Дар қасри Таврическӣ ба муносибати 30 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид

10 Сентябр 2021, Ҷумъа

9 сентябр дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ табрикоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзодаро ба меҳмонон  муовини Дабири кулли Шӯрои АБ  ИДМ - намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АБ ИДМ Бахтовар Сафарзода  қироат кард. Дар табрикоти ҷашни чунин омадааст : "Бигузор Истиқлолияти давлатӣ роҳи беҳбудӣ ва рушди Тоҷикистонро мунаввар созад ва робитаҳои дӯстонаи кишвари азизамон бо кишварҳои узви АБ ИДМ рӯз аз рӯз мустаҳкам шаванд".
Дмитрий Кобитский, дабири кулли Шӯрои АБ  ИДМ зимни суханронии табрикии худ  ба фаъолияти намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дод ва нишони фахрии АБ   ИДМ  "Барои хизматҳои шоён дар рушди тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва сайёҳӣ" -ро ба намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АБ  ИДМ Бахтовар Сафарзода тақдим намуд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Назарӣ дар сухани ифтитоҳии худ аз роҳи ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр сухан ронда, аҳамияти дастовардҳои онро, ки дар ниҳоят ба “истиқлолияти иқтисодӣ ва сиёсӣ ва рушди бемайлони тамоми соҳаҳои давлат ва ҷомеа » равона гардидааст иброз намуд.
Губернатори Санкт -Петербург Александр Беглов ва Губернатори вилояти Ленинград Александр Дрозденко низ ба намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сатҳи ҳамкориҳои минтақавиашон изҳори минатдорӣ намуданд.
Ба муносибати санаи муҳим, дар толори қасри Таврическӣ экспозицияи расмҳои рассомони тоҷик, инчунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ баргузор гардид.
Дар фарҷоми ҷашн консерти устодони санъати Тоҷикистон баргузор гардид.

Илова кунед