Истиқлолияти ватанро гиромӣ медорем.

07 Сентябр 2021, Сешанбе

Истиклолият бузургтарин ва волотарину пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар давоми қарнҳо ба ҳисоб меравад, ки таърих аз ин тороҷҳову туфонҳо ва гирдбодҳое огаҳаст, ки ҳамаи он болои сари миллати тамадунофар, фарҳангӣ ва арҷманди тоҷик мудом парафшонӣ мекард.
Бо зуҳӯр намудани истиқлолият дар сарзамини куҳанбунёди тоҷикон миллати азиятдидаву ранҷбурдаи тоҷик нафасит озаеро дар дил эҳсос намуда, ба он руҳӯ нумӯи дигар бахшид. Ба худ омад, дар шарёнҳои хунаш боз талошҳои озодихоҳиву созандагӣ ва ободкориву озодагӣ ҷӯш зад. Худшиносу худогоҳ гашт. Ин неъмати бузург дар баробари қадам гузоштан ба хонаи тоҷикон нуру зиё овард, меҳру вафо, муҳаббату самимиятро дар дилҳои хаста аз талошҳои худшиносӣ ва озодихоҳӣ бедор кард, ватанро бо чашми дил ва ҳамватанро бо чашми ақл шинохт, баҳри ободиву озодии меҳани азиз камари ҳиммат ва мардонагиро баст, яъне осоиштагиву ободӣ ва абадият бо ҳам даст ба даст аз паи озодиву ободии кишвари азиз буданро дар қалбҳо ҷо кард, ватанро бедор ва мардумашро ҳушёру ҳушдор сохт, ки ин неъмати осмонист онро азизу гиромӣ бидор ва ҷовидона арҷ бигзору ба фарзандҳои гиромӣ бо сарфарозӣ ба мерос бигзор.
Охир Истиклолиятшинос номаи ҳастии давлати азизамон буда, он комилҳуқуқӣ,  соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат буда, он сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷ медиҳаду ба олам муаррифӣ менамояд.
Истиклолият ҳамчун олитарин ва пурфайзу пурбаракаттарин туҳфаест, ки он соли 1991 ба кишвари азизамон қадам ранҷа намуда, ба ин мардум ва сарзамини бо баракат нерӯи тозаи озодиву оромиро эҳдо кардааст.
Ҳанӯз соли 2008 дар      Паёми шодбошӣ ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти маҳбуби кишвар ёд аз ҷанги тарҳрезишудаи душманони миллати тоҷик ёдовар шуда гуфта буданд, ки «Тоҷикистони тозаистиқлоли мо бо гуноҳи хоинону душманони миллати тоҷик ва хоҷаҳоих ориҷии онҳо ба зарбаи ҷонкоҳи таърихи худ – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.
Бале, ҳарчанд душманони дохиливу хориҷии мо ин озодиву оромиву осудагиро барои миллати сарбаланду арҷманди тоҷик орзӯ намекард, аммо нигоҳи солим ва назари нек, бар сари мардуми озодаманишин туҳфаро ато намуд.
Охир ин озодӣ ба осонӣ ба даст наомада буд, зеро душманон ва бадхоҳони миллат мардуми озодаманиши сарзаминро муҳоҷир гардониданд, мавзеъҳоро вайрон карданду тифлаконро бесаробон зору ҳайрон монданд, хушбахтона ба орзӯҳои пуркинаву адоваташон ҷомаи амална пушониданд, чунки ин миллати бузургро марди бузургу дунёдида, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам, тоҷики асил Президенти маҳбуби кишвари мо, Эмомалӣ Раҳмон, ки ӯ ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б. Fафуров Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат қадам гузошт, ки имрӯзҳо дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртибот дорад. Аз замони Раиси Шӯрои ва баъдан Президент  интихоб гардидани фарзанди фарзона ва барӯманди халқ Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Аз ин ҷост,ки ҳамасола9-уми сентябри соли 1991-ум муҳимтарин сарнавишти таърихӣ ва фараҳбахши миллати тоҷик, аз бедории хеш оламро таккон дод. Дар байни давлатҳои памошуравӣ аввалин шуда  истиқлолият ва озодӣ сухан оғоз намуд ва ин даъватро тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон хуш қабул доштанд, ки 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии .Тоҷикистон расман эълон гардид. Ин аст, ки то имрӯз ин санаи бисёр муҳиму азиз ва муқаддас барои миллатои тоҷик дар дилу дидаҳо ҷовидони нақш баста онро ҳамасола ҳамчун рӯзи Озодӣ ва Истиқлолияти ватану миллат ботантана хурду бузурги сарзамин тантанавор ҷашн мегиранд.
Имрӯзҳо миллати точикро тамоми дунё чун миллати баруманду фарҳангсолор ва созандаву ободкор эътироф кардаанд. Фарзандони ин миллати дар тамоми кишварҳои олам, дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият кардаистодаанд. Кишварҳои олам, аниқтараш қариб 200 мамлакати олам робитаи дустию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистонм азизамон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги истиқлолияти давлатии мост.
Аз ин рӯ, Истиклолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст. ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому манзалати хешро дар ҷомеаи ҷахонӣ пайдо намуда, набзи сиёсати давлатдории тоҷиконро бо набзи саёра ҳамсадо намуда, оромона дар тапиш қарор дорад.
Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат соли 2019 дар паёми навбатиашон ба аҳли ҷомеаи шарифи Тоҷикистони азиз муроҷиат намудаанд, ки  “Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад.
Яъне мо бояд фарҳангӣ будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем.
Мардуми мо дар тӯли таърихи начандон тӯлонии даврони соҳибистиқлолӣ аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромаданд ва эътимод дорам, ки ба хотири таҳкими пояҳои давлати миллии худ минбаъд низ содиқона ва софдилона заҳмат мекашанд.
Бовар дорам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ мо боз корҳои зиёди бунёдгаронаро амалӣ мекунем, тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду бузург сафарбар менамоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозем ва сатҳи некӯаҳволии халқамонро боз ҳам беҳтар мегардонем».
Бояд қайд намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар баробари рушду нумӯ намудани тамоми ҷабҳаҳои пешбурди чомеа фарҳанг низ рушд намуда, таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 700-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, бузургдошти Пешвои мазҳаби ҳанафӣ - Имом Аъзам, Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургони миллат ҷашн гирифта шуд. Ҳамзамон, дар ин давра  ҷашни миллии мо тоҷикон - Наврӯз мақоми ҷаҳониро соҳиб шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Ҳамзамон, ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар, ки дар роҳи амалисозии он маъракаву маросимҳои серхароҷот монеа хои ҷиддӣ эҷод мекарданд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» уфуқҳои тозаро дурахшон кард, ки чунин санадҳо ва Барномаҳое дар ин замон аз чониби Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон эҷод ва ба мардуми шарифи тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, ки ҳамагӣ баҳри беҳдошти зиндагии орому осоиштаи мардум дар ҳама ҷабҳаҳо равона гардидаанд.
Бояд иброз намоям, ки заҳматҳои беназири Cарвари давлат барои миллат ва Ватани азизамон  ба хотири поянда ва безавол нигоҳ доштани  сулҳу оромии кишвари азизамон таъмини шароити арзандаи иҷтимоӣ ба ҳар сокини ватани азизамон ҷидду ҷаҳд ва заҳмату талошҳои арзанда намуда хизмати бузургу беназиреро баҳри ободиву озодӣ, оромиву сарҷамъии кишвари азизамон Тоҷикистон тарҳрези намуда ба аҳли ҳамватанони гиромӣ ватани тинҷу оромро сохтааст, ки мо вазифадорем аз ин заҳматҳои беназир шукргузорӣ намуда, ҳама сарҷамъ чун ситораҳо дар гирди моҳ бошем ва дунёи пур аз талотуму бераҳмиҳоро рушанибахш бошему орму озода нигоҳ бидорем.
Саҳифаҳои таърихамон шоҳид аст, ки дар замони парокандагиҳову бесарусомониҳо, ноумедиҳову саргардониҳо, беватаниву раҳгумзаниҳо ҳамчун як офтоби дурахшон ва наҷотбахш аз нерӯи дошта ба сари мардуми Тоҷик дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонҳамчун ҳадяи таърих ва пайкинаҷот бар миллати баруманду арҷманди тоҷик чун олитарин туҳфаи сарнавишту тақдир фарзанди маҳбубу фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ато гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бод дилу нияти нек, ояндасоз ва ободкор, зимоми давлат ва давлатдориро дар замони бениҳоят ҳассос ва даҳшатбори миллат ба даст гирифт, ки хавфи парокандашавиидавлат ва аз байн рафтани миллат бараъло дида мешуд. Пешвои муаззами миллат дар робита ба ин масъала чунин таъкид намуда буданд: «Дар натиҷа мо дар зарфи қариб се даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ дар қалби ҳар як ҳамватани азиз муҳаббат ба ватани, модар, сарзамин, таъриху фарҳанг, ифтихор аз гузаштаву имрӯзаи кишвар доштанро бедор карда тавонист. Ин буд, ки мардуми шарифу арҷманди тоҷику тоҷикистонӣ модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони созандаву боғайрат, нуктасанҷу бедору хирадманд дар зери парчами ягонаи миллӣ ва сиёсати оқилонаи Ҳукумати Тоҷикистони азиз сарҷамъ омадабарои ободиву оромии ватани азиз ваҳдат офаридаву ба ҳам омадаву сулҳу суботро дар ин сарзамини аҷдодӣ месароянд.
 
Ҳадяи Яздон, биҳишти мо ватан, ватан,
Шоҳкитоби сарнавишти мо, ватан, ватан.
Чист Истиқлол? иззат доштан,
Бар диёри худ муҳаббат доштан.
 
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон
Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар

Илова кунед