Баъзе масъалаҳои қонунгузории фарматсевтӣ

07 Октябр 2021, Панҷшанбе

Пешгирӣ ва бартараф намудани нуқсонҳо дар қонунгузории фарматсевтӣ яке аз масъалаҳои ҳалталаб мебошад. Мусаллам аст, ки таркиби он мураккаб ва гуногунҷабҳа мебошад. Бинобар ин, дар ин соҳаи  қонунгузорӣ мухолифатҳо ҷой дошта метавонад. Чунин ҳолат метавонад боиси вайрон гардидан ё бесамар гардидани танзими фаъолияти фарматсевтӣ шавад. Барои дарки масъалаҳои гузошта шуда пайдарҳам муайян намудани  қонунгузории фарматсевтӣ, мухолифатҳо ва танзими ин фаъолият лозим аст.
Қонунгузории фарматсевтӣ ду маъно дорад: маънои маҳдуд ва васеъ. Дар маънои якум маҷмӯи қонунҳо мебошад. Масалан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – КГ ҶТ), Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо. Дар маънои дуюм, маҷмӯи қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии зерқонуниро ифода менамояд, ки меъёрҳои онҳо фаъолияти  фарматсевтиро танзим менамоянд. Маънои дуюми қонунгузории фарматсевтӣ аҳамияти функсионалӣ дорад, чунки қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии зерқонунӣ унсурҳои таркибии қонунгузории фарматсевтӣ мебошанд.
Ҳамчун қоида соҳаҳои қонунгузорӣ дар алоқаманди бо соҳаҳои ҳуқуқ ба вуҷуд меоянд. Масалан, дар Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд мухтасар – ҶТ) фасли 020 – Муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ. Ҳуқуқи гражданӣ номида мешавад, ки маънои соҳаи мустақили қонунгузорӣ доштани ҳуқуқи гражданиро дорад. Чунин муносибат ба ҳуқуқи фарматсевтӣ ҷой надорад. Танҳо дар дохили фасли 190 – Тандурустӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин сайёҳӣ зерфасли – 010, боби 050 ба масъалаҳои таъмини аҳолӣ бо доруворӣ, дору ва маснуоти таъиноти тиббӣ бахшида шудааст. Чунин ҳолат маънои онро дорад, ки ҳуқуқи фарматсевтӣ зерсоҳаи ҳуқуқи тандурустӣ мебошад. Аз ин лиҳоз бо ақида дар хусуси ҳуқуқи тандурустӣ, ҷой доштани соҳаи қонунгузории он, вале набудани ин  соҳаи ҳуқуқ розӣ шудан мушкил   аст[1].   Ҳуқуқи тандурустӣ соҳаи комплексии ҳуқуқ буда, соҳаи комплексии қонунгузорӣ дорад, ки дар Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии ҶТ эътироф шудааст. Ин таснифот бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31 – уми  октябри соли 2009, таҳти № 619 тасдиқ шудааст. Аз фаслҳои 010 – Асосҳои сохтори конститутсионӣ, 020 - Муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ. Ҳуқуқи гражданӣ, 030 – Фаъолияти хоҷагидорӣ. Ҳуқуқи тиҷоратӣ ва ғайра иборат аст. Дар фаслҳои зикршуда оид ба ҳуқуқи фарматсевтӣ чизе гуфта нашудааст.
        Мутобиқи банди 2 Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ»аз 1 – уми  августи соли 2006, таҳти № 359 кори пешбурди ин таснифот ба уҳдаи Вазорати адлияи ҶТ гузошта шудааст.
Дар ду санади зерқонунии дар боло зикршуда маънои таснифи ягонаи умумиҳуқуқӣ кушода нашудааст. Танҳо дар моддаи 15 Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 – юми майи соли 2017, таҳти № 1414, чунин баён шудааст: «Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон – номгӯи соҳаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешбурди Маҳзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад». Аз ин мафҳум бармеояд, ки соҳаҳои қонунгузории ҷумҳурӣ таснифот шудаанд ва дар он на ҳуқуқи фарматсевтӣ, балки ҳуқуқи тандурустӣ дорои соҳаи комплексии ҳуқуқ пазируфта шудааст. Яъне дар робита бо ҳуқуқи тандурустӣ ва зерсоҳаи он – ҳуқуқи фарматсевтӣ қонунгузории ин соҳа низ ташаккул ва инкишоф меёбад. Табдил ёфтани зерсоҳаи мазкур ба соҳаи мустақили ҳуқуқ аз мушаххас гардидани предмети танзими он, ба вуҷуд омадани асосҳои роҳбарикунанда дар танзими фаъолияти фарматсевтӣ, вобаста ба ин фаъолият ҷой доштани усулҳои махсуси танзими ҳуқуқӣ, инкишофи қонунгузории фарматсевтӣ, инчунин донишафзунии илми ҳуқуқи фарматсевтӣ вобастагӣ дорад. Ақидаи мазкур аз фаҳмиши қонун ва санадҳои зерқонунии дар боло зикршуда ва шароити имрӯзаи низоми ҳуқуқии Тоҷикистон бармеояд. Аз нигоҳи доктриналӣ баҳснок аст, зеро ақидаҳои мухолиф ба он ва мувофиқ ба шароити дигар давлатҳои вуҷуд доранд. Мувофиқи онҳо ҳуқуқи фарматсевтӣ соҳаи комплексии ҳуқуқ буда, ҷойгоҳ ё шакли зоҳирии ифодаи мустақил дар мисоли қонунгузории фарматсевтӣ дорад.
Вақте ки сухан дар бораи мухолифатҳо дар қонунгузории фарматсевтӣ  меравад, ба шароити таърихӣ ва ҷаҳонбинии мутахас-сисони соҳа диққат додан лозим аст. Дар низомҳои пешрафта ба истилоҳҳои одии танзими фаъолияти фарматсевтӣ назарбиниҳои гуногун вуҷуд дорад. Дар шароити Тоҷикистон оид ба калима, унсурҳои таркибӣ, робитаҳои амудӣ ва робитаҳои уфуқии ин қонунгузорӣ аҳамият намедиҳанд. Чунин муносибат сабабҳои объективӣ ва субъективӣ дорад ва бо мурури замон бартараф мешавад. Барои тақвияти андеша, як мисоли баҳснок меорам. Ба андешаи В. В. Внукова мафҳуми аптека ҳамчун муассиса, ки дар Қонуни Федератсияи Россия «Дар бораи маводҳои доруворӣ» оварда шудааст, хилофи Кодекси граждании ин кишвар мебошад. Муаллиф пешниҳод мекунад, ки аптека ҳамчун ташкилот эътироф карда шавад. Ташкилот будани аптека ба назари ӯ фарогири намудҳои мухталифи шахсони ҳуқуқӣ мебошад ва ба савдои чаканаи маводи доруворӣ машғул мебошад. Ташкилот будани аптека маънои соҳибкор будани ин субъекти фаъолияти фарматсевтиро дорад. Аптека шартномаи хариду фурӯши маводи доруворӣ мебандад, иҷрои корҳо оид ба тайёр намудани чунин маводро анҷом медиҳад ва ба хизматрасонии ройгони фарматсевтӣ дар шакли бегона намудани маводи доруворӣ машғулмешавад[2].  Чунин ақида пурра объективона нест, зеро ба кори аптека дар худи Россия мувофиқат намекунад. Ҳамчун нуқтаи илмӣ барои ҳимоя пешниҳод шудааст, вале баҳснок мебошад. Аз таҳлили маводҳои интернетӣ бармеояд, ки аптека калимаи русӣ набуда, ба муоширати мардум аз калимаи лотинӣ воридшуда, маънои нигоҳдорӣ, анборро дорад. Ҷиҳати этимологии ин калимаи лотинӣ маънои ҳуқуқии онро ифода намекунад. Аптека маънои маҷмӯи молу мулкӣ дошта метавонад, ки аз ҳудуди муайян, иморати бо системаи обтаъминкунӣ ва партов пайвастшудае мебошад, ки дар он маводи  доруворӣ тайёр карда мешавад, дар он басту банди доруворӣ анҷом меёбад, фурӯши он ва хизматрасониҳои фарматсевтӣ иҷро карда мешавад. Аз ин андешаҳо бармеояд, ки аптека як намуди корхонаи тандурустӣ ва фарматсевтӣ мебошад, ки номи худро дорад, объекти ҳуқуки гражданӣ мебошад. Дар гузашта аптекаро, инчунин ҳамчун муассисаи тандурустӣ низ мешинохтанд, ки ба аҳолӣ ёрии фарматсевтӣ мерасонид. Бо чунин муаррифӣ, аптека дар асри VIIIдар Бағдод нахустин маротиба таъсис дода шудааст. Дар Империяи Рус нахустин аптека соли 1581 кушода шуда, дар асри XVIIсанади асосии танзими он дар шакли Фармони кори тиббӣ ва аптека қабул шудааст. Соли 1701 Петри  як – Императори Рус нахустин Фармон дар бораи дар ш. Москва таъсис додани аптекаи хусусиро қабул мекунад. Нозукии фаҳмиши аптека дар он аст, ки комплекси  молу мулкӣ, объекти ҳуқуқи гражданӣ буда, вале ҳамчун муассисаи тандурустӣ таъсис меёбад ва фаъолияти худро анҷом медиҳад.
Ба назари В. В. Внукова аптека ташкилоти соҳибкор аст, қобили қабул нест. Гузаштаи кори аптекаҳо дар Империяи Рус ва дар замони шӯравӣ нишон медиҳад, ки шинохти он ба сифати муассисаи тиббию фарматсевтӣ ҷой дорад. Ба ин кор шахсоне машғул мешуданд, ки таҳсилоти олии касбии ин соҳаро дошта бошанд, аз аккредитатсияи Вазорати тандурустӣ гузашта, соҳиби шаҳодатномаи махсус бошанд. Барои амалӣ намудани ин фаъолият иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати тиббию фарматсевтӣ дошта бошад. Аптека на танҳо ҳамчун муассисаи тиббию фарматсевтӣ, балки бо ҳавою симои хосси кормандон (сару либоси сафед, ҷойи кори орому озода ва ғайра), муносибати самимии онҳо бо шаҳрвандон ва танзими давлатии он аз дигар иштирокдорони фаъолияти иқтисодӣ фарқ мекунад.
Дар  КГ  Россия ташкилотҳо танҳо соҳибкорӣ намебошанд. Мувофиқи қ. 2 м.50 КГ Россия ташкилот ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, агар барои ҳадафҳои асосии дарёфти фоида таъсис дода шавад, онгоҳ ташкилоти тиҷоратӣ мебошад. Агар чунин ҳадаф надошта бошад ва даромади ба вуҷуд омада дар байни иштирокдорони ин ташкилот тақсим карда нашавад, пас сухан дар бораи ташкилоти ғайтиҷоратӣ меравад. Бинобар ин, аптека дар фаъолияти фарматсевтӣ дар се  шаклҳои гуногуни ташкилӣ – ҳуқуқӣ функсияҳои худро иҷро карда метавонад:
– ҳамчун корхонаи тиббию фарматсевтӣ, объекти фаъолияти муассисаи давлатӣ ё соҳибкор;
– ҳамчун муассисаи   тиббию фарматсевтӣ, ки метавонад давлатӣ ё хусусӣ бошад;
– ҳамчун ташкилоти тиҷоратии тиббию фарматсевтӣ.
Ин таҳлилҳо барои такмили қонунгузории фарматсевтии ҷумҳурӣ зарур мебошад, зеро дар сархати 28 м. 3 Қонуни ҶТ «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ»  аз 6 – уми  августи соли 2001, таҳти  № 39, бо тағйироту иловаҳои охирон мувофиқи Қонуни ҶТ аз 29 – уми январи соли 2021, таҳти № 1764,  мафҳуми дорухона, ки ба мафҳуми аптека монандӣ дорад, дода шудааст. Мувофиқи он дорухона – ташкилоте, ки дар он нигоҳдорӣ, тайер кардан, бадастоварӣ, назорати сифат, савдои доруворӣ аз рӯи дорухат ё бидуни он ва савдои молҳои тиббӣ сурат мегирад ва маълумот оид ба доруҳо дода мешавад.
Мувофиқи м. 4 Қонуни зикршуда, танзими давлатии  фаъолияти фарматсевтӣ бо истифодаи воситаҳои зерини ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад:
- бақайдгирии давлатии маводи доруворӣ;
- иҷозат додан ба фаъолияти фарматсевтӣ;
- аттестатсия ва додани сертификат ба мутахассисони соҳаи фаъолияти фарматсевтӣ;
- назорати давлатии истеҳсол, тайёр кардан, сифат, судмандӣ ва бехатарии маводи доруворӣ.
Дар ҷамъбасти таҳлили мазкур, чунин хулоса намудан мумкин аст: қонунгузории фарматсевтӣ дар ҳолати ташаккулёбӣ қарор дорад. Инкишоф ва устувории он, пеш аз ҳама аз натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ, дарк ва татбиқи онҳо, тайёр намудани мутахассисони соҳаи ҳуқуқи фарматсевтӣ ва аз бар намудани таҷрибаи пешқадам вобастагӣ дорад.
Барои беҳтар намудани танзими давлатии ин соҳа  якчанд ислоҳоти маъмурӣ гузаронида шуд. Вале натиҷаҳои он манфиатҳои қонунии беморон ва дигар субъектони фаъолияти тиббию фарматсевтиро қонеъ карда наметавонад, чунки дар Тоҷикистон теъдоди маводи дорувории қалбақӣ зиёд мебошад.
 
Ғаюрзода Баҳрулло
Мутахассиси шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи
Маҷлиси намояндагон.
 
[1]Сотиволдиев Р. Ш. Назарияи давлат ва ҳуқуқ (китоби дарсї барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ). – Душанбе: «Империал - Групп», 2014. – С. 494.
[2] Внукова В. В. Договор розничной купли – продажи лекарственных средств: автореф. дисс. канд. юрид. наук: 12. 00. 03. – М., 2007. – С. 7.

Илова кунед