Такмили донишҳои тахассусӣ

24 Апрел 2020, Ҷумъа

Имрӯз бо ташаббуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар – машварат дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» баргузор гардид.

Ин семинар – машварат бо иштироки масъулини ин мақоми олии қонунбарор ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон сурат гирифт. Аз рӯи масъалаи мазкур Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода баромад намуда, иброз намуд, ки фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба роҳ монда мешавад.

Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ барои муҳокимаи умум тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин дар сомонаҳои расмии субъектҳои ваколатдори ҳуқуқэҷодкунанда мумкин аст интишор карда шавад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор ҳуқуқ доранд бо мазмуни чунин лоиҳа шинос шаванд. Таклифу пешниҳодҳои воридшуда ҳангоми такмили лоиҳа бояд аз ҷониби субъекти ваколатдори ҳуқуқэҷодкунанда баррасӣ гарданд.

Абдураҳим Холиқзода ҳамчунин иброз намуд, ки санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ низоми ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор мегиранд ва бевосита амал мекунанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Дар баробари масъалаи мазкур ҳамзамон масъалаи  пешгирӣ намудан аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ ва махсусан вируси «COVID-19», ки ҷаҳон ба ташвиш овардааст мавриди муҳокимаи кормандон қарор гирифт.

Таъкид карда шуд, ки ҳарчанд, ки сироятёбии вируси «COVID-19» дар кишвари мо ба қайд гирифта нашудааст, вале риоя намудани ҳамешагии гигиенаи шахсӣ, эҳтиёт намудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бе зарурати муайян нарафтан ба бозору маконҳои дигари серодам аз шартҳои асосии соломӣ ва мубтало нашудан ба бемориҳо мебошад.

Дар ин ҷамъомад ҳамчунин роҳҳои сироят ёфтан, василаҳои гузарандагии вирусҳо ва роҳҳои бехатарӣ аз вирусҳоро ёдрас шуданд.

Дар интиҳо махсух таъкид карда шуд, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат тамоми идораҳои дахлдори кишвар барои пешгирӣ аз сироятёбии шаҳрвандон ба ин вабои аср сафарбар шуда, тамоми шароити зарурии тиббӣ фароҳам гардидааст. Пас имрӯз вазифаи аслии мо низ ҳаст, ки дар ростои ин талошҳо бетараф набошем ва тавсияҳои мутахассисонро риоя намоем.

Дар фарҷом Абдураҳим Холиқзода ба саволҳои сершумори масъулини Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон посух гуфт.

Илова кунед