Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад

27 Апрел 2020, Душанбе

27.04.2020. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
      Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҳоким Холиқзода  зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» иброз намуд, ки  дар лоиҳаи Қонун имтиёзи андозӣ ва гумрукӣ барои воридоти тухмии хушсифати кирмак пешбинӣ карда шудааст, ки ба рушди соҳаи пиллапарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, аз ҷумла атлас, адрас ва дигар навъҳои матоъ мусоидат менамояд.
Дар лоиҳа инчунин озод намудан аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ барои воридоти тухмии зироати кишоварзӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда пешбинӣ карда шудааст.
Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» таъкид карда шуд, ки лоиҳа дар иртибот ба иҷрои банди 14 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё ба муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  4 октябри соли 2019 баён доштаанд, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Мақсади асосии лоиҳаи Қонуни мазкур дар амал ҷорӣ  намудани номгузории фарзандон дар доираи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ мебошад, ки минбаъд пас аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур дар насаб истифода намудани пасвандҳои – ов, - ова, - ев , - ева ва дар номи падар истифодаи пасвандҳои - овна, - евна, - ович, - евич пурра манъ карда мешавад.
Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино»-ро муовини Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Бахтовар Сафарзода бо мақсади такмили қонунгузорӣ муаррифӣ намуд.
Бо чунин тарз доир ба масъалаҳои дигари муҳокимагардида қарорҳои дахлдори Шӯрои Маҷлиси намояндагон қабул карда шуд.

Илова кунед