Ҳамбастагӣ бо ташаббусҳои Пешвои миллат

02 Май 2020, Шанбе

Ҳайати кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷиҳати мубориза бар зидди пандемияи КОВИД-19 ҳамбастагӣ эълон намуда, баҳри саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бар зидди ин вабои аср як қисми маоши худро ҳамчун кӯмак ба фонди маблағгузории вируси сироятии мазкур мегузаронанд.
Иқдоми мазкур дар партави сиёсатҳои созандаву инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Мизроб Кабиров сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои мубориза бар зидди пандемияи КОВИД-19 як маоши моҳонаи худро ва дигар кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон қисме аз маоши худро ба ин суратҳисоб ҳамчун кумак мегузаронанд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузарониданд ва бо амри худ вазорати молияро муваззаф намудаанд, ки барои таъмини иловапулӣ ба кормандони соҳаи тиб аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 416 250 (дувоздаҳ миллиону чорсаду шонздаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо намояд.

Илова кунед