Соҳаи парандапарварӣ рушд меёбад

22 Ноябр 2021, Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии масъалаи мазкур Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иброз намуд, ки дар доираи амалисозии барномаҳои давлатии рушди соҳаи парандапарварӣ ва додани имтиёзҳо миқдори корхонаҳои парандапарварӣ соли 2021 дар кишвар ба 194 адад расида, дар онҳо зиёда аз 10,5 млн сар паранда парвариш карда мешаванд. Дастгирии давлатии соҳа имконият дод, ки парандапарварӣ ба яке аз соҳаи асосӣ ва афзалиятнок дар таъмини амнияти озуқавории кишвар табдил ёфта, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии деҳот саҳми калон гузошта истодааст.
Бо дарназардошти дар раванди такмили Қонуни амалкунанда мушаххас кардани мафҳумҳо, бартараф кардани мухолифат дар таълифи меъёрҳо, принсипҳо, объект ва субъектҳои соҳаи парандапарварӣ, дастгирии давлатии соҳа, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи парандапарварӣ ва самтҳои фаъолияти он аз нисф зиёд ворид намудани тағйиру иловаҳо, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» дар таҳрири нав пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи Қонун аз 4 боб ва 17 модда иборат мебошад.
Мақсади лоиҳаи Қонун мутобиқгардонии фаъолияти соҳа, ба талаботи қонунгузории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз байн бардоштани монеаҳо дар танзими фаъолияти устувори соҳа мебошад.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ба талаботи моддаҳои 12 ва 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 31, 34, 38 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Илова кунед