврид таҷзияи намунаҳои гуногуну талаботи вазъи мушаххаси амалкунанда ҷой дорад. Аз ин ҷиҳат моро лозим аст, ки оид ба моделҳои пешгӯишавандаи низоми ояндаи эҳтимолии меъёрҳои арзишӣ, мизони муносибатҳои байниҳамдигарӣ, тағйири шаклҳои фаъолияту муоширати иҷтимоии одамон, таҳавввули ниҳодҳои идоракунӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тасаввуроти муносиб дошта бошем ва вобаста ба он амал намоем.
Дар пешбиниҳои матраҳшаванда дар навбати аввал таъкид мегардад, ки паёмади дигаргуниҳои дар заминаи вазъияти имрӯза ба миён омада аз бисёр ҷиҳат ба манфиати истеҳкому густариши арзишҳои демократии либералӣ нестанд. Зеро равандҳои навзуҳур бар ивази талошҳои маҳдудсозии ҳузури давлат дар танзими равандҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, бардоштани монеаҳои ҳамлу нақли одамону колоҳо, вусъати ҳуқуқу озодиҳои фардии барои мафкураи либералӣ асоси меҳварӣ дошта акнун тамоюли пӯрзур кардани ҷойгоҳи давлат дар танзими ҳаёти ҷомеа, маҳдудсозии баъзе аз ҳуқуқу озодиҳо ва ҳаракати одамон, назорату бастани сарҳадоту ҳаримҳои ҳавоӣ ва ғайра ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва муқовимат бо хатарҳои ғайрианъанавиро меафзояд. Бинобар ин яке аз сенарияҳои пешгӯишаванда бештари маврид фурӯпошии низоми глобалии иҷтимоию иқтисодие аст, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ маҳсули бевоситаи он ба шумор мераванд. Баъзе аз таҳлилгарон, аз ҷумла яке аз ҷомеашиноси маъруфи имрӯзаи италиявӣ Ричард Сеннетт, ҷомеашиноси рус В. Дугин, А. Халдей ва дигарон, аз ҷомаи амал пӯшидани чунин сенария хӯш истиқбол мекунанд, вале агар ба паёмадҳои татбиқи ин сенария аз мавқеи кишварҳои алоҳида назар андозем ба хубӣ метавон дид, ки он дар баробари натиҷаҳои мусбат ногувориҳои зиёдеро ҳам ба дунбол хоҳад дошт. Масалан, айни замон Тоҷикистон ба сифати кишвари рӯ ба инкишоф бо дастгирии чунин ниҳодҳои байналмилалӣ бештар аз 70 лоиҳаи инвеститсионӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт амалӣ менамояд ва дӯрнамои рушди саёҳии мамлакат низ ба ҷалби муштариёни хориҷӣ нигаронида шудааст. (Тоҷикистон дар масири рушд(2015-2020).
Мувофиқи ҳисоботи семоҳаи аввали Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай ширкатҳои марбутаи соҳа бар асари паёмадҳои ногувори равандҳои навзуҳур хисорот дида истодаанд: «Зикр гардид, ки паҳншавии вируси COVID-19 дар як муддати кӯтоҳ ба гардиши сайёҳон ба ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонида, раванди хизматрасонии субъектҳои хоҷагидори сайёҳӣ, ҷойҳои кори кормандони онҳо, фурӯши бастаҳои хизматрасониҳо, кам гардидани таблиғот дар бозорҳои сайёҳӣ ва дарёфти шарикони нави ҳамкор, раванди таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ, кашфи бозорҳои нави сайёҳӣ дар минтақа ва ҷаҳон, иштирок дар намоишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ осебпазир гардиданд. Дар ин замина барои муайян намудани хисороти ҳолати бавуқӯъ омода байни субъектҳои соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Кумита пурсиши хаттии фаврии ширкатҳои сайёҳӣ гузаронида шуд ва натиҷаҳои пешакии пурсишнома аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар марҳилаи сипаришуда буҳрони иқтисодӣ ба нақшаҳои қабули сайёҳони субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ дар соли 2020 таъсири манфӣ расонидааст» (15.04.2020. /АМИТ «Ховар»/). 
Басташавии сарҳадҳо ва ҳаримҳои ҳавоӣ, маҳдудгардонии ҳамлу нақли одамону колоҳо, ҳароси одамон аз якдигар ва дигар паёмадҳои марбут ба падидаҳои навзуҳури ғайрианъанавӣ бешубҳа рушди туризмро мушкил месозад. Авҷи паҳнсозии ахборот тавассути расонаҳои гуногун дар заминаи муқобилиятҳои мафкуравӣ оид ба эҳтимолияти оқибатҳои ногувори ин падидаҳо таъсири манфии худро то андозае ба соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ мерасонад. Аз ин рӯ ниҳодҳои илмию идоракунии мо низ бояд дар баробари ин модели эҳтимолии равандҳои муосири ҷаҳонӣ барномаҳои мустақили худро таҳия намоянд ва афзалияту манфиатҳои миллии кишвари соҳибистиқлоламонро дар мадди аввал гузоранд.
Моделҳои дигари пешгӯишаванда таҳти унвонҳои улгӯи хӯшбинии рушди фановариҳои муосир, улгӯи рушди низомҳои сиёсии миллӣ ва улгӯи ба вартаи худкомагӣ майл кардани баъзе низомҳо дар доираи муҳаққиқон имрӯз мавзуи баҳсу андешарониҳои густурда қарор гирифтаанд. Вале барои тадқиқи ояндаи имконпазир захираи васеи маълумоту баррасиҳо, истифодаи усулҳои мӯътабар ва холисонаи илмӣ, воситаҳои мантиқию техникии маърифат бояд дар ин маврид истифода бурда шавад. Зеро онҳо ба таври муайян ба рафтори одамон таъсири худро хоҳу ноҳоҳ мегузоранд. Вобаста ба тасвири оянда дар заминаи пешгӯиҳо, онҳо фаъолияти одамонро ба пешвози он суръат мебахшанд ё баръакс онро ба муқобили амалишавии манзараи ояндаи имконпазир равона месозанд. Аз ин рӯ, ҳама гуна ояндабинӣ дар худ ҳам мундариҷаи маърифатӣ ва ҳам таъйиноти муайяни мафкуравиро дорад. Дар ин ҳамбастагии дуҷониба вобаста ба тақозои шароит яке аз ин амалкардҳо (функсия) метавонад афзалият пайдо кунад ва дигаре ноаён монад.
Лозим ба таъкид аст, ки вобаста ба мундариҷа ва таъйиноти ояндабиниҳо метавон чор шакли онро ҷудо намуд: ҷустуҷӯӣ, меъёрӣ, таҳлилӣ ва ҳушдоркунанда. Ояндабинии хусусияти ҷустуҷӯи дошта барои ошкор намудани рафти эҳтимолӣ ва зарурии ҳодисаҳо бо такя аз тамоюлҳои инкишофи кунунии онҳо мавриди истифода қарор мегирад. Чунин пешбинӣ тақозо менамояд, ки имконияти воқеии инкишофи система ошкор карда шуда, тамоюлоти ҳозираи ҳодиса дар назар дошта шавад. Ояндабиниҳои меъёрӣ, ки мақсади дар оянда ноил омадан ба ҳадафҳои муайянро доранд, иборат аз пешниҳодоти амалии гуногун барои татбиқи нақша ва барномаҳои ҷудогонаи инкишоф мебошанд. Ояндабинии таҳлилӣ барои он ба амалбароварда мешавад, ки вобаста ба мақсадҳои илмӣ арзиши маърифатии усулҳо ва воситаҳои гуногуни тадқиқи оянда муайян карда шавад. Ояндабиниҳои ҳушдордиҳанда барои таъсири бевосита расонидан ба шуур ва рафтори одамон бо мақсади бартараф кардани имконияти фарорасии эҳтимолии ояндаи номатлуб пешниҳод карда мешаванд. Фарқияти мундариҷаи усулҳои номбаршудаи ояндабиниҳо хусусияти нисбӣ доранд ва аслан дар ҳар яке аз ин усулҳо зимни татбиқи амалӣ ҷанбаҳои афзалиятноку асоснокшудаи шаклҳои дигари пешбининамоӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Дар замони равандҳои навзуҳури имрӯза вобаста ба мураккаб шудани ҷараёни гузариши ҳодисаҳои ҷамъиятӣ зарурияти кор карда баромадани усулҳои нави ояндабинӣ пайваста меафзояд. Яке аз усулҳои нави ояндабинӣ, ки солҳои охир ба тадриҷ рӯи кор омада истодааст ин сотсиосинергетика мебошад. Дар фарқият аз усулҳои классикии номбаршуда, ки ба таҳлили низомҳои босубот нигаронида шудаанд, сотсиосинергетика ба ояндабинии воқеаҳои марбут ба низомҳои ноустувор моил аст. Ин имконият медиҳад, ки дар мавриди эҷоди намунаи равандҳои таърихӣ хусусиятҳои муҳими низомҳои реалӣ, ба монанди номуайянӣ, ғайримустақимӣ ва гуногунвариантӣ ба инобат гирифта шаванд. Дар баробари ин бартариятҳояш усули сотсиосинергетикӣ аз норасоиҳо низ холӣ нест ва ин марбут ба душвории истифодаи амалии он вобастагӣ дорад. Махсусан душвории ба кор гирифтани ин усул дар низоми иҷтимоӣ, ки дар он дар баробари рафтори ратсионалӣ инчунин омилҳои ғаризавию анъанавии ба фаъолияти одамон таъсиррасон бартарият доранд, ба назар мерасад. Вале таҳияи ҳама гуна ояндабинӣ барои самаранок ба роҳ мондани идоракунии равандҳои ҷамъиятӣ аҳамияти калон дорад ва мо низ бояд дар рӯ ба рӯи равандҳои имрӯзаи ҷаҳони муосир ва эҳтимолияти асаргузории онҳо ба ҳаёти ҷамъиятии мамлакати азизамон дар ин самт баҳсу андешаронӣ ва моделҳои муносиб таҳия намоем.
 
 Усмонзода Х.У.
Профессор
узви фраксияи ХХДТ
дар Мн МО ҶТ

Илова кунед