Раисони парлумонҳои Тоҷикистону Туркия ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд

13 Октябр 2021, Чоршанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, ки дар Ҷумҳурии Туркия бо сафари кори қарор дорад бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп мулоқот ва масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлмуониро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.
Дар ҷараёни ин мулоқот, Маҳмадиоир Зокирзода иброз намуд, ки «-Мехоҳам пеш аз ҳама ба Шумо ва мардуми Туркия изҳори сипоси худ ва ҳайати парлумони Тоҷикистонро барои даъват ва меҳмоннавозии гарму самимӣ баён намоям.
Мо даъвати Шуморо ҷиҳати анҷом додани сафар ба Ҷумҳурии дусту бародари Туркия бо қаноатмандии зиёд пазируфтем. Итминони комил дорам, ки сафари мазкур ба равобити Тоҷикистон ва Туркия ва ба рушди ҳамкориҳои байнипарламентии мо такони нав бахшида фазои нав боз хоҳад кард”.

Соли оянда,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода, - мо 30-умин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркияро, ки ҳоло дар марҳилаи муҳими таърихӣ қарор доранд, ҷашн мегирем.
Тоҷикистон Туркияро хамчун шарики боэътимоди худ медонад ва омода аст бо Туркия дар хусуси таҷлили 30-умин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ, ки ҳамчун як фурсати муносиб барои тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф аст, саъй кунад.
Тоҷикистон омодагии хешро барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва рушду беҳсозии зерсохторҳои нақлиётию энергетикии дорои аҳамияти минтақавӣ изҳор медорад.
Тоҷикистон аз рушди соҳахои иқтисодиву иҷтимоии кишвари дӯсти Ҷумҳурии Туркия, ки таҳти роҳбарии Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон ва роҳбарияти олии ин кишвар ба даст омадааст, истиқбол менамояд.
Ҳоло заминаи ҳуқуқии муносибатҳои мо тақрибан 70 санадеро дар бар мегирад, ки амалан ҳама соҳаҳои ҳамкориро фаро гирифтааст, ки бар нафъи мардумонамон хидмат доранд.
Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин изҳор намуд, ки дар баррасии ҷонибҳо ҳоло пешнависи 30 санади дигар қарор дошта, тавре шоҳид ҳастем дар ин рӯзҳо дар пойтахти кишвари мо, шаҳри Душанбе баргузории ҷаласаи 11-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардида истодааст, ки дар рафти он -1 созишнома баррасӣ гардида баимзорасонии2 ёддошти тафоҳум дар назар аст.
Аз ин рӯ, фаъолгардии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ ба рушди ҳамкориҳои байни кишварҳо саҳмгузораст ва ба манфиати кор аст.    
Боиси тазаккур аст, ки зимни баррасии масъалаҳои вобаста ба тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳо дар рафти машваратҳои сиёсии байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркия ҷонибҳо омодагӣ изҳор намуданд, ки ба ҳамоҳангиҳои хеш барои такмили он ва имзои минбаъдаи санадҳо дар доираи сафари сатҳи олӣ идома хоҳанд дод.
Воқеан мо тамоми имконотро дорем, ки ҳамкории ду кишварро ба сатҳи сифатан нав барорем. Ҷалби сармоягузоронӣ  Туркия ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва аз худ кардани захираҳои зеризаминӣ ва канданиҳои фоиданок метавонад ба баланд бардоштани тамоюли рушди иқтисодӣ оварда расонад.
Тоҷикистон омодааст, ки ҳамкориҳояшро дар ҳама соҳаҳои барои ҳардуҷониб манфиатовар тақвият диҳад ва шарикии худро бо Туркия боз ҳам рушд диҳад.
Маҳмадтоир Зокирзода  ҳамчунин таъкид намуд, ки аз пайвастагии муколамаи сиёсии миёни ду давлат, хусусан муколамаи сатҳи олӣ ва ҳамчунин аз афзоиши мубодилоти молу маҳсулоти миёни Тоҷикистону Туркия, ки ҳаҷми умумии он дар шашмоҳаи соли ҷорӣ186,6 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нимсолаи соли гузашта 27,6 млн. доллари ИМА зиёд гардидааст.
Гузашта аз ин, ду кишвар то имрӯз дар самти татбиқи тарҳҳои муштараки саноатӣҳамкориҳои судманд ба роҳ мондаанд.

Акнун бо сармоягузории муштарак ва ё танҳо сармояи туркӣ дар қаламрави Тоҷикистон тақрибан 90 корхона дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти тайёр фаъолият мекунанд, ки намунаи назарраси ин ҳамкориҳо таъсиси корхонаҳои Кока-Кола Нушокиҳои Тоҷикистон, Акиа Авеста Автоматив Индастри мебошанд.
Иҷрои минбаъдаи тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ ба манфиати ду кишвари дусту бародар хоҳад буд.
Мо аз рушди робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, нақши парлумонҳоро дар пешбурди муносибатҳои бисёрҷониба ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор баланд арзёбӣ менамоем.
Мувофиқаи ҳарду ҷониб дар доираи вохӯрии мо дар ҳошияи ҷаласаи дуюми Ассамблеям Парламентии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар шаҳри Исломобод тасмим аз баимзорасонии заминаи ҳуқуқии ҳамкории байнипарламентиро изҳори назар карда будем.
Дар асоси Созишнома оид ба ҳамкории парлумонӣ миёни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия аз соли 1998 гурӯҳи дӯстии парлумонӣ таъсис ёфт.
Барои пайдо намудани заминаи ҳуқуқӣ барои рушди ҳамориҳои байнипарламентии мо, зарурат барои аз нав дида баромадани Созишномаи мазкур ба миён омад, зеро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи даъвати фаъолият мекард ва касбӣ набуд.
Бо ба фаъолият шурӯъ намудани парламенти касбии доимоамалкунанда бо ду палата Созишномаи баимзорасидаи соли 1998 низ мавқеи худро гум кард. 
Фараҳмандем, ки имрӯз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Бузурги миллии Туркия ба рушди муносибатҳои анъанавии дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия аҳамияти махсус дода,барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои созандаи байни мақомотҳои қонунгузорӣ ҳар ду кишвар ба мувофиқаи расида шуд ва “Протокол оид ба ҳамкории байнипарламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Бузурги миллии Туркия»-ро ба имзо мерасонем.
Итминони комил дорам, Гурӯҳи дӯстии байни парлумонҳо бо талошҳои муштарак ҳамкориҳои мутақобилан судманди худро ба сатҳи сифатан нав мебардоранд.
Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам Шуморо барои ташриф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фасли баҳори соли пешомад даъват намоям то ҳамкориҳои мо низ мисли муждаҳои баҳорӣрангу бори наверо ба бор оранд,- гуфт дар интиҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки   Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркия дар ростои таҳкиму рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ҳамкориҳои судманд амалӣ намуда, дар ин самт чораҳои заруриро татбиқ менамоянд. Барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба имкониятҳои зиёд мавҷуданд, ки истифодаи дурусти онҳо дар дурнамо метавонад ҳамкориҳои ду кишварро ба сатҳи нави шарикии иқтисодӣ боло барад. 
Маҳмадтоир Зокирзода дар анҷоми мулоқот аз Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дидан намуд.
Дар мулоқот Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, вакилони Маҷлиси намояндагон  Мавлудахон Мирзозода  ва Мирзоанвар Ахмедов ва Сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Наҷибулло Оқилзода иштирок намуданд.



Илова кунед