“Протокол оид ба ҳамкории байнипарламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Бузурги миллии Туркия” ба имзо расид

14 Октябр 2021, Панҷшанбе

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, ки дар Ҷумҳурии Туркия бо сафари кори қарор дорад бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп “Протокол оид ба ҳамкории байнипарламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Бузурги миллии Туркия”-ро ба имзо расониданд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Анқара ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар Протоколи мазкур омадааст, ки “Тарафҳо ҳамкориро мутобиқи талаботи қонунгузории давлатҳои худ ба роҳ монда, дар доираи салоҳияти худ ба таҳкими робитаҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар соҳаҳои гуногуни ба ҳар ду Тараф судманд мусоидат хоҳанд кард”.    
Тарафҳо ҳамчунин ба таҳкими робитаҳои доимии байни кумитаю комиссияҳо, гурӯҳҳои вакилон, дастгоҳҳои Тарафҳо мусоидат намуда,  бо мақсади таҷрибаандӯзӣ дар таҳия ва қабули санадҳои қонунгузорӣ ва таҷрибаи фаъолияти парламентӣ табодули ҳайатҳои парламентиро ба роҳ мемонанд.
Зимни ба имзо расонидани Протоколи мазкур таъкид карда шуд, ки имрӯз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Бузурги миллии Туркия ба рушди муносибатҳои анъанавии дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия аҳамияти махсус дода,барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои созандаи байни мақомотҳои қонунгузорӣ ҳар ду кишвар ба мувофиқаи расида шуд ва“Протокол оид ба ҳамкории байнипарламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Бузурги миллии Туркия»-ро ба имзо расониданд.

Илова кунед