Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон оид ба алоқаи байналмилалии автомобилӣ ба тасвиб расид

01 Октябр 2021, Ҷумъа

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баъди садо додани суруди миллӣ, интихоби котиботи иҷлосия, комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон, тартиби инъикоси кори иҷлосия, дар оғози иҷлосия Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон оид ба алоқаи байналмилалии автомобилӣро ба тасвиб расониданд.

Зимни баррасии Созишномаи мазкур таъкид карда шуд, ки тасдиқ ва мавриди амал қарор гирифтани Созишномаи мазкур ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирону борбайни Тоҷикистону Гурҷистон, таҳкими ҳамкории дуҷониба, рушди сайёҳӣ ва зиёд гардидани гардиши молу маҳсулот миёни ҳарду кишвар, инчунин ба гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар қаламрави кишварҳо, таъмини роҳҳои алтернативӣ ба Ҷумҳурии Туркия ва бо истифода аз бандарҳои обии Батуми ва Потии Гурҷистон тавассути Баҳри Сиёҳ баромадан ба кишварҳои дигари қитъаи Аврупо мусоидат менамояд.
Созишномаи мазкур ба муқаррароти моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Дар иҷлосия ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба ҚонуниҶумурии Тоҷикистон«Дар бораи рўзҳои ид» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.




Илова кунед