Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон мулоқот намуд

13 Октябр 2021, Чоршанбе

Имрӯз дар доираи сафари кориаш ба Ҷумҳурии Туркия Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ, маҷмӯи васеи масоили вобаста ба рушди муносиботи накуи ҳасана ва ҳамкории судбахш баррасӣ шуд.
“- Пеш аз ҳама бо як ҷаҳон қаноатмандӣ ва камоли сарфарозӣ барои таваҷҷуҳ ва истиқболи самимӣ ба Шумо Ҷаноби Олӣ изҳори сипос менамоям.
Ҳамзамон бо истифода аз ин фурсат салому паёми бародари Шумо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳамеша хоҳони таҳкиму тавсеаи робитаҳои дўстӣ ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямон бар асоси усули ҳусни тафоҳум ҳастанд, ба Шумо Ҷаноби Олӣ мерасонам”-гуфт дар огози мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода.
Ман,-гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон,-  дар рӯзи аввали сафари худ ба Туркия қудрати равобити Тоҷикистону Туркия ва дӯстии амиқи байни ду халқро эҳсос кардам. Ин албатта аз он шаҳодат медиҳад, ки равобити Тоҷикистону Туркия бар асоси сиёсати дӯстона ва ҳусни ният, муштаракоти фарҳангӣ ва таърихӣ, ки омилҳои созанда ва муассири таҳким ва густариши пайвандҳои ду кишвар мебошанд, асос ёфтааст.
Соли оянда мо 30-умин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркияро, ки ҳоло дар марҳилаи муҳими таърихӣ қарор доранд, ҷашн мегирем. (29 январи соли 1992)
Тоҷикистон Туркияро хамчун шарики боэътимоди худ медонад ва омода аст бо Туркия дар хусуси таҷлили 30-умин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ, ки ҳамчун як фурсати муносиб барои тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф аст, саъй кунад.
Тоҷикистон омодагии хешро барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, тандурустӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва рушду беҳсозии зерсохторҳои нақлиётию энергетикии дорои аҳамияти минтақавӣ изҳор медорад.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз намуд, ки ҳоло заминаи ҳуқуқии муносибатҳои моро тақрибан 70 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳад, ки бар нафъи мардумонамон хидмат доранд. Дар баррасии ҷонибҳо ҳоло пешнависи 24 санади дигар қарор дорад.
Тоҷикистон аз рушди соҳахои иқтисодиву иҷтимоии кишвари дўсти Ҷумҳурии Туркия, ки таҳти роҳбарии Шумо Ҷаноби Олӣ ба даст омадааст, истиқбол менамояд.
Дар шаш моҳи аввали соли 2021 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия 186,6 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нимсолаи соли гузашта 27,6 млн. доллари ИМА зиёд гардидааст. (соли 2020 - 322,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд)
Агар солҳои 2007-2008-ро мисол оварем, гардиши савдои ҳарсола баробар буд ба зиёда аз 200 млн. доллари ИМА, ки нисбат ба нишондоди имсола агар бо ин суръат идома ёбад қариб ба ду маротиба зиёд аст.
Албатта, ин нишондодҳо қаноанткунанда нестанд, зеро имконият ва талошҳои минбаъдаи муштарак ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти афзоиши гардиши мол зиёданд ва мебояд роҳҳои наверо бар нафъи мардумони ду кишвар пайдо намоем.
Сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ дар авлавияти ҳамкории Тоҷикистону Туркия қарор дорад. Имрӯз бо сармоягузории муштарак ва ё танҳо туркӣ дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 90 корхона дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт фаъолият мекунанд.
Фаъолгардии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, ки ба рушди ҳамкориҳои байни кишварҳо саҳмгузоранд, ба манфиати кор аст.
Баргузории ҷаласаи 11-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ рӯзҳои 11-13октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Ҳамчунин, зимни чорабинии мазкур 13 октябри соли 2021 баргузор намудани Форуми саноатӣ-иқтисодии Тоҷикистону Туркия дар назар дошта шуда буд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи мазкур ба имзорасонии як созишнома ва ду ёддошти тафоҳум дар назар буд аз ҷумла:
  1. “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ”.
  2. Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони рушди соҳибкорони хурду миёнаи Ҷумҳурии Туркия (КОСГЕБ).
  3. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия оид барушди ҳамкорӣ дар соҳаи саноати нассоҷӣ, либос ва мӯд.
Воқеан мо тамоми имконотро дорем, ки ҳамкории ду кишварро ба сатҳи сифатан нав бардорем. Ҷалби сармоягузоронӣ Туркия ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва аз худ кардани захираҳои зеризаминӣ ва канданиҳои фоиданок метавонад ба баланд бардоштани тамоюли рушди иқтисодӣ оварда расонад.              
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои ҳаммарз ва минтақа сиёсати дӯстӣ, некӯҳамсоягӣ ва мудохила накардан ба корҳои дохилии якдигар буда, ҳадафи эҷоди навори эътимоду амниятро дар тӯли марзи кишвар пайгирӣ мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки низоми нави ташаккулёбандаи ҷаҳонӣ аз ҷангу низоъҳо, хушунату зӯроварӣ ва таассубу бадбинии милливу диниву тамаддунӣ комилан озод бошад ва баҳамкориву шарокати баробар ва мутақобилан судманди ҳамаи кишварҳои ҷаҳон асос ёбад, ҳамагуна таҳдидҳо бар сулҳу субот ва амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда ва дар асоси аҳкоми ҳуқуқи байналмилалӣ, пеш аз ҳама Оинномаи СММ ҳамчун созмони асосии танзимкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ бартараф карда шаванд.
Аз ин рў, бояд гуфт, ки ба сари қудрат омадани ҳаракати Толибон дар Кобул раванди геосиёсии минтақаро дар марҳилаи кунунӣ боз ҳам печида кардааст.
Мо хоҳони истиқрори ҳарчи зудтари  сулҳу суботи комил дар он кишвар, ки омили муҳими таъмини амният дар минтақа мебошад, ҳастем. 
Тоҷикистон таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва фарогири манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қавму миллатҳои сокини Афғонистонро, ки   омили калидии истиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон аст дастгири мекунад.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои пурмаҳсулу судманд бо кишвари бародари Ҷумҳурии Туркия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути гурўҳҳои дўстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу кишварамон муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки “-Мо аз рушди робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, нақши парлумонҳоро дар пешбурди муносибатҳои бисёрҷониба ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор баланд арзёбӣ менамоем. Итминони комил дорам, Гурўҳи дўстии байни парлумонӣ ҳамкориҳои мутақобилан судманди худро ба сатҳи сифатан нав мебардоранд”.
Дар доираи ин сафар, ба мо муяссар гардид, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои байнипарламентиамон низ ҳусни тозае бахшем.   
Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам бори дигар рағбати содиқонаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои фаъолияти муштарак ҷиҳати таҳкиму тақвияти равобити ду кишвар иброз намоям.
Мо ҷонибдори рушди робитаҳои кишварҳоямон ҳастем ва омодаем, ки ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо талошҳои дучанд варзем.
Дар хотима, барои суҳбати пурмуҳтаво ба Шумо, изҳори сипос намуда, ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳои навину беназир ва ба мардуми дўсту бародари Туркия пойдории сулҳу субот, некўаҳволӣ ва шукуфоии рўзафзун орзумандам,-гуфт дар интиҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

Илова кунед