Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» ба тасвиб расид

22 Апрел 2020, Чоршанбе

Имрӯз ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои зерин -Оид ба додани ризоият ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи ҷалб намудани қарзи давлатӣ ҷиҳати барориши қоғазҳои қиматноки давлатӣ дар шакли векселҳо, Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот», Созишномаи лоиҳавӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Помир Энерҷӣ» ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт.

Зимни баррасии масъалаи аввали рӯзнома – Оид ба додани ризоият ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи ҷалб намудани қарзи давлатӣ ҷиҳати барориши қоғазҳои қиматноки давлатӣ дар шакли векселҳо дар назди вакилони мардумӣ  Қаҳҳорзода Файзиддин- вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Холиқзода Ҳоким - Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба молия ва иқтисод баромад намуда, иброз намуданд,  ки дар доираи салоҳияти  Маҷлиси намояндагон тибқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

Маблағҳои ҷалбшуда тавассути хароҷоти Буҷети давлатӣ ба гардиши иқтисодиёт равона карда мешавад.

Пешниҳоди мазкур бо мақсади таҳким бахшидан ба рушди бозори дохилии коғазҳои қиматноки давлатӣ, инчунин иҷрои уҳдадориҳои молиявии давлатӣ мусоидат менамояд.

Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» ва Созишномаи лоиҳавӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Помир Энерҷӣ» ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот»-ро ба вакилони Маҷлиси намояндагон вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хаӣрулло муарифи намуда, таъкид намуданд, ки лоиҳаи барқтаъминкунии деҳот лоиҳаи нав ба ҳисоб рафта, он аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (Бонки Умумиҷаҳонӣ) дар ҳаҷми 31 700 000 доллари ИМА маблағгузорӣ хоҳад гардид.  Дар доираи лоиҳа барқтаъминкунии 74 деҳа дар ҳудуди ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Фархор ва Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ва   61 деҳа дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Рошқалъа, Ишкошим, Шуғнон ва Мурғоб-и Вилояти Мухтори Куҳистони  Бадахшон пешбинӣ гардидааст.

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» вакили Маҷлиси намояндагон Баҳодур Акрамзода иброз намуданд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади тақвият бахшидани сиёсати молияи давлатӣ дар ӽолати таъсири омилӽои манфии беруна ба иқтисодиёти Ҷумӽурии Тоҷикистон ва танзими фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ, бозии лото ва фаъолияти гаравхона (ломбард) таҳия гардидааст.  

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ»-ро муовини аввали вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманнон Холиқзода ва вакилони мардумӣ Равшан Раҷабзода, Бахтовар Сафаров, Толиб Азимзода баррасӣ намуда, таъкид намуданд, ки маврид ба зикр аст, ки лоиҳаи Қонуни мазкур дар алоқамандӣ ва якҷо бо лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардидаанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки таъмини ибтидоии хароҷоти лоиҳаро созмонҳои ёрирасон ба зимма гирифтаанд. Тибқи тавофуқи бадастомада, буҷети лоиҳа аз таносуби 90 фоиз саҳми ташкилот ва 10 фоиз саҳми буҷети давлатӣ оғоз гардида, давра ба давра бо зиёд намудани ҳиссаи давлат то ба 100 фоиз то соли 2025 идома меёбад.

Бо ҳамин тартиб вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.






 

Илова кунед